15:40:58 22-уми Ноябри 2026 сол

Иқтисоди рақамӣ то соли 2030: Се сенарияи рушд барои Тоҷикистон

Дар ҷаҳони муосир дониш, технология ва қобилияти истифодаи самараноки иттилоот ба омилҳои асосии ташаккул ва рушди иқтисодиёти давлатҳо табдил ёфтаанд. Равандҳои нави технологӣ на танҳо тарзи истеҳсол ва пешниҳоди молу хизматрасониҳоро тағйир медиҳанд, балки ба низоми идоракунии давлатӣ, муносибатҳои иқтисодӣ ва механизмҳои рақобати байналмилалӣ таъсири бевосита мерасонанд. Дар чунин шароит рушди иқтисоди рақамӣ яке аз самтҳои муҳими таъмини устувории иқтисодӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва таҳкими иқтидори рақобатпазирии мамлакатҳо арзёбӣ мегардад.

333_Baroi_makolai_agentii_innovatsiya– Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо назардошти ин равандҳо рушди иқтисоди рақамиро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намуда, барои ташаккули иқтисоди муосир ва рақобатпазир заминаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва институтсионалиро фароҳам овардааст. Эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» далели муҳими интихоби ин самти стратегӣ мебошад.

Бо мақсади муайян намудани самтҳои афзалиятнок ва механизмҳои татбиқи сиёсати давлатӣ дар ин соҳа «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2026 тасдиқ гардид.

Барнома ҳамчун ҳуҷҷати низомсоз масири минбаъдаи гузариши давлатро ба модели иқтисоди рақамӣ муайян намуда, барои ҳамоҳангсозии ташаббусҳои соҳавӣ ва татбиқи пайдарпайи сиёсати давлатӣ дар ин самт заминаи стратегӣ фароҳам меорад.

Ҳадафи асосии барнома ташаккули экосистемаи иқтисоди рақамӣ дар асоси иқтидори инноватсионӣ ва пешрафти илмию техникӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкории рақамӣ ва тиҷорати электронӣ, беҳтар намудани дастрасӣ ба маҳсулоту хизматрасониҳои босифат, рушди инфрасохтори рақамӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мебошад.

Амалисозии барнома бо назардошти Стратегияи миллии рушд, марҳилаи дуюми Консепсияи иқтисоди рақамӣ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти олии давлат дар ҳашт самти асосӣ пешбинӣ гардидааст.

Самти аввал ба такмили заминаи ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои меъёрии дахлдор барои танзими муносибатҳои иқтисодӣ дар муҳити рақамӣ равона шудааст.

Самти дуюм рушди инфрасохтори рақамӣ, аз ҷумла густариши шабакаҳои фарохмаҷро, амалӣ намудани технологияҳои 5G, таъсиси марказҳои коркарди маълумот ва ташаккули махзани миллии маълумотро дар бар мегирад.

Самти сеюм рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили платформаҳои ягонаи хизматрасониро бо мақсади содагардонии расмиёти маъмурӣ ва баланд бардоштани шаффофияту дастрасии онҳо пешбинӣ менамояд.

Самти чорум ба рушди сармояи инсонӣ, омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисон ва баланд бардоштани саводнокию малакаҳои рақамии аҳолӣ нигаронида шудааст.

Самти панҷум истифодаи васеи зеҳни сунъиро дар хизматрасониҳо ва низомҳои бақайдгирии давлатӣ бо мақсади автоматизатсияи равандҳо ва баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ фаро мегирад.

Самти шашум таъмини амнияти киберӣ, ҳифзи иттилоот ва инфрасохтори рақамиро ҳамчун шарти муҳими эътимод ва устувории муҳити рақамӣ муайян менамояд.

Самти ҳафтум ба рушди соҳибкории рақамӣ ва тиҷорати электронӣ, густариши платформаҳои рақамӣ ва ташаккули бозорҳои электронии миллӣ равона шудааст.

Самти ҳаштум рушди таъминоти иттилоотӣ ва таъсиси Маркази таҷрибаи пешқадам ва инноватсияҳоро бо мақсади татбиқи лоиҳаҳои озмоишӣ, омӯзиш ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадам пешбинӣ менамояд.

Татбиқи самтҳои мазкур ба ташаккули экосистемаи ягонаи рақамӣ, таҳкими ҳамкории давлат, бахши хусусӣ ва доираҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва фароҳам овардани заминаи рушди иқтисодиёти инноватсионӣ мусоидат менамояд.

Тибқи арзёбиҳои ташкилоти байналмилалӣ, ҳаҷми иқтисоди рақамӣ дар соли 2025 тақрибан 23 триллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил дода, ҳиссаи он дар маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷаҳонӣ метавонад аз 17,1 дарсад то 24,3 дарсад расад. Ин нишондиҳандаҳо аз афзоиши нақши технологияҳои рақамӣ дар ташаккули иқтисоди ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳанд.

Яке аз самтҳои дорои иқтидори баланди иқтисодӣ зеҳни сунъӣ мебошад. Тибқи арзёбиҳои байналмилалии дар барнома истифодашуда, то соли 2030 саҳми зеҳни сунъӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ метавонад аз ҳисоби баланд бардоштани самаранокии меҳнат ва табдили соҳаҳои калидӣ то 7 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷаҳониро ташкил диҳад. Ҳамзамон то соли 2027 ҳаҷми сармоягузорӣ ба бозори ҷаҳонии зеҳни сунъӣ метавонад аз 400 миллиард доллари Иёоти Муттаҳидаи Амрико зиёд гардад.

Дар идоракунии давлатӣ низ истифодаи технологияҳои рақамӣ имконияти назаррас фароҳам меорад. Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, татбиқи хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли рақамӣ метавонад хароҷоти маъмуриро то 30 дарсад коҳиш диҳад.

Амалӣ намудани ҳуҷҷатгузории электронӣ метавонад муҳлати пешниҳоди хизматрасониҳоро аз 3 то 10 маротиба кам карда, арзиши коркарди ҳуҷҷатҳоро аз 60 то 80 дарсад коҳиш диҳад. Истифодаи механизмҳои электронии коркарди маълумот инчунин метавонад хатоҳои вобаста ба ворид намудани дастии маълумотро то 90 дарсад кам намояд. Сарфаи маблағ аз ҳисоби бартараф намудани истифодаи ҳуҷҷатҳои коғазӣ низ метавонад ба ҳисоби миёна то 80 дарсади хароҷоти марбут ба ҳар ҳуҷҷатро ташкил диҳад.

Нишондиҳандаҳои мазкур зарурати ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои низомсози иқтисоди рақамиро тақвият бахшида, нишон медиҳанд, ки сармоягузорӣ ба технологияҳо метавонад на танҳо хароҷотро коҳиш диҳад, балки самаранокии умумии фаъолияти иқтисодиро баланд бардорад.

Бо назардошти тағйирёбии муҳити технологӣ, иқтидори иқтисодӣ ва имконияти институтсионалии мамлакат дар барнома се сенарияи рушди иқтисоди рақамӣ пешбинӣ гардидааст, ки сатҳи гуногуни тағйирот, умқи ислоҳот ва ҷалби сармоягузориро инъикос менамоянд.

Сенарияи муқаррарӣ рушди иқтисоди рақамиро асосан дар доираи шароити мавҷудаи институтсионалӣ ва меъёрӣ пешбинӣ менамояд. Дар ин ҳолат рақамикунонӣ бештар дар шакли ташаббусҳои ҷудогона ва бе муносибати маҷмуӣ ба дигаргунсозии иқтисодиёт ва идоракунӣ амалӣ мегардад.

Маҳдуд будани ҳамоҳангӣ байни мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва доираҳои илмӣ, сатҳи пасти ҳавасмандӣ барои рушди соҳибкории рақамӣ, раванди сусти коҳиш додани нобаробарии рақамӣ байни минтақаҳо ва ташаккули нокифояи бозорҳои рақамӣ метавонанд аз ҷумлаи мушкилоти асосии татбиқи чунин сенария бошанд.

Сенарияи муътадил-некбинона татбиқи марҳилавии ислоҳотро дар доираи барномаҳо ва афзалияти тасдиқшуда пешбинӣ менамояд. Дар доираи он таҳкими заминаи институтсионалӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ ва платформаҳои электронӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва баланд бардоштани малакаҳои рақамӣ ба таври пайдарпай амалӣ мегарданд.

Тибқи ин сенария, тавсеаи хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли рақамӣ, дастгирии фаъолияти инноватсионӣ ва экосистемаҳои стартапӣ, рушди инфрасохтори рақамии минтақавӣ, баланд бардоштани саводнокии рақамии аҳолӣ ва тақвияти чораҳои амнияти киберӣ ҳамчун самтҳои муҳим муайян карда мешаванд.

Сенарияи инноватсионӣ-шиддатнок татбиқи фарогири рақамикунонии босуръати соҳаҳои иқтисодиёт ва идоракуниро пешбинӣ менамояд. Дар ин ҳолат афзоиши назарраси сармоягузорӣ ба соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ташаккули экосистемаи мукаммали рақамӣ ва ҳамгироӣ бо бозорҳои ҷаҳонии рақамӣ таъмин карда мешаванд.

Дар доираи чунин сенария фарогирии рақамии соҳаҳои асосии иқтисодӣ, татбиқи васеи зеҳни сунъӣ, маълумоти бузургҳаҷм, интернети ашё ва технологияҳои абрӣ, инчунин рушди низоми пешрафтаи омодасозии кадрҳо пешбинӣ мегарданд.

Амалисозии барнома дар асоси интихоби равиши мувофиқ ба имконияти иқтисодӣ ва институтсионалии кишвар метавонад барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва таъмини рушди пайвастаи иқтисоди рақамӣ замина гузорад.

Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ 14 соҳа ва самтро фаро гирифта, иҷрои 124 тадбири мушаххасро пешбинӣ менамояд. Ин тадбирҳо ба татбиқи ҳадафҳои муқарраргардида, рушди инфрасохтори рақамӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, густариши хизматрасониҳои электронӣ ва ташаккули муҳити рақобатпазири иқтисоди рақамӣ равона шудаанд.

Маблағгузории татбиқи барнома дар асоси модели ҳамгирои молиявӣ ва бо ҷалби манбаъҳои гуногуни дохилию хориҷӣ пешбинӣ гардида, ҳаҷми умумии он 2 366,8 миллион сомониро ташкил медиҳад. Маблағҳои мазкур ба таъмини иҷрои тадбирҳои пешбинигардида, рушди инфрасохтор ва татбиқи лоиҳаҳои соҳавии рақамикунонӣ равона карда мешаванд.

Рушди иқтисоди рақамӣ раванди фарогир буда, татбиқи пайдарпайи ислоҳоти институтсионалӣ, рушди инфрасохтори муосир, омодасозии кадрҳои соҳибихтисос, такмили заминаи ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоиди сармоягузориро талаб менамояд.

Дар ин раванд истифодаи самараноки технологияҳои рақамӣ бояд ба тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ворид гардида, ҳамзамон барои рушди соҳибкории инноватсионӣ, афзоиши маҳсулнокии меҳнат ва ташаккули бозорҳои нави иқтисодӣ замина фароҳам оварад.

Аз ин рӯ иқтисоди рақамӣ на танҳо воситаи муосиргардонии соҳаҳои мавҷуда, балки заминаи ташаккули модели нави рушди иқтисодӣ мебошад, ки дар меҳвари он дониш, сармояи инсонӣ, маълумот, инноватсия ва технология қарор доранд. Истифодаи самараноки ин имконият метавонад барои баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои рақамии минтақавию ҷаҳонӣ заминаи боэътимод гузорад.

Махфират АМИРШОЕВА, сармутахассиси Раёсати иқтисоди рақамии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АМИТ “Ховар”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ