Идибек Қаландар дар Муколамаи сатҳи баланди сиёсӣ ва амниятии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
16 июл дар шаҳри Брюссел муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар дар Муколамаи 13-уми сатҳи баланди сиёсӣ ва амниятии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд. Дар ин хусус ба мо аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни нишаст ҷараёни рушди мушорикат байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар соҳаҳои сиёсию амниятӣ ва устуворӣ, инчунин раванди иҷрои тавофуқоти нахустин Саммити Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва «Харитаи роҳи муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷараёни муколама иштирокчиён оид ба тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои мубориза бо терроризм, пешгирии ифротгароии хушунатомез ва радикализм, идораи сарҳадҳо, муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи об ва ҳамгироии нақлиётӣ, инчунин дигар масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор намуданд.
АМИТ «Ховар»
















