21:35:43 24-уми Июли 2026 сол

Мусоҳибаи тахайюлӣ: Он рӯз, ки Султони Ҳамад бо Аҳмад Зоҳир вохӯрд

(Ба муносибати 80-умин солгарди рӯзи таваллуд ва рӯзи ба шаҳодат расидани Алмоси Шарқ)

Муқаддимаи мураттиб:

Дар арафаи 21–умин солгарди рӯзи таваллуд ва рӯзи ба шаҳодат расидани Аҳмад Зоҳири ҷовидонӣ, яке аз дӯстони наздики ӯ, нависанда ва журналист доктор Багромвол, ки бо хонаводаи марҳум равобити наздик дошт, дар жанри танз «мусоҳибае» бо рӯҳи шодравон Аҳмад Зоҳир анҷом дода буд. Ва ҳамин мусоҳибаро ҳамон шабу рӯзҳо ҳафтаномаи «Афғонистон таймз» ба нашр расондааст. Агарчӣ «мусоҳиба» «Шӯхӣ бо Аҳмад Зоҳири фақид ва сиёсатмадорон» ном дорад, вале дар он масъалаҳои ҷиддие аз зиндагиномаи ин хунёгари бузурги Шарқ матраҳ шудаанд.

587129961_122260729412202367_1097379537112388221_nИмрӯзҳо мо 80-умин солгарди рӯзи таваллуд ва рӯзи ба шаҳодат расидани Алмоси Шарқро паси сар кардем. Мутаассифона, дар ин рӯзҳо пажӯҳишгари осори ӯ, Султони Ҳамад, низ дар қайди ҳаёт нестанд. Султони Ҳамад на танҳо як нависанда, балки як "ҷӯяндаи ҳақиқат" дар бораи Аҳмад Зоҳир буд. Панҷ китоби ӯ мисли як донишнома, як китоби воҳиди панҷҷилда аст, ки ҳаёти ин нобиғаи ҳунари мусиқиро аз ҳама ҷиҳат, аз пайвандҳои ирфонӣ (Мавлавӣ) то таъсири Ғарб, аз муҳаббати мардумӣ то заҳматҳои шахсӣ – мавриди омӯзиш қарор додааст.

Онҳо натиҷаи заҳмати тамоми умри як инсон, шодравон Султони Ҳамад мебошанд. Ҳарчанд Султони Ҳамад Аҳмад Зоҳирро аз наздик надидааст, вале мисли ҳар як алоқаманди ҳунари ӯ, ӯро бо қалби худ ҳис мекард. Ин муҳаббат ба пажӯҳиш, навиштан ва ҷамъоварии мавод дар бораи Алмоси Шарқ табдил шуд.

Бо мутолиаи ҳамаи панҷ китоб — "Султони қалбҳо", "Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Мавлавӣ", "Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб", "Аҳмад Зоҳир: Садои ишқ асту дилтангӣ" ва "Таронаҳои ҷовидонаи Аҳмад Зоҳир", кӯшиш кардем, ки дар сабки мусоҳибаҳои худи Султони Ҳамад ва бо эҳтироми тамом, як «Мусоҳибаи тахайюлӣ» байни ин ду бузургвар таҳия кунем, ки яке овозхон ва дигаре пажӯҳишгари осори ӯ буд. Умедворем ин мусоҳибаи тахайюлӣ боиси боз ҳам хубтару беҳтар шинохтани осору ҳаёти Алмоси Шарқ, Аҳмад Зоҳир мегардад. Агар мабодо ин амали мо боиси малолу нороҳатии дӯстон гардад, қаблан маъзарат мехоҳем.

Ин вохӯрӣ дар он ҷое сурат гирифт, ки замон маънои худро аз даст медиҳад. Дар як кунҷ, Султони Ҳамад, он пажӯҳишгари хаста, ки тамоми умр ба ҷустуҷӯи як садо буд. Дар кунҷи дигар, худи он Садо — Аҳмад Зоҳире, ки дигар ҷисм надорад, аммо ҳанӯз ҳам месарояд.

Султони Ҳамад (бо дасти ларзон дафтарашро мекушояд): Аҳмад Зоҳирҷон, ман ба сари қабрат омадам. Бисёриҳо гул меоранд. Ман китоб овардам. Панҷ китоб. Пас аз бист сол... садҳо саҳифа... ниҳоят шуморо дида метавонам. На дар таҳкурсии телевизион, на дар навори консерт, балки рӯ ба рӯ.

Аҳмад Зоҳир (бо табассуми нотакрораш): Султони гиромӣ, шумо маро тамоми умр ҳамроҳӣ кардед. Дар хурсандӣ ва ғами бисёриҳо. Аз ин рӯ, шумо маро хубтар аз бисёре аз онҳое, ки бо ман як дастархон буданд, мешиносед.

Султони Ҳамад: Бист соли пажӯҳиш барои фаҳмидани як суоли одӣ: чӣ шуморо "Аҳмад Зоҳир" кард? Истеъдод? Падар? Тақдир? Дар китоби "Султони қалбҳо" он чиро, ки аз ёронатон шунидам, ҷамъ кардам. Вале худатон бигӯед: шумо кай "дарёфтед", ки маҳз овозхон хоҳед шуд?

Аҳмад Зоҳир: Вақте ки ман дар литсейи "Ҳабибия" дар толори мактаб аввалин сурудам "Ай булбули шӯрангез, шӯр аз ту фиғон аз ман"-ро замзама кардам, якбора ҳис кардам, ки деворҳо садои маро мешунаванд. Хонандагон бисёранд, вале "ҳис кардан" камтар аст. Ман "ҳис кардам". Аммо чизеро, ки ман ҳеҷ гоҳ ба касе нагуфтаам, ба шумо мегӯям: яке аз сабабҳои муваффақияти ман "риёзиёт" буд. Одамон фикр мекарданд, ки Аҳмад Зоҳир ҳадияи Худост. Худо овозро ба ман дод, то бо он деворҳои қалбро бишканам. Ва ман ин овозро бо хуноби дил сайқал додам.

Султони Ҳамад: Чаро "омотур"? Агар чунин риёзиёте мекашидед, чаро расман мутриби касбӣ нашудед?

Аҳмад Зоҳир: Барои он ки касбият гоҳ одамро бути беҷон мекунад. Ман мехостам, ки агар суруде мехонам, бидонанд, ки аз дилам мебарояд, на аз мушти пул. "Омотур" будан маънои "худҷӯш" буданро дорад. Ҳамон тавре, ки шумо дар бораи суруди "Бӯи ҷӯи Мӯлиён" навиштед, ман мехостам ҳамон эҳсосеро ба шунаванда интиқол диҳам, ки ҳангоми ҷудоӣ аз Ватан дошта будам.

Аҳмад Зоҳир: Султони гиромӣ, бигӯед, баъд аз ин ҳама ҷустуҷӯ, пинҳонтарин паҳлӯи ман кадом аст?

Султони Ҳамад: Пинҳонтарин паҳлӯ... На садои Элвис Пресли ё Энрико Масиас буд, ки шумо ба он ранг тоза бахшидед. Онро ман дар "Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб" навиштаам. Ва на танҳо пайванди шумо бо Мавлоно буд, ки дар "Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Мавлавӣ" баён кардам. Пинҳонтарин паҳлӯ, чи хеле, ки каблан Шумо дар боло посух додед ишқи шумо ба риёзиёт аст. Ин асрори комёбии шумост.

"АҲМАД ЗОҲИР ВА МУСИҚИИ ҒАРБ" Ё ЗАБОНИ ЯГОНАИ ДАРД

Султони Ҳамад: Баъзе мунаққидон дар бораи шумо гуфтанд: "Ӯ мусиқии Ғарбро нусха кардааст". Ман дар "Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб" исбот кардам, ки ин нусха не, омезиш аст. Вале саволи ман ин аст: Шумо ҳангоми хондани "Шабе зи шабҳо" (дар оҳанги "O Sole Mio") ё "Дилбаро, гар ту ёри ман бошӣ" (дар оҳанги "La Paloma"), оё аз он ки "забони бегона"-ро ба саҳнаи шарқӣ меоваред, наметарсидед?

Аҳмад Зоҳир: Инсонҳои бузург моро дуруст мефаҳманд. Ба ман як чиз равшан буд: мусиқии Ғарб техника ва гармӣ дорад, мусиқии Шарқ ҷон ва маънӣ. Ман танҳо ин дуро дар ҳам омехтам. Як сабаби дигар ҳам дошт: эҳсоси озодӣ. Вақте "Танҳо шудам" -ро мехонам, фикр кардаед, ки эҳсоси аз қафас раҳо ёфтани як ошиқ аст? Не. Ин эҳсоси аз банди таассубҳои замона раҳо шудани як ҳунарманд буд.

Султони Ҳамад: Ҳамин тавр, суруди "Танҳо шудам, танҳо шудам" аз таснифи Клод Морган "El Bimbo" таваллуд шуд. Вале матни онро шумо аз Абулҳасани Варзӣ гирифтед. Ин як секунҷаи аҷиб аст: Итолиё, Фаронса, Эрон ва Афғонистон дар як оҳанг.

Аҳмад Зоҳир: Мусиқӣ ватан надорад, ҳамон тавре ки борон низ ватан надорад. Он танҳо ба замин мерасад. Дар китобатон овардаед, ки Энрико Масиас гуфтааст: "Аҳмад Зоҳир сурудҳои маро аз ман беҳтар хондааст". Инро на аз рӯи тавозеъ, балки аз рӯи ҳақиқат гуфтааст. Зеро ман сурудҳои ӯро на ба забони фаронсавӣ, балки ба забони дили мардуми хеш тарҷума кардам.

"ПАЙВАНДИ АҲМАД ЗОҲИР БО МАВЛАВӢ" — САФАР БА ҚАЛАМРАВИ ИШҚ

Султони Ҳамад: Дар бораи занҷирҳои фикрӣ... Ба хотир оред он шабҳоеро, ки дар хонақоҳи чиштия мегузаронидед. Ман дар "Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Мавлавӣ" ба ин қазия даст задам. Оё тасаввуф шуморо аз ноумедӣ раҳонид ё он шуморо ба ҷаҳони дигар – ҷаҳони "фано" бурд? Зеро баъд аз ин шиносоӣ, сурудҳои шумо дигар шуданд: "Биёед, биёед, ки гулзор расида" ё "Ман ғуломи қамарам" ғазалҳои одӣ нестанд, инҳо иқрорномаи ҳастӣ ҳастанд.

Аҳмад Зоҳир (чашмонашро мебандад): Он шабҳо... ба ман ёд доданд, ки ин ҷисм як зарфи шишагин аст ва овоз... овоз он оби зулолест, ки метавонад шишаро бишканад. Вақте ман "Пӯшида чун ҷон меравӣ, андар миёни ҷони ман"-ро мехонам, дигар ман Аҳмад Зоҳир нестам. Ман як партави равшании ғайримутанаҳӣ ҳастам.

Султони Ҳамад: Вале ин равиш ба хондани сурудҳои ба мисли "Аҷаб сабре Худо дорад" овард. Ин шеър аз Муинӣ аст, вале шумо онро ҳамчун як эътирози сиёсӣ мехондед. Оё тасаввуф ва сиёсат метавонанд дар як ҷо ҷамъ шаванд?

Аҳмад Зоҳир: "Аҷаб сабре Худо дорад" як дуо буд. Ман дар он аз Худо мепурсидам: чаро то ба кай ин беадолатиҳо? Ҷавоб нашунидам, вале пас аз чанде фаҳмидам: сабри Худо на аз бемадорӣ, балки аз он аст, ки Ӯ медонад, ки ҳар зулме рӯзе ба поён мерасад.

"ТАРОНАҲОИ ҶОВИДОНА"

Султони Ҳамад: Ба мусиқии Ғарб, тасаввуф, ки расидем, гузарем ба худи сурудҳо. Дар китоби "Таронаҳои ҷовидонаи Аҳмад Зоҳир" ман бори аввал матни пурраи бештари сурудҳои шуморо гирд овардам. Аксари одамон "Ман надонистам аз аввал" -ро танҳо ҳамчун як суруди ошиқона мешунаванд. Аммо ман дар он шакли "мухаммас"-и Шаҳриёрро ёфтам. Пас, таронаи "Ман надонистам" ошиқона аст ё фалсафӣ?

Аҳмад Зоҳир: Ҳарду. Зеро ишқи ҳақиқӣ фалсафа аст. Ин таронаро ман ҳангоми ҷудоӣ аз зани аввалаам хондам. Вале баъдан, ҳар дафъа, ки онро такрор мекардам, дарди нав меёфтам. "Ман надонистам аз аввал, ки ту бемеҳру вафоӣ" ин маро мегӯяд. Ин ҷомеа маро мегӯяд. Ин замона маро мегӯяд.

Султони Ҳамад: Як суруди дигар, ки маро хеле ба фикр андохт, "Агар пинҳон бувад пайдо" аст. Шумо месароед: "Ман он пайдои пинҳонам". Ин шиор аст ё иқрор?

Аҳмад Зоҳир (ханда мекунад): Ин ҳикмат аст. Ҳунарманд бояд пинҳон бошад, то мардум ӯро пайдо кунанд. Ман солҳо дар хонаи хурди Кобул нишастам, касе намедонист. Баъд пайдо шудам. Вақте пайдо шудам, дигар интизори ташвиқ набудам. Ман худам равшании роҳ будам. Инро дар китоби "Лоҳутӣ" хондам. Устод Лоҳутӣ гуфта буд: "Шоири бузург он аст, ки дар ғазал инқилоб кунад". Ман намехостам танҳо дар шакли суруд инқилоб кунам, мехостам дар мазмун низ инқилоб кунам. Аз ин рӯ, ман шеърҳои Лоҳутиро бо оҳанги нав хондам.

АҲМАД ЗОҲИР САДОИ ИШҚ АСТУ ДИЛТАНГӢ

Султони Ҳамад: Дар китоби "Аҳмад Зоҳир: Садои ишқ асту дилтангӣ" як саҳифае ҳаст, ки марги Шуморо аз забони дустатон Самади Дор-дор ривоят мекунад. Он ҷо навиштаам, ки Шуморо на дар садама, балки ба дасти ашхосе ба қатл расонданд, ки аз садоят метарсиданд. Шумо аз ин "интиқоми хун" чӣ ҳис мекунед?

Аҳмад Зоҳир: Хун, ки рехт, дигар хун аст. Ман аз онҳо нафрат намекунам. Фарқ кунад мурдан дар 33-солагӣ бо овози баланд ё зиндагӣ то 80-солагӣ бо дили банди андешаҳои хеш? Ман овози худро интихоб кардам. Гарчи пушаймон нестам, ки он ба қатли ман анҷомид.

Султони Ҳамад: Имрӯз он чизе, ки маро бештар ба ҳайрат меорад, фарзандонатон, Рашод ва Шабнам, ҳастанд. Дар "Садои ишқ" бисёр навиштаам, ки оё онҳо роҳи шуморо идома медиҳанд ё не?

Аҳмад Зоҳир (бо андаке сукут): Ҳар фарзанде роҳи худро меравад. Ман ба онҳо чизе нагузоштам ҷуз ном ва як бойгонии пур аз оҳанг. Онҳо мисли дигарон озоданд. Агар онҳо роҳи мусиқиро интихоб кунанд, набояд маро такрор кунанд. Онҳо бояд риёзиёти худашонро кунанд. Агар як рӯз Рашод ё дигаре саҳнаро фаро гирад, ба онҳо бигӯед, ки "Аҳмад Зоҳир гуфт: агар худро нусхаи ман кунед, тамом шудед. Аммо агар аз ишқи Ватан, ишқи сухан ва ишқи риёзиёт бисароед, он гоҳ ҳамчун ситорае тобед, ки ҳеҷ гоҳ ғуруб намекунад".

Султони Ҳамад: Шумо бештар аз 600 тарона гузоштед. Агар шуморо маҷбур кунанд, ки танҳо як сурудро ҳамчун "васият" гузоред, кадом суруд мебуд?

Аҳмад Зоҳир (бетаклиф): "Бинозам қалби покат, модари ман". Ин сурудро ман дар зиндон вақте навиштам, ки аз марги модарам хабар доданд.

Султони Ҳамад "Бинозам қалби покат, модари ман..." (андаке сукут). Оё имрӯз, пас аз он ҳама китобҳое ки навиштам, метавонам бигӯям, ки шуморо шинохтам?

Аҳмад Зоҳир: Шумо моро надидед. Вале маро ёфтед. Ин беҳтарин роҳи шинохтан аст.

Султони Ҳамад: Ва сухани охирин барои хонандагони китобҳоям, ки дар Тоҷикистону Афғонистон ва ҷаҳон паҳн шудаанд. Онҳое, ки маро "муҳаққиқи осори шумо" меноманд.

Аҳмад Зоҳир: Ба онҳо бигӯед, ки "Султони қалбҳо" султони воқеии ҷаҳон нест. Султони воқеии ҷаҳон "Ишқ" аст. Ба онҳо бигӯед, ки садои ишқ ҳамеша бо дилтангӣ омехта аст, чунки ишқ бе фироқ маъно надорад. Ва ман хушбахтам, ки шумо, ки ҳаргиз маро надидаед, беҳтарин паёми маро ба ҷаҳон расонидед: ҳунар аз он нест, ки касе моро дидааст, балки он аст, ки касе моро бо дили худ ҳис кардааст. Ташаккур, Султони Ҳамад.

Султони Ҳамад: Ташаккур ба Шумо... барои ин ҳама сол ҳамроҳӣ.

Навои суруди номаълуме, ки танҳо дар дафтарҳои кӯҳна сабт шудааст. "Аз барои ғами ман синаи дунё танг аст..." Султони Ҳамад дафтарашро мебандад. Мебинад, ки ӯ танҳост. Аммо лабханд мезанад. Зеро медонад, ки ин танҳоӣ ҳамон садо аст.)

Рӯҳашон шод, ёдашон ҷовидон!

Субҳиддини Султон, “Рӯзгор”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ