20:09:44 25-уми Сентябри 2026 сол

Душанбе — меҳвари ҷалби сайёҳон ва сармояи хориҷӣ

Имрӯзҳо дар пойтахти кишвар Маркази байналмилалии намоишгоҳии Душанбе (Dushanbe Expo) ба як майдони бузурги муколамаи сайёҳӣ ва иқтисодӣ мубаддал гаштааст. Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Душанбе – 2026» зиёда аз 115 ширкату ташкилоти бонуфуз иштирок доранд, ки 22-тои онҳо намояндагони кишварҳои хориҷӣ мебошанд.

2 khabar ruzgor 1221455Коршиносон ва меҳмонони хориҷӣ бар ин боваранд, ки ин ҳамоиш на танҳо имкониятҳои сайёҳию инфрасохтории Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад, балки заминаро барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва таҳияи стратегияҳои муштарак фароҳам меорад. Омори расмии воридшавии 1 миллиону 780 ҳазор сайёҳ ба Тоҷикистон дар соли 2025 гувоҳи равшани рушди босуръати ин соҳаи муҳимми иқтисодӣ арзёбӣ мегардад.

Ҳасан Саъдидӣ, роҳбари ширкати сайёҳии «Парипарвашнома»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар суҳбат бо хабарнигорон иброз дошт, ки табиати кӯҳсори Тоҷикистон, ки 93 фоизи ҳудуди мамлакатро ташкил медиҳад, як боигарии беназири ҷаҳонӣ ва мунтазири сайёҳони тамоми дунё аст.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи бемористони бузурги «Разавӣ»-и шаҳри Машҳад Мулозим Ҳусейнӣ ба наздикии фарҳангҳо ва умумиятҳои таърихии ду миллат ишора карда, афзуд, ки дар шаҳри зебо ва муосири Душанбе ҳеҷ гуна эҳсоси бегонагӣ намекунад. Моварои биноҳои тарҳу услуби хос ва фаввораҳои назаррабо, меҳмоннавозии сокинони пойтахт ва обҳои зулоли Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҳар бинандаи хориҷиро ба худ ҷалб месозад.

Таҳлилгарон таъкид мекунанд, ки баргузории чунин намоишгоҳҳои байналмилалӣ дар пойтахт ҳадафҳои калон, аз ҷумла ташкили бозори сайёҳии минтақавӣ, муаррифии сайёҳии табобатию солимгардонӣ ва таҳкими робитаҳои бародаршаҳриро дунбол мекунад.

“Рӯзгор”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ