Боғи Бадахшон: Ҳосил хуб, вале талаф меёбад
01.10.2013 15:23
1001
Боғи Бадахшон дар таъмин намудани мағозаҳо ва бозорҳои шаҳри Хоруғ аз маҳсулоти мевагӣ имрӯз метавонад саҳми бештар бигирад. Аммо барои коркард ва сифатнок ба савдо баровардани он шароити лозима мавҷуд нест. Алимамади Алимардон чанд сол боз дар ин боғ кор мекунад ва ҳар як бех ниҳолро хуб мешиносад. Чун пайваста ....
Сехи дузандагии Хоруғ як сол боз фаъолият мекунад
01.10.2013 15:21
1197
Кормандони сехи дузандагии шахри Хоруг фаъолияти яксолаашонро қайд мегиранд. Охири сентябри соли 2012 бо ташаббуси агентии таъминоти маводи назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин корхона дар шаҳри Хоруғ таъсис ёфт ва ба фаъолият шурӯъ намуд.
Ҳамоиши муколамаи забон ва фарҳанг дар Душанбе
01.10.2013 15:19
998
3-4 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҳомоиши "Муколамаи забон ва фарҳанги ИДМ ва СҲШ дар асри XXI" баргузор мешавад. Ҳамчуноне намояндаи хадамоти матбуотии Кумитаи иҷроияи ИДМ ба "Рӯзгор" гуфт, ҳамоиши мазкур аз ҷониби Донишгоҳи давлатии лингвистӣ гузаронида мешавад ва макони баргузории он Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт...
01.10.2013 15:18
940
Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳукми ҳамлаварон ба манзили Муродалӣ Алимардонро баъди 8 соли рӯйдод содир кард. Зайниддин Самадов ва Дилшод Мирзоев ҳар кадом 24 солӣ аз озлдӣ маҳрум гардиданд. Иштирокчи дигар ин ҳамла Умед Насриддинов бошад 2 сол ҳукм гирифтааст.
Омилони ҳамла ба манзили Алимардонов маҳкум мешаванд
25.09.2013 11:14
1085
Додгоҳи олии Тоҷикистон фардо, 26 сентябр, ҳукми омилони ҳамла ба манзили Муродалӣ Алимардон, ҳоло муовини сарвазир ва собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2005-ро эълон хоҳад кард. Як манбаъ дар ин ниҳод ба мо гуфт, мақомоти тафтишотӣ афроди ғоратгарро танҳо шурӯъи соли равон боздошт ...
«Хуни сабз»-и Эмом Алӣ дар рагҳои андешаи шеърдӯстони рус равон шуд
25.09.2013 09:13
1097
«Зеленая кровь» («Хуни сабз») чунин ном дорад маҷмӯаи нави шеърҳои шоир Эмом Алӣ (Эмомалӣ Мирзоев), ки моҳи гузашта дар шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия бо охирсухани Шоири Халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи Давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷоизаи давлатии ба номи Рудакӣ Мӯъмин Қаноат ба чоп расид. Шеърҳоро Светлана Чураева, тарҷумони ....
Даъвати Бобоназарова аз президент Раҳмон
23.09.2013 17:22
1076
Номзади Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон аз президенти Тоҷикистон даъват кардааст, ки риояи қонуниятро дар раванди интихобот таъмин кунад. Ойниҳол Бобоназарова, номзади Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) аз президенти Тоҷикистон даъват кардааст, ки риояи қонуниятро дар раванди ...
Коммунистҳо Исмоил Талбаковро номзад интихоб карданд
23.09.2013 17:19
986
Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бо баргузории анҷмуман, Исмоил Талбаков, муовини раиси ин ҳизбро номзад ба интихоботи прездентии 6 ноябр муаррифӣ кард. Хабарнигори мо, ки дар ин анҷуман иштирок дошт, гуфт, ки Исмоил Талбаков, аз ҷониби Шодӣ Шабдолов, раиси ин ҳизб пешниҳод шуд ва аз ҷониби кулли аъзоёни ҳизб пазируфта шуд.
Дар ҳамлаи "Ал-Шубоб" ба Найробӣ хориҷиҳо кушта шуданд
22.09.2013 16:05
973
Дар маркази тиҷоратии шаҳри Найробӣ то ҳанӯз садои тирандозӣ ба гӯш мерасад. Хабаргузории АП аз пойтахти кишвари африқоии Кения иттилоъ дод, ки гурӯҳи “Ал-Шубоб”-и Сомалӣ дар бинои марказии тиҷоратии "Уэстгейт" чандин нафарро гаравгон гирифтааст. Амалиёти вижа алайҳи ҳамлагарон аз рӯзи шанбе...
Парвози аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Саъудӣ
21.09.2013 11:24
1033
Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик субҳи имрӯз 21-уми сентябр ба Ҳаҷ сафар карданд. Бахтиёр Баҳромов, як масъули ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бо тасдиқи ин хабар рӯзи 21-уми сентябр ба мо гуфт, ки дар доираи барномаи давлатии «Ҳаҷ - 2013» аз имрӯз 21-уми сентябр интиқоли зоирин ба шаҳрҳои муқаддаси мусалмонон шурўъ шуд.
Бадахшон Раҳмонро ба анҷумани ҲХДТ вакил интихоб кард
21.09.2013 11:17
1026
Бахши вилоятии ҳизби ҳокими Халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти мухтори Бадахшон Эмомалӣ Раҳмонро вакил ба анҷумани навбатии ин ҳизб пешбарӣ кард.Қарор аст, анҷумани ҳизб дар авоили моҳи октябр дар Душанбе баргузор шавад. Мудири шӯъбаи таблиғот ва ташвиқоти кумитаи иҷроияи ҲХДТ ...
Олим Бобоев вориди феҳристи номзадони президентӣ шуд
21.09.2013 11:14
1111
Анҷумани 4-уми ғайринавбатии Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олим Бобоев, раҳбари ин ҳизбро номзад ба мансаби раиси ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард. Дар ин анҷуман, ки баъд аз зӯҳри ҷумъаи 20 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, оқои Бобоев бидуни рақиб ва бо аксари орои вукалои анҷуман ба унвони...
Монеаҳои ҷамъоварии имзо барои номзадии Бобоназароваро КМИР рад кард
19.09.2013 12:16
1002
Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон даъвои Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназароваро беасос хонд. Дирӯз 18-уми сентябр Ситоди интихоботии номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ (ИНИТ) зимни як баёния шадидан изҳори нигаронӣ карда буд, ки ҳукуматҳои маҳаллӣ дар маъракаи ҷамъоварии имзо ...
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ширкати "Газпром"-и Русия
18.09.2013 11:56
1024
Ин лаҳзаҳо дар Кохи Миллат дидору гуфтугӯи Алексей Миллер, раиси ширкати "Газпром" бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷиукистон оғоз шудааст. Ҷаноби Миллер, ки субҳи рӯзи 18-уми сентябр вориди Тоҷикистон шуд, муддати ду рӯз дар инҷо хоҳад монд ва масоили марбут ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба бо Тоҷикистон...
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт
17.09.2013 11:54
963
Дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд бо ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои чорошёнае мавриди истифода қарор дода шудааст, ки қарор аст дар он омӯзгорон зиндагонӣ кунанд. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Сардори давлат бинои мазкур аз хонаҳои се, ду ва якҳуҷраӣ иборат буда, бо 6 миллион сомонӣ дар заминаи як бинои нимасохт ....
















