11:03:54 11-уми Октябри 2026 сол

Имзои созишномаи нав оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ва дастгирии ҷавонони тоҷик

Дар шаҳри Осака дурнамои таҳсили донишҷӯёни Тоҷикистон дар донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон ва ҷалби омӯзгорони хориҷӣ баррасӣ гардид.

444 2827863580928053 3071327810593530029 nНамояндагони Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» таҳти роҳбарии директори муассиса Рамазон Одиназода бо мақсади таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва фароҳам овардани имконияти нави таҳсил барои ҷавонони Тоҷикистон ба Ҷопон сафар намуданд.

Дар доираи ин сафар ҳайати Тоҷикистон дар шаҳри Осака бо фаъолияти Муассисаи фарҳангии АКК (AKK Cultural Institute) ва шароити таълимии он барои донишҷӯёни хориҷӣ аз наздик шинос шуд. Бояд қайд кард, ки дар ин муассисаи бонуфуз айни замон зиёда аз 600 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба омӯзиши забони ҷопонӣ ва омодасозӣ барои ворид шудан ба донишгоҳҳои Ҷопон фаро гирифта шудаанд.

Зимни вохӯрии роҳбарони сохторҳо Созишномаи муҳим оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ва дастгирии донишҷӯёни тоҷик ба имзо расид, ки унсурҳои зеринро фаро мегирад:

- Ба роҳ мондани омӯзиши зина ба зинаи забони ҷопонӣ дар заминаи «Маркази барномаҳои байналмилалӣ».

- Овардани омӯзгорони соҳибзабони ҷопонӣ барои таълими ҷавонон дар Тоҷикистон.

- Дастгирии донишҷӯёни тоҷик дар самти гирифтани раводиди (визаи) таҳсилӣ ва мутобиқшавӣ ба муҳити нави таълимӣ.

- Тайёр намудани ҷавонони соҳибистеъдод барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои олии Ҷопон.

Татбиқи амалии ин созишнома барои ҷавонони Тоҷикистон уфуқҳои нави илмиро боз намуда, ба рушди ҳамкориҳои мустақими таълимии ду кишвар такон хоҳад бахшид.

“Рӯзгор”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ