Иштироки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ
Аз 19 сентябр то 4 октябри соли 2026 дар шаҳрҳои Айчи ва Нагояи Ҷопон Бозиҳои XX Осиёӣ баргузор мешаванд.
Тавре ба мо аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, имрӯз маросими гусели ҳайати варзишии мамлакат ба Бозиҳои Осиёӣ баргузор гардид.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки баромади ҳар варзишгар дар чунин мусобиқаҳо на танҳо майдони намоиши маҳорати касбӣ, балки василаи муаррифии Тоҷикистон ва арзишҳои миллӣ мебошад.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода иброз дошт, ки натиҷаҳои варзишгарон самараи омодагии ҷиддӣ, меҳнати мураббиён ва талошҳои пайваста мебошанд. Аз ин рӯ, аз ҳар узви дастаи мунтахаби мамлакат масъулияти баланд, маҳорати касбӣ ва садоқат ба Ватан талаб карда мешавад.
Дар идомаи чорабинӣ варзишгар оид ба риштаи бокс Миҷгона Самадова парчамбардори ҳайати мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Дар Бозиҳои имсола аз Тоҷикистон 187 нафар иштирок менамоянд, ки 107 нафар варзишгарон буда, аз рӯйи 22 намуди варзиш ҳунарнамоӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиёӣ дар ҳар чаҳор сол як маротиба баргузор мегарданд. Дар охирин мусобиқа- соли 2022 дар шаҳри Ҳангжоуи Чин ҷудочиёни тоҷик Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) медали тилло, Темур Раҳимов (+100 кг) медали нуқра ва Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.
АМИТ «Ховар»
















