Чемпионати ҷаҳонии соли 1970
Чемпионати ҷаҳонии соли 1970 на танҳо як мусобиқаи футболӣ, балки саҳифаи тилоии таърихи ин бозӣ гардид. Ин мусобиқа, ки дар Мексика баргузор шуд, бо ҳунарнамоии беҳтарин дастаи таърих ва ҷовидона гардидани Ҷоми Жюл Риме дар ёд монд.
Чемпионати нуҳум дар кишвари Мексика аз 31 май то 21 июни соли 1970 баргузор гардид. Ин аввалин бор буд, ки Чемпионати ҷаҳон дар Амрикои Шимолӣ доир мешуд .
71 кишвар дар марҳилаи интихобӣ ширкат намуданд, ки ин рекорди нав буд. Ва билохира 16 тими миллӣ ба Чемпионат роҳхат пайдо карданд. Бозиҳо дар "Ацтека" Мехико, варзишгоҳи афсонавӣ, варзишгоҳҳои Гвадалахара, Пуэбла, Толука ва дигар шаҳрҳо доир гардиданд.
Бразилия бори сеюм дар таърихи худ қаҳрамони ҷаҳон гардид. Дар финал, ки 21 июн дар Варзишгоҳи "Ацтека"-и Мехико баргузор шуд, бразилиягиҳо дастаи Италия-ро бо ҳисоби 4:1 шикаст доданд.
Роҳи Бразилия ба финал. Дар даври гурӯҳӣ дастаи Бразилия бар ракибони худ, дастаҳҳои Чехословакия 4:1, Англия 1:0, Руминия 3:2 голиб баромада роҳҳро барои чорякфинал ҳамвор намуданд. Дар чорякфинал дастаи Перуро бо ҳисоби 4:2 ва дар нимфинал дастаи Уругвай 3:1 шикаст доданд.
Ситорагони мусобиқа. Пеле дар ин мусобиқа дурахшид. Дар финал ӯ аввалин голи бозиро зада дақиқаи 18 ва дар маҷмӯъ дар тӯли фаъолияти худ дар Чемпионатҳои ҷаҳон 12 гол ба сабт расонд. Ин сеюм ва охирин Чемпионати ҷаҳони ӯ буд .
Ин чемпионат ба сабабҳои зерин дар хотир мемонад:
- Ҷовидона гардидани Ҷом. Бразилия Ҷоми Жюл Римеро барои ҳамеша нигоҳ дошт.
- "Бозии аср". Нимфинали Италия – Олмони Ғарбӣ 4:3 пас аз вақти иловагӣ яке аз беҳтарин бозиҳои таърих шинохта мешавад. Дар вақти иловагӣ 5 гол зада шуд!
- Франц Беккенбауэр бо дасти шикаста бозӣ кард, зеро Олмон ивазкунанда надошт.
- Рекори Жаирзиньо. дар ҳар 6 бозии Бразилия гол зад.
- Загало. аввалин шахсе гардид, ки ҳамчун бозигар солҳои 1958, 1962 ва ҳам мураббӣ соли 1970 қаҳрамони ҷаҳон шуд.
- Марокаш бори аввал дар Чемпионатҳои ҷаҳон иштирок кард.
- Бозиҳои интихобии байни Ҳондурас ва Салвадор сабаби ҷанги футболӣ гардид.
Ин Чемпионат бо ҳавои тобистонии Мексика, рангҳои дурахшон ва ҳаяҷони баланд дар ёд мемонад. 32 бозиро 1,673,975 тамошобин тамошо карданд. Телевизион ба таври васеъ пахш кард, ки ин яке аз аввалин Чемпионатҳое буд, ки дар саросари ҷаҳон бо сифати баланд нишон дода шуд.
Чемпионати ҷаҳонии соли 1970 дар Мексика ҳамчун "Чемпионати тилоӣ" дар таърих сабт шуд. Бразилия бо роҳбарии Пеле, Жаирзиньо, Ривелино ва Тостон на танҳо сеюм ҷоми худро ба даст овард, балки ҳамчун беҳтарин дастаи таърихи футбол эътироф шуд. Гарчанде ки Олмон ва Италия бозии фаромӯшнашавандаро дар нимфинал пешниҳод карданд, пирӯзии Бразилия дар финал ин Чемпионатро ҷовидона гардонд. "Ҷовидонагардии Ҷоми Жюл Риме" ва рекорди Жаирзиньо то имрӯз ҳам ҳаяҷонбахш аст.
“Рӯзгор”
















