13:24:11 10-уми Августи 2026 сол

Бунёди ояндаи солим: Чӣ гуна варзиши Тоҷикистон дар чанд соли охир рушд кард?

Бо мақсади қадрдонии варзишгарону муараббиён, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш 10 август Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон муқаррар карда шудааст. Бо ин мақсад дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат чорабиниҳои гуногуни варзишӣ доир карда мешаванд.

Аҳамияти варзиш дар Тоҷикистон

varzishgaron 658895Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба варзиш ҳамчун «омили тарғиби ҳаёти солим ва таҳкими дӯстӣ байни мардум» аҳамияти калон медиҳанд. Имрӯзҳо соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат қарор дошта, бо дастгирию талошҳои пайваста ва сиёсати хирадмандонаву варзишпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он рӯз аз рӯз дар ҷомеаи имрӯза мавқеи басе муҳиму созгор пайдо менамояд. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат муносибат ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун омили тандурустиву тавонмандӣ ва воситаи муаррифии давлати соҳибистиқлол мазмуну моҳияти нав пайдо кард. Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, ки «мо ба хотири таъмини саломатии аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон, таблиғи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ соҳаи варзишро ҳамчун самти муҳими давлатдорӣ дастгирӣ менамоем».

Барои рушди соҳа чӣ корҳо анҷом дода шуданд?

Бояд иброз намуд, ки танҳо дар замони соҳибистиқлолӣ нисбат ба 70 соли замони пеш аз истиқлол теъдоди иншооти соҳаи варзиш дар мамлакат беш аз 9 маротиба афзоиш ёфтааст.

Тавре муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода иброз намуд, ба ҳолати 1 январи соли 2026 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мувофиқи маълумоти оморӣ 11 ҳазору 280 иншооти варзишӣ, новобаста аз шакли моликият ба қайд гирифта шудаанд. Инҳо 129 варзишгоҳ, 7 861 майдончаи варзишӣ, 2 321 толори варзишӣ, 107 ҳавзи шиноварӣ, 91 маҷмааи варзишӣ ва маркази солимгардонӣ, 771 иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес, билярд, каток, тенниси рӯи миз ва клубҳои ихтиёрӣ мебошанд, ки фаъолияти пурсамар доранд.

«Давоми нимсолаи якуми соли 2026 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 87 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 59 майдончаи варзишӣ, 24 толори варзишӣ, 2 маҷмааи варзишӣ ва маркази солимгардонӣ ва 2 варзишгоҳ ба маблағи 114 миллиону 619 ҳазору 400 сомонӣ сохта, ба истифода дода шудаанд, ки 61 миллиону 457 ҳазору 424 сомонии он аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва 53 миллиону 161 ҳазору 976 сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорону сарпарастон мебошад», -афзуд Муҳаммадтолиб Шокирзода.

Бояд ёдовар шавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таъсис дода шуд. Бо назардошти омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи дунё Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди намудҳои варзиши олимпӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Давоми соли 2023 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаде ба имзо расид, ки ғолибон ва ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдлимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд бо стипендияи моддии моҳонаи якумра ҳавасманд карда мешаванд.

Дастовардҳои варзишгарони Тоҷикистон

Натиҷаи ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки солҳои охир варзишгарони мамлакат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ пайваста иштирок намуда, бо сазовор гардидани ҷойҳои ифтихорӣ нуфузу эътибори сарзамини соҳибистиқлоламонро баланд бардошта, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.

Давоми соли 2026 бо шарофати варзишгарони мамлакат 278 маротиба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ баланд бардошта шуда, 76 маротиба Суруди миллӣ ба хотири дастоварди онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ садо додааст.

Дар маҷмуъ, дар самти варзиши касбӣ 5420 чорабинии варзишии касбӣ бо фарогирии 175 ҳазору 293 варзишгар баргузор карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 аз лиҳози чорабинӣ 108 адад ва аз лиҳози фарогирӣ 6 650 нафар зиёд мебошад.

Тоҷикистон — мизбони мусобиқаҳои байналмилалӣ

Дар доираи Тақвими чорабиниҳои байналмилалии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш соли 2026 Тоҷикистон мизбони 17 чемпионат ва мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалӣ, аз қабили мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ, ҷудо, кураш, тенниси рӯи миз, шоҳмот, камонварӣ, шиноварӣ ва футбол бо иштироки 1078 нафар (аз ҷумла 402 нафар занон) аз 28 давлати ҷаҳон гардид.

Инчунин марҳила ба марҳила доир намудани чорабиниҳои варзишии касбӣ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ба инобат гирифта шудааст, ки дар заминаи он 5333 чорабинии варзиши касбӣ бо фарогирии 172 ҳазору 420 нафар варзишгарон баргузор карда шуданд.

Варзиш – қосиди сулҳ, варзиш дӯстӣ, бародарӣ, солимии ҷомеа ва аз ҳама муҳим, муаррифи давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Варзиш яке аз василаҳои муҳими ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ, омили ташаккулдиҳандаи нерую тавоноии инсон ва инъикоскунандаи симои халқу миллат дар арсаи ҷаҳон маҳсуб мешавад. Шахсони солиму тавоно, ҷавонони соҳибмаърифат, аз лиҳози ҷисмониву руҳӣ обутобёфта ва ғаюру далер, меҳнатдӯст, ватанпарвар ва соҳиби ахлоқи неку шоиста барои ҳар давлати ҷаҳон муҳим мебошанд. Зеро ояндаи ҳар миллату давлат аз ин насли ҷавону умедбахш вобаста аст. Ҳукумати мамлакат ин нуктаро ба инобат гирифта, варзишро ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат эътироф намуда, барои пешрафти он, ҷалби васеи сокинони мамлакат бо мақсади оммавияти варзиш, солимгардонӣ ва тарбияи ҷисму руҳи солим пайваста тадбирҳои муассир меандешад.

Зарангези ЛАТИФ, АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ