23:52:26 24-уми Сентябри 2026 сол

Корномаи Фурқат Саидзода дар як китоб: Аз “Сози ватандорӣ” то “Соҳибмақоми Шашмақом”

Китоби нав бо номи “Соҳибмақоми Шашмақом”, ки ба фаъолият ва рӯзгори ҳунарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Фурқат Саидзода бахшида шудааст, аз чоп баромад. 

823153195 1041772975529694 2596793271355676270 nМаҷмуаи мазкур аз 172 саҳифа ва се бахши асосӣ иборат буда, онро рӯзноманигори шинохта Суҳроби Зиё гирдоварӣ ва вироиш кардааст. 

Муаллиф дар саҳифаи фаъоли худ дар "Фейсбук" оид ба таърихи рӯи кор омадани ин китоб ибрози назар карда, қайд намуд, ки идеяи нашри он пас аз пешниҳоди маҷмуаи сурудҳои “Сози ватандорӣ”-и Фурқат Саидзода ба Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радио пайдо шуд. Дар он давра дар матбуоти даврӣ ва расонаҳо мақолаву таҳлилҳои зиёде оид ба маҳорати овозхонӣ ва корномаи ин ҳунарманд чоп шуданд. Сабаби асосии гирдоварии ин матолиб дар як китоб низ маҳз ҳамин таваҷҷуҳи зиёди аҳли қалам будааст. 

Дар маҷмуаи “Соҳибмақоми Шашмақом” паҳлуҳои гуногуни фаъолияти Фурқат Саидзода, аз ҷумла маҳорати оҳангсозӣ, барномасозӣ, пажӯҳишгарӣ ва саҳми ӯ дар рушди мусиқии суннатӣ мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифтааст. 

Китоби мазкур бо тамғаи нашриёти “Адиб” дар чопхонаи “Бебок” бо теъдоди 150 нусха бахшида ба хонандагон ва мухлисони санъати асил чоп шудааст. 

Ёдовар мешавем, ки Фурқат Саидзода дар ҳоли ҳозир роҳбарии Ансамбли давлатии “Шашмақом”-и ба номи Фазлиддин Шаҳобови назди Кумитаи телевизион ва радиои кишварро ба уҳда дорад. 

“Рӯзгор”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ