17:40:16 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ПРОТОКОЛ ОИД БА МАСЪАЛАИ ГУРЕЗАҲО

Сулҳ ҳадяи Худо буд – қисмати 33

Султони Ҳамад

Ҳайъати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик (минбаъд Тарафҳо номида мешаванд) бо мақсади ислоҳи натиҷаҳои ҷанги гражданӣ, ки ҳосил кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар мамлакат, дар иттико ба Протокол дар бораи принсипҳои асосии барқарор кардани сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон аз 17-уми августи соли 1995, Изҳороти муштарак оид ба ҷамъбасти давраи чоруми гуфтушуниди байни тоҷикон дар Алмаато, ҳамчунон Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов ва Роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик С. А. Нурӣ ба ҳамватанони фирорӣ, ки 23 декабри соли 1996 дар Маскав имзо шудааст, ба натиҷаҳои зерин расиданд:

/images/stories/2012/07/06_1.sulh-ruzgor-060712.jpg1.Кӯшишҳои муштараки худро барои ихтиёран, бехатарона ва бошарафона ба ҷои зиндагии доимиашон бозгаштани ҳамаи гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ тақвият бахшида ва ин равандро дар зарфи 12-18 моҳи баъди имзои ин Протокол ба анҷом расонанд. Бо нияти амният ва шарафу номуси онҳоро таъмин кардан тарафҳо ҳамчунон аз Созмони Миллали Муттаҳид (СММ), Комиссари олии СММ оиди гурезаҳо (УВКБ) хоҳиш менамоянд, ки барои таъмини амнияти гуреза ва муҳоҷирони иҷбории бозгарданда кӯмак намоянд ва дар макони истиқоматии онҳо фаъолтар ҳузур гиранд.

2.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор мешавад, ки бо ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ дохил шудани (реинтегратсия) гурезаҳои бозгаштаро, ба шумули ба онҳо ёрии башардӯстона ва молӣ расондан, бо кор таъмин шудан, ҷои зист ёфтан, дар ҳамаи ҳуқуқҳое, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд (аз ҷумла ба онҳо бозгардондани манзил ва боигариашон, риояи собиқаи кориашон) таъмин намоянд, ҳамчунон гуреза ва муҳоҷирони иҷбории бозгаштаро тибқи қонунҳои ҷории Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ накашанд.

3.Тарафҳо қарор доданд, ки фаъолияти Комиссияи муштарак оид ба гурезаҳоро дар тӯли як моҳи аз рӯзи имзои ҳамин Протокол барқарор кунанд, дар ҳамкорӣ бо УВКБ Низомномаи Комиссияро тайёр намоянд.

/images/stories/2012/07/06_2.sulh-ruzgor-060712.jpg4.Тарафҳо қарор доданд ба Комиссияи муштарак оид ба кори гурезаҳо супориш диҳанд, ки тибқи ҳамин Протокол бо иштироки намояндагони Ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳамчунон Иттиҳоди мухолифини тоҷик аз лагерҳои гурезаҳо дар Давлати Исломии Афғонистон, ҷои зисти яклухти онҳо дар давлатҳои ИДМ, ҳамчунон аз он навоҳии Тоҷикистон, ки ба он ҷо гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ бозгаштанианд аз рӯи нақшаи махсус мунтазам дидан кунанд. Чунин зиёрати Комиссияи муштарак ба мавзеи истиқомати муташаккили муҳоҷирони иҷборӣ низ ташкил карда мешавад. Нақшаи зикршударо Комиссияи муштарак дар зарфи як моҳи баъди имзои ин Протокол мувофиқа менамояд.

5.Тарафҳо ҳукуматҳои давлатҳои ИДМ-ро даъват менамоянд, ки масъалаи ба гурезаҳои тоҷикистонӣ додани шаҳодатномаи муваққатиро арзёбӣ кунанд, ҳамчунон якҷоя бо УВКБ барои таъмини амният ва ҳимояи шарафу номуси онҳо чораҳои иловагӣ биандешанд.

6.Тарафҳо ба СММ, УВКБ, САҲЕ, мамлакатҳои донор ва хазинаи Оғохон барои кӯмакашон миннатдорӣ баён карда, ҳамзамон аз онҳо ва Хазинаи байналмилалии асъор, Банки ҷаҳонии тармим ва инкишоф Банки аврупоии тараққӣ, Бонкҳои исломӣ ва Хазинаи Оғохон боисрор хоҳиш мекунанд, ки барои дастгирии гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ва Комиссияи муштарак оид ба кори гурезаҳо, инчунин барои барқарор кардани хоҷагии халқи  ба асари ҷанг вайроншуда ва беҳбуди некӯаҳволии халқ чораҳои иловагӣ биандешанд.

Талбак Назаров, раҳбари ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Акбар Тӯраҷонзода, раҳбари ҳайтаи Иттиҳоди мухолифини тоҷик

Герд Меррем, Намояндаи махсуси Муншии Умумии СММ

13 январи соли 1997

ИЗҲОРОТИ МУШТРАКИ

ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар бораи натиҷаи гуфтушуниди рӯзҳои 5-19 январи соли 1997 дар Теҳрон

/images/stories/2012/07/06_3.sulh-ruzgor-060712.jpgҲайатҳои тарафҳо рӯзҳои 5-19 январи соли 1997 бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва роҳбари Иттиҳоди Мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар шаҳри Теҳрон таҳти сарпарастии СММ дар бобати масъалаҳое, ки дар Созишнома ва Протоколи рӯзи 23 декабри соли 1996 дар Москав имзокардаашон зикр шудаанд, музокира намуданд.

Роҳбари ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири корҳои хориҷӣ Талбак Назаров, ҳайати Иттиҳоди мухолифини тоҷик Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода буданд. Намояндаи махсуси Муншии умумии СММ Герд Дитрих Меррем дар гуфтушунид миёнаравӣ кард. Дар музокирот нозирон аз Давлати Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Федератсияи Россия, Туркманистон, Ӯзбекистон, САҲЕ ва Созмони конфронси исломӣ иштирок намуданд.

Тибқи мувофиқаи ҳосилшуда тарафҳо масъалаҳои марбут ба миқдор ва ҳайати Комиссияи оштии миллӣ, вазифа ва ваколатҳои мушаххаси онро амиқ баррасӣ карданд. Дар ин чорчӯб онҳо лоиҳаи Протоколи масъалаи сиёсиро, ки Созишнома ва Протоколи 23 декабри соли 1996 дар Москав имзошуда қисми таркибии он мебошанд, арзёбӣ намуданд.

/images/stories/2012/07/06_5.sulh-ruzgor-060712.jpgТарафҳо лоиҳаи Низомномаи Комиссияи оштии миллиро муҳокима карда, таркиб, миқдори ҳайати Комиссия-27 нафар, вазифа ва ваколатҳои мушаххаси онро муайян намуданд. Дар бораи идома додани баррасии масъалаҳои марбут ба квота дар Комиссия ва кафолати амнияти аъзои он мувофиқа ҳосил шуд. Дар вақти гуфтушунид барои муайян кардани хислати Протокол оид ба масъалаи сиёсӣ кори зиёде анҷом дода шуд.

Аз чор масъалаи усулии сиёсӣ дар сетоаш мувофиқа ҳосил шуд:

а) дар бораи протседураи қабули амали ҳамдигарбахшӣ ва қонун дар бораи афв;

б) дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар давраи гузариш ва квотаи намояндагии Иттиҳоди мхолифини тоҷик дар ҳайати он;

в) дар бораи ислоҳоти ҳукумат ва механизми ҳамроҳшавии намояндагони Иттиҳоди мхолифини тоҷик ба структураҳои ҳукуматӣ аз рӯи квота.

Тарафҳо тасмим гирифтанд, ки баррасии масъалаи фаъолияти азҳоб ва ҷунбишҳои сиёсии аъзои Иттиҳоди мухолифини тоҷикро идома диҳанд.

/images/stories/2012/07/06_4.sulh-ruzgor-060712.jpgБо нияти ислоҳи натиҷаҳои ҷанги гражданӣ, ҳосили сулҳ ва оштии миллӣ тарафҳо оид ба масъалаи гурезаҳо Протокол имзо карданд, ки он қисми таркибии Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ дар кишвар мебошад. Дар Протокол параметрҳои ҳуқуқию сиёсии бозгашти бехатарона, ихтиёрӣ ва бошарафонаи гурезаҳо ва муҳоҷирини иҷборӣ ба зодгоҳашон, пайвастани онҳо ба ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар, ҳамчунон эҳёи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, молӣ ва таъмини амният муайян шудааст.

Тарафҳо қарор доданд, ки тибқи даъвати Федкратсияи Россия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон давраи ояндаи гуфтушунид аз 26 феврали соли 1997 дар Москав ё Теҳрон оғоз мешавад.

Тарафҳо ба роҳбарияти Ҷумҳурии Исломии Эрон барои меҳмоннавозӣ ва кӯмак, ки дар ташкилу гузаронидани гуфтушунид дар Теҳрон карданд, эҳтироми самимӣ баён мекунанд. Барои ҳамкорӣ ва дастгирӣ дар гуфтушунид онҳо, инчунин ба намояндагони мамолики нозир ва созмонҳои байналмилалӣ ҳам миннатдории худро изҳор менамоянд.

Ҳайатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик ба намояндаи махсуси Муншии умумии СММ барои кӯшишаш дар ҳосили муваффақияти гуфтушунид самимона миннатдорӣ изҳор менамоянд.

Т. Назаров роҳбари ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

А. Тӯраҷонзода роҳбари ҳайати Иттиҳоди мухолифини тоҷик

Г. Меррем Намояндаи махсуси Муншии умумии СММ

19 январи соли 1997

Аз китоби «Роҳи сулҳ» (Ҳуҷҷатҳои гуфтушуниди байни тоҷикон), мурратиб профессор Иброҳим Усмонов, Душанбе-1997, саҳ: 79-83)

Сулҳ ҳадяи Худо буд – қисмати 32 ДУР АЗ ВАТАН БО ЁДИ ВАТАН



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi