Даҳ варзишгари беҳтарини сол муайян шуд
26.12.2013 12:54
1589
Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) дар натиҷаи як назархоҳии хабарнигорони соҳаи варзиш даҳ варзишгари беҳтарини соли 2013-ро эълон кард.
Ҷашни донишгоҳи қадимаву азми мутахассиси ҷавон
21.12.2013 12:15
1533
Ҳафтаи гузашта яке аз машҳуртарин мактабҳои олии Федератсияи Россия-Донишгоҳи миллии маъданшиносӣ ва ашёи хоми шаҳри Санкт Петербург 240 солагии таъсисёбии худро ҷашн гирифт. Донишгоҳе, ки тарҳи таъсиси онро ҳанӯз М. В. Ломоносов кашидаву бо васияти Петри 1 ва фармони Екатерина он дар соли 1773 бунёд ёфта ба фаъолият пардохта буд.
Варзишгарони муҳорибаҳои омехта муҳтоҷи дастгирианд!
19.12.2013 12:16
1489
Чанд соли охир аст, ки дар Тоҷикистон миёни ҷавонону наврасон навъи варзиши муҳорибаҳои омехта маъруфу машҳур шудааст. Дар ҳоли ҳозир зиёда аз 2000 варзишгар дар кишвар аз рӯи ин намуди варзиш тамрин мекунанд. Сайидалӣ Уразалиев, Президенти федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон ...
"Шоҳрух" ғолиби мусобиқаи футболи хурд
19.12.2013 12:14
1472
Шӯрои марказии ҷамъияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон байни Кумитаҳои соҳавии иттифоқҳои касаба, мусобиқаи футболи хурд ташкил кард, ки дар он 8 даста миёни ҳам рақобат карданд. Дастаи "Шоҳрух", ки муаррифгари ширкати "Тоҷикэлектрострой" (Тадэс) буд, бидуни бохт ғолиби мусобиқаи мазкур шуд. Дастаи "Шоҳрух" дар бозии ниҳоӣ бо дастаи ....
Рақибони эҳтимолии "Равшан" дар Ҷоми АФК маълум шуданд
19.12.2013 12:11
1475
Маросими қуръакашии даври гуруҳии Ҷоми АФК-2014 дар Куала-Лампур баргузор шуд, ки дар асоси он қаҳрамони дукаратаи футболи Тоҷикистон - тими "Равшан"-и Кӯлоб дар сурати ба даври гуруҳии Ҷоми АФК-2014 баромаданаш, бо дастаҳои "Сувайк" ё "Сахам"-и Уммон, "Зат Рас"-и Урдун ва ё "Сафо"-и Лубнон қувваозмоӣ хоҳад кард.
Валерий Турсунов - ситораи футболи Тоҷикистон
16.12.2013 11:19
1692
Дер боз мехостам дар бораи ситораи футболи Тоҷикистон ва яке аз футболбозони машҳури шӯравӣ Валерий Юлдошевич Турсунов хотираҳои худро рӯи саҳифа оварам. Хонандаи закитабъи ман шояд савол диҳад, ки чаро? Фикр мекунам, ки иншои хотирот доири ин шахсияти машҳури варзишии Тоҷикистон ...
Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014: Ҳарифон, макон ва замони бозиҳо маълум шуданд
11.12.2013 11:53
1488
Шоми 6 декабри соли равон дар Бразилия қуръакашии мусобиқаи ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон-2014 миёни 32 дастаи ғолиби бозиҳои интихобӣ бо иштироки намояндагони кишварҳои ширкаткунада ва ҳамчунин теъдоде аз футболбозони машҳури ҷаҳон, журналистону мутахассисони футбол баргузор гардид.
“Равшан”-и Кӯлоб барои Ҷоми Осиё-2014 мубориза хоҳад бурд
11.12.2013 11:50
1518
Конфедератсияи футболи Осиё тасмим гирифтааст, ки дар Ҷоми AFC-2014 аз Тоҷикистон танҳо қаҳрамони кишвар ширкат намояд. Дар асоси қарори Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) футболбозони дастаи “Равшан” рақобати худро аз марҳилаи плеф-оф оғоз хоҳанд кард.
Алишер бо медали тилло баргашту Зуҳро бо нуқра
11.12.2013 11:48
1535
Аз 30-юми ноябр то 7-уми декабри соли равон дар шаҳри Анталияи Туркия таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи ҷаҳонии кикбоксинг (WAKO) мусобиқаи қаҳрамонии кикбоксинги ҷаҳон (WAKO) баргузор шуд, ки дар он беш аз ҳазор варзишгар аз 60 кишвари дунё дар 5 намуд ширкат карданд.
Ҷаҳонпаҳлавони оянда
04.12.2013 11:39
1452
Пеш аз он ки ин матлаб дар бораи Манучеҳр рӯи чоп биёяд дар ҳамин ҳафтанома се ҳафта қабл дар борааш шеъре бо номи «Медалборон» чоп карда будем. Ва ин шеърро на ягон шоири номдор, балки узви маҳфили «Ҳамешабаҳор»-и Хайрандеш Моҳрӯ Пайкишоева, ки модари Манучеҳр аст, навишта буд.
Блаттер «Равшан»-ро бо пирӯзӣ табрик кард!
27.11.2013 11:01
1574
Йозеф Блаттер, президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) дар барқияи шодбошие унвонии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) тими "Равшан"-и Кӯлобро барои пирӯзӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон табрик кардааст. Дар ин бора сомонаи расмии ФФТ итилоъ додааст.
Легионери эронӣ беҳтарин зарбазани футболи Тоҷикистон
27.11.2013 10:57
1629
Бори нахуст аст, ки дар Тоҷикистон беҳтарин зарбазани мусобиқоти қаҳрамонӣ оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ легионер эътироф гардид.Ҳусейни Суҳробӣ, легионери эронӣ, ҳамлагари дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, ки дар мусобиқоти имсола 11 гол задааст, беҳтарин зарбазан дониста шуд.
4 медали паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Хон Манас дар Бишкек
05.11.2013 16:55
1547
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи IV байналмилалии дзюдо миёни наврасон барои Ҷоми Хон Манас дар Бишкек 4 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки барои бори чорум дар Қасри варзиши ба номи Кожомқули пойтахти Қирғизистон баргузор шуд, беш аз 400 паҳлавони навраси солҳои таваллудашон 1996-1998 аз Қазоқистон, Қирғизистон, ....
Муҳсин Муҳаммадиев, фақат ба пеш!
26.10.2013 11:57
1623
Дастаи яккачини футболи Тоҷикистон дар рӯзҳои Иди қурбон дар Бишкек, дастаи яккачини Қирғизистонро бо ҳисоби 4 бар 1 мағлуб сохт. Меҳмонон ҳамаи голҳояшонро дар қисми якуми бозӣ заданд. Тӯбҳоро ба дарвозаи тими миллии Қирғизистон Нуриддин Давронов дар дақиқаи 6-ум, Дилшод Восиев дар дақиқаи 28-ум, Фарҳод Тоҳиров дар дақиқаи 32-ум ва ....
Ғалабаи Владимир Кличко бар Александр Поветкин
10.10.2013 12:18
1543
Қувваозмоии муштзани украинӣ Владимир Кличко ва паҳлавони рус Александр Поветкинро мухлисони бокс дар саросари ҷаҳон, махсусан дар Россия ва Украина, дер боз интизор буданд. Ин қувваозмоӣ бояд ҳанӯз моҳи декабри соли 2008-ум ба вуқуъ мепайваст. Вале бо сабабҳо ва баҳонаҳои мухталиф он тӯли тақрибан панҷ сол ҳамеша ба вақти дигар ....
















