«Муноҷотнома»-и Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ-14
06.02.2015 07:52
2222
Ба назари Хеш меваи муҳаббат ворасонидӣ. Акнун сазад, ки самуми макр аз он боздорӣ ва биное, ки Худ сохтаӣ, ба гуноҳи мо хароб накунӣ. Худоё, Ту заифонро паноҳӣ, қосидонро бар сари роҳӣ ва виҷдонро гувоҳӣ, чӣ бошад, ки афзоиву накоҳӣ.
Умриддин Нӯшин: «Рӯзе зи хонаи чиҳил умрам убур кард…»
28.01.2015 07:14
1762
Ёр гуфт: «Ин дил ба ту додам дигар». Гуфтам: «Ба чашм».«Ин дили ошиқкуши хунинҷигар». Гуфтам: «Ба чашм».Дил зи ман бурдиву пурсидӣ дилат дилбар набуд?«Дилбарона дилбари худро бибар». Гуфтам: «Ба чашм»...
«Муноҷотнома»-и Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ-13
19.01.2015 00:16
1719
Илоҳо, эй орандаи ғами пушаймонӣ дар дилҳои ошноён ва эй афкандаи сӯз дар дили тоибон, эй пазирандаи гунаҳкорону муътарифон, касе бознаёмад, то бознаёвардӣ ва касе роҳ наёфт, то даст нагирифтӣ.
Китобе, ки дигар бе он наметавон таърихи адабиёт навишт!
29.12.2014 10:43
3136
Дар Китобхонаи Миллии Тоҷикистон муаррифии китоби олими адабиётшинос, профессори зиндаёд Худойназар Асозода «Таърихи адабиёти тоҷик» баргузор гардид. Китоб бо ибтикори вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба теъдоди 3000 нусха дар чопхонаи «Маориф ва фарҳанг» ба нашр расидааст.
Қаҳҳори Осӣ дар Тоҷикистон: Аз «Дили ман» то «Порсӣ»
29.12.2014 10:24
1870
Агарчи дар Тоҷикистон китоби алоҳидае аз ашъори шоири шинохтаи Афғонистон Қаҳҳори Осӣ ба табъ нарасида бошад ҳам, вале бо намунаҳои эҷодиёти ӯ алоқамандони шеър ба хусус, аз табақаи эҷодкорону зиёиён то андозае шинос ҳастанд.
«Муноҷотнома»-и Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ-12
29.12.2014 10:18
1893
Илоҳо, то омӯхтанро омӯхтам, омӯхтаро ҷумла бисӯхтам, андӯхтаро барандохтам ва андохтаро бияндӯхтам, нестро бифрӯхтам, то ҳаст бияфрӯхтам.Илоҳо, то ягонагӣ бишинохтам, дар орзуи шодӣ бигудохтам.
Юсуфистон кард васлаш…
24.12.2014 10:46
1967
«Симои мустақили Тоҷикистон» чандест кӯчаҳои шаҳрро чун панҷ сол муқаддам ба ҳангоми субҳу шом камодамтару холитар кардан дорад. Бале, ин ҳамон лаҳзаҳое ҳастанд, ки сериоли эронии «Юсуфпайғамбар» ба маърази тамошо гузошта мешавад.
Қиссаҳо аз рӯзгори Мавлоно Ҷомӣ - 9
24.12.2014 10:24
1710
Овозаи шоир Наҷмии Ҳиндиро Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ борҳо шунида, ба дидораш расиданро орзу мекард. Ин муҳаббати Мавлоно Ҷомиро нисбати худ шунида, Наҷмӣ барои дидани он ҳазрат ба шаҳри Самарқанд меоянд.
«Муноҷотнома»-и Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ-11
24.12.2014 10:22
1608
Илоҳо, то омӯхтанро омӯхтам, омӯхтароҷумла бисӯхтам, андӯхтаро барандохтам ва андохтаро бияндӯхтам, нестро бифрӯхтам, то ҳаст бияфрӯхтам.Илоҳо, то ягонагӣ бишинохтам, дар орзуи шодӣ бигудохтам.
Маҳноз Афшор: "Тоҷикон бо худ ва ҷаҳон сулҳ бастаанд"
23.12.2014 00:46
1651
Маҳноз Афшор, ҳунарманди саршиноси синамои феълӣ дар Эрон, нимаи ҳафтаи гузашта дар саҳифаааш дар Фейсбук навиштааст, ки ҳангоми ба навор гирифтани филми “Муаллим” дар “сарзамини зебои” Тоҷикистон хотираҳои хуше дорад.
Коргардоне, ки даст болои набзи ҷомеа дорад
19.12.2014 13:47
2781
Мирзоватан Миров 65-сола шуд. Ӯ дар санъати муосири тоҷик, ба хусус дар соҳаи театру ҳунари мусиқии чил соли ахири кишвар, шахсияти нодиру нотакрор ба шумор меравад. Ӯро ба ҳайси коргардон, ҳунарпешаи театр, овозхон, омӯзгор, драматург...
Гулрухсор: «Сухан лаҳзаро ҷовидона месозад…»
19.12.2014 13:38
3442
Шоири Халқии Тоҷикистон устод Гулрухсори Сафӣ зодрӯз доранд. Шоири маҳбубро бо ҷашни мавлудашон табрик гуфта барояшон тани сиҳату бахту саодат, рӯзгори хушу комёбӣ дар корҳои эҷодиашон орзумандем.
Қиссаҳо аз рӯзгори Мавлоно Ҷомӣ - 8
19.12.2014 13:34
1848
Мегӯянд, шахсе дар назди Мавлоно Ҷомӣ даъвои шеършиносӣ намуда, бо тарзи эътироз ба Мавлон гуфт:–Шеърҳои шумо ҳама сар то по дурӯғ аст. Барои шумо муносиб он аст, ки шеърҳои ростмазмун гӯед.
«Муноҷотнома»-и Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ - 10
19.12.2014 13:32
1760
Илоҳо, чӣ зебост айёми дӯстони Ту бо Ту ва чӣ некӯст муомилати эшон дар орзуи дидои Ту, чӣ хуш гуфтугӯйи эшон дор роҳи ҷустуҷӯйи Ту.Илоҳо, он дида, ки Туро дид, ба дидани ҷуз Ту кай пардозад ва он ҷон, ки бо Т у сӯҳбат ёфт, бо оби хок чанд созад?
Қиссаҳо аз рӯзгори Мавлоно Ҷомӣ - 7
12.12.2014 11:11
1860
Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва ҳамсафарони ӯ мувофиқи одати ҳаҷравандаҳо қарзҳои худро пурра пардохта, аз худи ҳамин ҷо ҳар кадоме барои худ ҷомаи тавоф ва дутоӣ чодар – яке сафеду дигаре сиёҳ гирифтанд.
















