ДУ СЕВУМИ ҶАМЪИЯТИ БЕСАВОДИ ҶАҲОН ЗАН ҲАСТАНД
Раиси ЮНЕСКУ ё Созмони илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангии миллали муттаҳид дар паёмаш ба муносибати "Рӯзи байналмиллалии занон" гуфтааст, ки башар аз баробарии ҷинсиятӣ ҳанӯз фарсахҳо дур аст.
Ба асоси иттилоъи ин созмон, се дувуми ҷамъияти бесаводи синни болиғ дар ҷаҳонро занон ташкил медиҳанд ва занҳо ҳанӯз дар доираҳои сиёсии тасмимгиранда намояндагии кофӣ надоранд. Бо ин ҳол Бон Ки-Мун дабири кулли Созмони миллал мегӯяд мубориза барои ҳаққи баробар барои занон дар меҳвари маъмурияти ин созмон қарор дорад. Вай дар паёми худ ба муносибати ин рӯз қатъномаи Бейҷингро, ки 15 сол қабл аз сӯи давлатҳо имзо шуда буд “нуқтаи таҳаввули таърихӣ барои соҳибихтиёрии занон” хонд.
Зеро давлатҳо бо имзои он таъаҳҳуд карданд ки баробарӣ, тавсеъа ва суботро барои ҳамаи занҳо дар ҳамаи кишварҳо фароҳам кунанд.
Оқои Ки-Мун дар ин бора афзуд: “Мо дар ин замина дастовардҳое дорем – акнун занҳо бештар бо таҳсил фаро гирифта мешаванд, акнун занҳо бештар вориди бахши соҳибкорӣ мешаванд, акнун занҳо ҳузури бештар дар давлатдорӣ доранд, вале ҳанӯз кори зиёде боқӣ мондааст.”
Вай меафзояд: “Маргумири модару кӯдак дар вақти зоймон ҳанӯз зиёд аст, ҳанӯз ҳам занони андаке ба имконоти ҷилавгирӣ аз бордоршавӣ дастрасӣ доранд, хушунат алайҳи занон ҳанӯз воқеъияти нанговари башар аст, хушунати чинсӣ дар ҷанг домангир аст.”
Дабири кулли СММ ахиран намояндаи вижаеро барои басиҷ кардани корзори байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз ҷиноёти ҷинсӣ дар ҷангро таъйин кардааст.
Ирина Бокова, раиси ЮНЕСКУ ё созмони илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангии СММ дар навбати худ бо интишори паёме ба муносибати Рӯзи байналмилалии зан гуфтааст, ки “Башар аз баробарии ҷинсиятӣ ҳанӯз фарсахҳо дур аст.”
Вай афзудааст, ки аз панҷ се қисми ҷамъияти фақиртарини ҷаҳонро, ки теъдодашон як милиёрд нафар хонда мешавад, занон ва духтарон ташкил медиҳанд.
Чаро 8 март РӮзи байналмиллалии занон аст ?
Рӯзи байнлмиллалии занон ҳамасола дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон, ба хусус Урупои Шарқӣ, Русия ва блуки шӯравии пешин таҷлил мешавад. Ин рӯзи ҷашни дастовардҳои иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва сиёсии занон дар асри 20 маҳсуб мешавад.
Манобеъи мухталиф нишон медиҳад, ки дар бархе аз кишварҳо ин рӯз ангезаи сиёсии худро гум карда ва ҷуз баҳонае барои ибрози муҳаббати мардон ба хонумҳояшон ба мисоли Рӯзи Ошиқон ва ё модаронашон чизе беш нест.
Вале дар бархе аз кишварҳои дигар дар ин рӯз мавзӯъоти сиёсӣ ва ҳуқуқи башари марбут ба занон баррасӣ мешавад. Дар ин рӯз талош мешавад мавзуъи огоҳии сиёсӣ ва иҷтимоъӣ дар бораи ҷунбишҳои занон барои ҳақи баробар матраҳ ва арзёбӣ шавад.
8 Март ва занони тоҷик
Дар даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон ба монанди ҷамоҳири дигари шуравии собиқ рӯзи 8 март рӯзи таблиғи дастовардҳои зан буд. Ба назар мерасад, ки пас аз фурупошии Шӯравӣ ва ба хусус бо тақвияти суннатгароӣ дар солҳои ахир маҳбубияти ҷашни рӯзи 8 март дар миёни ҷамъияти Тоҷикистон коста шуд.
Гурӯҳе Рӯзи 8 март ва Рӯзи Волентин ё рӯзи ошиқонро дар як радиф қарор дода ва исрор варзиданд, ки ин ҷашнҳои бегона барои фарҳанги тоҷикон аст. Бархе аз нашрияҳои тоҷик ба тарафдорӣ аз барҳам додани таҷлил аз рӯзи 8 март матолиби мухталиф ба чоп расонданд.
То ҳадде ки дар баъзе матолиб мехондем, ки давлати шӯроҳо ҷуз тағйири либоси миллии занони тоҷик ба урупоӣ, барои занони тоҷик кори муфиде анҷом надодааст.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҷомеъашиносон бо вуҷуди беадолатиҳое ба фарҳангҳои бумӣ, ки дар давлати шӯравӣ иттифоқ уфтод, барномаҳои омӯзишӣ ва иҷтимоъии шӯроҳо ба хусус барои занони Тоҷикистон муфид будааст.
Фаъолони ҳуқуқи занҳо ба хусус аз барномаи омӯзиш ва парвариши шӯравӣ истиқбол мекунанд ва таъсиси боғчаҳои ройгон барои кӯдаконро аз дастовардҳои муҳимми феминист ё фаъолони ҳуқуқи зани шӯравӣ мехонанд. Зеро ба гуфтаи онҳо ба ин тартиб модарон ҳам тавонистаанд бештар ба кори иҷтимоъӣ ҷалб шаванд.
Александра Колонтай аз фаъолони маъруфи шӯравист, ки дар ин замина нақши муҳимме доштааст. Дар навиштаҳои хонум Колотной аз ҷумла мехонем: “Ҷомеъаи коммунистӣ ҳамаи вазоифи марбут ба омӯзиш ва парвариши кудаконро бар ӯҳдаи худ мегирад, вале хушии волидайн буданро аз онҳое, ки ин падидаро қадр мекунад нахоҳад гирифт.”
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/zan-va-jomea/1892-2010-03-08-19-50-52.html