15:41:02 22-уми Ноябри 2026 сол

Имконоти сармоягузорӣ ва содиротии Тоҷикистон дар Минск муаррифӣ шуд

Рӯзи 19 ноябр бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Беларус ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ноҳияи Фрунзеи шаҳри Минск ҳамоиши иқтисодӣ оид ба тақвияти робитаҳои тиҷоратию сармоягузорӣ миёни Тоҷикистон ва Беларус баргузор гардид.

444 Minsk Tojikiston 1221544545Бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Минск, дар ин чорабинӣ намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва доираҳои соҳибкорию сармоягузории Беларус ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш ба масъалаҳои калидии зерин таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд:

- Имконоти иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон, шароити мусоиди соҳибкорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, савдо, нақлиёт ва логистика муаррифӣ шуданд.

- Масъалаи ба роҳ мондани лоиҳаи Хонаи савдои Тоҷикистон дар шаҳри Минск ҳамчун абзори муҳим барои намоиши молу маҳсулоти ватанӣ, афзоиши содирот ва ворид намудани маҳсулоти истеҳсолкунандагони тоҷик ба бозори Беларус баррасӣ гардид.

- Зарурати густариши ҳамкориҳои мустақим миёни соҳибкорони ду кишвар, дарёфти шарикони нав ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки истеҳсолию сармоягузорӣ таъкид карда шуд.

Дар фарҷоми ҳамоиш ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда ва андешидани тадбирҳои амалӣ ҷиҳати истифодаи пурраи зарфиятҳои иқтисодии Тоҷикистону Беларус изҳор доштанд.

“Рӯзгор”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ