ДУР АЗ ВАТАН БО ЁДИ ВАТАН
Сулҳ ҳадяи Худо буд 32
Шиносномаи хидматӣ дар як рӯз
Барои он ки сафари ману Маҳмадалӣ ба Эрон доир шавад, ба андешаи мо, ҳарду як мушкили ҷиддӣ дар пеши рӯ доштем, ки ҳал шуданашро кори душвори чандрӯза медонистем. Мушкили надоштани шиноснома. Шиносномаҳои шаҳрвандии мо дар замони бесарусомониҳову гурезогурезҳо гум шуда буданд.
Вале чун мо ин мушкили худро пеши ҳукуматдорон матраҳ кардем гуфтанд, ки ин ҷо ҳеҷ мушкил нест. Дар ҳақиқат, рӯзи дигар аксбардор оварда аксамонро гирифтанду халос. Боқӣ дар зарфи як рӯз шиносномаҳои хориҷии хидматиро тайёр карда доданд. Шиносномаҳои хориҷии хидматӣ ҳам он вақтҳо ба мисли шиносномаҳои оддии шаҳрвандӣ ҳанӯз дар бланкаҳои аз замони Шӯравӣ боқимонда таҳия мешуданд. Дар муқоваашон калимаи «СССР» навишта шуда буд.
Воқеан дар вақти гузаштан аз марз ҳам ҳангоме, ки марзбонони рус дар шиносномаҳо мӯҳр пахш мекарданд, дар мӯҳрашон калимаи «СССР» навишта шуда буд. Зоҳиран марзи Тоҷикистон ҳанӯз ҳам марзи СССР ба шумор мерафт. Марзи давлате, ки дар асл дигар вуҷуд надошт... Аз замони эълон шудани истиқлолияти давлатии Тоҷикистон беш аз панҷ сол гузашта буд…
Ва хатти ҳамин марзро дар фурӯдгоҳи Душанбе рӯзи ҷумъаи 17-ми январ ба мақсади анҷом додани як сафари хидматӣ ба Теҳрон таҳти назорати марзбонҳои Русия убур кардем. Касе, ки аз хонандагони азиз пайваста ин силсиламақолаҳоро пайгирӣ мекунад, акнун медонад ки ҳадафи сафари мо ба Теҳрон бо хоҳиши роҳбарони дар он ҷо будаи мухолифин ба онҳо пешниҳод намудани як таҳлили густурда аз вазъияти сиёсиву низомии дохили Тоҷикистон буд.
Онҳо мехостанд, ки чунин як таҳлилро пеш аз анҷоми даври шашуми музокироти сулҳи байни тоҷикон, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамон шабу рӯзҳо ҷараён дошт ва қабл аз як мулоқоти эҳтимолии ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ва устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки ҳарчӣ зудтар бояд баргузор мегардид, дошта бошанд.
«Гуфтушнидҳои сулҳ оё доми тазвир нестанд?»
Аввалин суолеро, ки худораҳматии устод Нурӣ дар сӯҳбати нахустин ба Маҳмадалӣ Ҳаит ва банда дод, ин суоле буд, ки «Гуфтушунидҳои сулҳ оё доми тазвири хукумат нестанд? Оё шумо гуфта метавонед, ки ҷониби ҳукумат самимона мехоҳад, ки сулҳ дар Тоҷикистон барқарор шаваду мо бошарафона ва сарбаландона ба Тоҷикистон баргардем?». Ӯ ҳамзамон таъкид намуд, ки аввал ба ин суол мушаххасан посух бигӯем ва баъдан дар тақвияти фикри худ далелҳоро биёварем.
Агарчи барои устод Нурӣ фарқ надошт, ки кадоме аз ду нафари мо аввал ба саволи гузошташуда посух мегӯяд, вале бародар Маҳмадалӣ лутфан хоҳиш кард, ки аввал банда андешаҳоямро бигӯям. Хулоса мо ҳарду фикру андешаҳои худро дар посухи саволи устод Нурӣ ба раҳбари ИНОТ гуфта додем. Миёни гуфтаҳои банда ва Маҳмадалӣ Ҳаит тақрибан ихтилофе вуҷуд надошт. Мо гуфтем, ки дар сатҳи олӣ, вазирони ниҳодҳои қудратӣ, Шӯрои амният қариб сад дар сад мехоҳанд, ки дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ барқарор шавад.
Хусусан ҷаҳду талошҳои раҳбари давлат барои қатъи ҷангу истиқрори сулҳу субот самимона ҳастанд. Вале дар ҳукумат, дар атрофи раиси ҷумҳур ҳастанд шахсони алоҳидае, ки мусолиҳаро намехоҳанд. Махсусан бархе аз фармондеҳони сохторҳои қудратӣ агарчи ошкоро нагӯянд ҳам, вале пинҳонӣ зидди ин раванд ҳастанд ва ҳаракатҳоеро дар ин росто анҷом медиҳанд. Чунин ба назар мерасад, ки онҳоро кадом як нирӯи сиёсие, ки бастани сулҳро дар ин марҳила ба манфиати худ намедонад, дар дохил ва ё аз хориҷ роҳбарӣ мекунад.
Дар чунин вазъият ҳузури гурӯҳи Ризвон дар минтақаи Оби Гарм, ки бино ба маълумотҳои ба мо расида рӯз то рӯз аз ҳисоби ҷавонони бекори шаҳр ва гирду атрофи минтақа тақвият ёфта истодааст, метавонад ба хатари ҷиддии раванди сулҳ табдил ёбад. Феълан ҳукумат инкор намекунад, ки ин гурӯҳро аз Афғонистон барои муқобила бо нирӯҳои мухолифин дар минтақаи Қаротегин оварда буд. Вале ба қавли ҳукуматдорон, феълан ин гурӯҳ, мутаассифона, аз зери назорати онҳо хориҷ шудааст.
Дар иртибот бо ин итоат накарданҳои гурӯҳи Ризвон дар ҷониби ҳукумат шубҳае пайдо шудааст, ки шояд ин гурӯҳ ҳанӯз ҳам дар таҳти фармони раҳбарони мухолифин бошад ва ба тарафи ҳукумат гузаштани онҳо як ҳиллаи низомист. Ҷониби мо низ чандон боварӣ надорад, ки гурӯҳеро, ки ҳукумат ин қадар кӯмак карда бошад ва аз бисёр ҷиҳатҳои дигар ҳам имрӯз ба ҳукумат вобаста ҳаст, аз контроли ӯ хориҷ шуда бошад.
Бинобар ин ба хотири аз байн бурдани ҳамин шубҳа миёни мо ва ҳукумат ва роҳ надодан ба табдил ёфтани гурӯҳи Ризвон ба як нирӯи низомии, аниқтараш бозичаи дасти, қувваи саввуми сиёсие, ки истиқрори сулҳро дар Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ ба манфиати хеш намедонад, ба фикри мо, аз ҳисоби размандагони мухолифин ва аскарони ҳукуматӣ бояд ҷузъу томи муштараке ташкил дод.
Вазифаи асосии ин ҷузъу том аз халли силоҳ кардани гурӯҳи Ризвон бояд иборат бошад. Бигузор онҳое, ки халли силоҳ мешаванд, бино ба хоҳиши худашон ё ба зиндагонии мулкӣ гузаранд, ё то ҳаллу фасл шудани масоили низомӣ, тараферо барои худ интихоб кунанд. Ё ҳукуматро ва ё ҷониби мухолифинро. Танҳо дар ҳамин сурат мо ва ҷониби ҳукумат ҳам мутмаин буда метавонад, ки ин гурӯҳ ба ҷониби дигари сулҳкунанда тааллуқ надорад ва дар оянда ба раванди сулҳу оштӣ дигар халале эҷод карда наметавонад.
Ҳамин тавр ба дигар саволҳои устод Нурӣ посух гуфтему фикру андешаҳои худро доир ба мавзӯи баҳс иброз доштем. Сӯҳбати нахустини мо бо устод Нурӣ тақрибан чор соат тӯл кашид. Дар поёни сӯҳбат устод Нурӣ хоҳиш кард, ки бо муовини ӯ Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода дар тамос шавем ва бо ӯ низ чунин як сӯҳбатеро анҷом бидиҳем.
«Манфиати минтақаи Кӯлобро ба назар нагирифтан хато буд»
Сӯҳбати мо бо муовини аввали раҳбари ИНОТ Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода низ хеле ҷолибу муфид гузашт. Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзада дар назди мо қариб ҳамаи он суолҳоеро матраҳ намуд, ки мо дар сӯҳбати устод Нурӣ онҳоро шунида будем ва ба онҳо посух гуфта будем. Вале як суоли устод Тӯраҷонзода пеш аз он ки ба он посух бигӯям моро ба чуқур андеша кардан водор намуд. Ин савол дар робита бо созмони «Паймони Эҳёи миллӣ»-и марбути Абдумалик Абдуллоҷонов, ки «Агар онро ҳамчун нирӯи сеюми сиёсӣ ба КОМ ҳамроҳ кунем, чи натиҷаҳое дар пай хоҳем дошт?» буд.
Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ҳукумат ба ин мутлақо розӣ шуданӣ нест. Вале ӯ фикр намекунад, ки ин тасмими ҳукумат кори дуруст бошад. Зеро дар соли 1992 мо, ҷониби мухолифин, якҷо бо Президент Раҳмон Набиев ҳангоме, ки Ҳукумати мусолиҳаи миллиро таъсис додем, манфиати мардуми минтақаи Кӯлобро чандон дуруст ба назар нагирифтем. Ҳамин буд, ки онҳо Ҳукумати мусолиҳаи миллиро расман нашинохтанд. Даргириҳо идома ёфт ва ин боиси нокомии фаъолияти Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ шуд ва оқибаташ ба ҳама маълум аст- гуфт Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода.
Рости гап, ба ёдам нест, ки бародар Маҳмадалӣ Ҳаит ба ин саволи Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода чӣ гуна посух гуфта буд. Вале банда фикрамро ба ҳамин мазмун гуфтам, ки манфиати мардуми шарифи минтақаи Ленинобод аз сӯи ҳарду ҷониби музокиракунанда дар ин гуфтушунидҳои сулҳ ба назар гирифта ҳимоя карда мешавад. Дар ҳарду ҷониби сулҳкунанда намояндагони баобрӯ ва саршиноси ин минтақаи Ватани азизамон ҳастанд ва онҳо аз мардуми соҳибкироми он намояндагӣ мекунанд.
Зоҳиран дар ҳукумати кунунӣ ҳам мардуми ин минтақа ширкати густурда доранд. Як сабаби асосии таҳким ёфтану миёни мардум обрӯ пайдо кардани ИНОТ дар ҳамин аст, ки созмони умумимиллист ва дар он манфиатҳои тамоми ақвом, қишри ҷомеъа ва маҳалу минтақаҳои Тоҷикистони азиз ба назар гирифта шудаанд. Барои ҳамин ҳам ҳамроҳ кардани ПЭМ ба раванди сулҳ ба ҳайси қувваи сеюм, ба фикри ман, шояд бо манфиати ваҳдати миллӣ чандон созгор набошад.
Нақши Эрон дар раванди сулҳи тоҷикон бузург аст
Рӯзи 19-уми январ дар Теҳрон даври шашуми музокироти сулҳи байни тоҷикон миёни ҳайатҳои ҳукумат ва мухолифин ба кори худ хотима медод. Гуфтушунид дар як маҷмӯаи биноҳои дорои шароити хуби кориву истироҳатии марбут ба вазорати корҳои хориҷаи Эрон дар яке аз минтақаҳои орому хушобу ҳавои Теҳрон мегузашт.
Раҳбари ҳайати мухолифин устод Тӯраҷонзода аз бародар Маҳмадалӣ Ҳаит ва банда даъват намуд, ки дар ҷаласаи ҷамъбастии он ба ҳайси мушоҳид ширкат намоем. Агарчӣ интизориҳои ҳарду ҷониби музокирот аз ин даври гуфтушунидҳо пурра бароварда нашуда бошанд ҳам, вале ба ҳар ҳол аз чеҳраҳои шахсиятҳои шинохта, ки дар ҳарду ҷониб хеле зиёд буданд, чунин ба назар мерасад, ки аз кори анҷомдодаи хеш дар ин давр низ қаноатманд ҳастанд.
Дар ҳамин ҷо мехоҳам дар бораи саҳми Ҷумҳурии Исломии Эрон дар омода сохтани шароити музокирот ва гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон чанд нуктаеро арз намоям. Роҳбарон ва ҳайатҳои музокиракунандаи ҷонибҳои даргири Тоҷикистон дар раванди гуфтушуниди сулҳ аз апрели соли 1994 то ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ дар Маскав дар 27-уми июни соли 1997 бист маротиба берун аз кишвар бо ҳам вохӯрданд.
Сездаҳ маротиба ҳайатҳои музокиракунанда ва ҳафт маротиба роҳбарони ҷиноҳои даргир. Мулоқоту гуфтушунидҳо дар ҳафт кишвари ҷаҳон: Русия, Эрон, Покистон, Афғонистон, Казоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон баргузор гардиданд. Аз ҳамин бист дидору гуфтушунид, мулоқоту машваратҳои роҳбарони ҷиноҳои даргир ва ҳайатҳои музокиракунандаи онҳо ҳафт маротибааш дар Эрон барпо карда шуданд.
Дар ин хоки муқаддас ду маротиба роҳбарон бо ҳам мулоқот карданд ва панҷ бор ҳайатҳои гуфтушуниди сулҳ. Дар дидору мулоқотҳое, ки дар ин ҷо баргузор мегардиданд, ҳатман комёбиҳои назаррасе ба даст меомаданд. Барои мисол яке аз муҳимтарин созишномаҳое, ки маъмулан дар чунин музокирот нахуст ба имзо мерасад ва ҷангро қатъ мекунад, Созишномаи Оташбаси Теҳрон (12-17-и сентябри соли 1994) буд.
Дар даври шашуми музокирот ҳам ҷонибҳо ду санади хеле муҳимро қабул карданд: «Протокол оид ба масъалаи гурезаҳо» ва «Изҳороти муштараки ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар бораи натиҷаи гуфтушуниди рӯзҳои 5-19 январи соли 1997 дар Теҳрон».
Сулҳ ҳадяи Худо буд – қисмати 31
ҲУКУМАТИ НОҲИЯҲО ФАЪОЛ ВА АСИРОН ОЗОД ШУДАНД
Султони Ҳамад