Навоз Шариф ҳамлаи мушакии Амрикоро маҳкум кард
05.06.2013 11:22
1075
Нахуствазири ояндаи Покистон Навоз Шариф ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрикоро, ки муҷиби кушта шудани фармондеҳи дуввуми Толибон дар Покистон шуда буд, маҳкум намуд.
Ҳамкориҳо бо бонки Рушди АвруОсиё баррасӣ шуданд
05.06.2013 11:20
1096
Бино ба иттилои дафтари матбуотии вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода бо Рашид Қодиров, роҳбари Намояндагии Бонки рушди АвруОсиё дар Тоҷикистон, масъалаҳои энергетика ва саноат ва рушди соҳибкории хусусӣ ва сармоягузории хориҷиро мавриди баҳсу баррас қарор доданд.
Садамаи маргбор ҷони журналистро рабуд
05.06.2013 11:19
1078
Садамаи нақлиёт ҷони хабарнигори "Тоҷикистон" ва сомонаи Pressa.tj. дар вилояти Суғд Барно Абдураҳмоноваро рабуд. Ин ҳодисаи мудҳиш шаби 30 май дар наздикии театри Ҷавонони пойтахти кишвар рух дод.
Сарвазир зарари бетартибиҳои оммавиро 4 миллион доллар эълон кард
05.06.2013 11:17
1057
Сарвазири Қирғизистон Жанторо Сотиболдиев зарари расида аз бетартибиҳои оммавӣ, ки ҳафтаи гузашта дар ин кишвар воқеъ шудааст, баробар ба 4 миллион доллари амрикоӣ эълон кардааст.
Идомаи тазоҳуроти хушунатбор дар Истамбул
05.06.2013 11:15
899
Пулиси Истамбул ба муқобили тазоҳуркунандагон, ки рӯзи 1 июн дар майдони марказии Тақсим гирди ҳам омада буданд, аз мошинҳои обпош ва гази ашковар истифода бурд. Тибқи иттилои Associated Press аз тариқи пули Босфор ҳудудан 500 нафар ба самти майдони Тақсим ҳаракат карданд, вале ба муқовимати пулис рӯ ба рӯ гаштанд. ....
Ҳалокати одамон бар асари гармии моҳи май
05.06.2013 11:14
916
Тибқи иттилои департаменти ҳолатҳои фавқулоддаи вазорати корҳои дохилии Ҳиндустон зарфи ду моҳи охир дар ин кишвар ҳудудан 500 нафар бар асари гармои тақатшикан ҷони худро аз даст доданд.
Хуруҷи бемории меъдаи Зайд Саидов
05.06.2013 11:13
925
Вакилони дифои Зайд Саидов, соҳибкори муваффақи тоҷик, ки аз 19 май ба инҷониб дар боздоштгоҳ ба сар мебарад, аз интизории шахси зерҳимояашон ба муоинаи табибон хабар додаанд.
Чархболи президенти Эрон ба садама дучор шуд
05.06.2013 11:11
938
Расонаҳои эронӣ аз садамаи чархболи президенти ин кишвар Маҳмуди Аҳмадинажод дар баландиҳои кӯҳи Албурз хабар доданд.
Намоишҳои эътирозӣ 67 шаҳри Туркияро фаро гирифтанд
05.06.2013 11:09
879
Дар ҷараёни беназмиҳо дар Туркия бештар аз 1700 нафар боздошт шуданд, вале намоишҳои эътирозӣ ба сурати пароканда ҳамоно идома доранд. Дар ин бора рӯзи душанбе France-Presse истинодан ба вазири умури дохилии ин кишвар Муаммар Гюлер иттилоъ дод. Вазир гуфтааст, ки аксари дастгиршудагон баъди сӯҳбатҳои муқаддамотӣҷавоб дода шуданд.
Бонки ҷаҳонӣ ба 22 ҳазор тоҷикистонӣ ҷои кор медиҳад
04.06.2013 16:45
1027
Бонки ҷаҳонӣ барои тақкими амнияти озуқавории Тоҷикистон ба татбиқи барномаи беҳбуд бахшидани вазъи кишоварзӣ дар 12 ноҳияи ин кишвар оғоз кард, ки маҷмуан 43,9 миллион долларро дар бар мегирад.
"Тоҷиктрансгаз" коргаронашро ба рухсатии бемуҳлат фиристод
01.06.2013 09:15
1057
Бинобар қатъи интиқоли газ аз Узбакистон, ширкати «Тоҷиктрансгаз» аксари кулли кормандонашро ба рухсатии бемӯҳлат фиристодааст.Саидаҳамад Шарофиддинов, раиси ширкати «Тоҷиктрансгаз» дар сӯҳбат ба мо гуфт, ба ғайр аз 4 шасхи масъул, бақияи корманди ширкат ба рухсатии бемуҳлат фиристода шудаанд...
Чин ба бозори матбуоти Тоҷикистон ворид мешавад
31.05.2013 17:29
1465
Имрӯз, ҷумъаи 31 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон муаррифии маҷаллаи чинии «Контимост» баргузор гардид. Хабарнигори мо, ки дар маросими муаррифии ин маҷаллаи чинӣ ширкат дорад, гуфт, «ин маросим бо ширкати мақомоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва масъулони сафорати Чин дар Душанбе ва ноширони ...
Таҳдид ба боз як узви Тоҷикистони нав
29.05.2013 17:42
1500
Мавҷуда Соҳибназарова, як узви Гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав дар пайи дарёфти нома ва зангҳои таҳдидомез ба Кумитаи амнияти миллӣ муроҷиат кардааст. Мавҷуда Соҳибназарова рӯзи 29-уми май ба мо гуфт, ки аз тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва телефон ба ӯ аз тарафи афроди ношинос таҳдид шудааст ...
Президент Бозор Собирро дар Қасри Миллат пазироӣ мекунад
29.05.2013 17:35
1281
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 30 май шоири саршиноси тоҷик Бозор Собирро дар Қасри Миллат ба ҳузур мепазирад. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, «мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Бозори Собир панҷшанбеи 30 май соати 10. 30 дадиқа дар Қасри Миллат сурат мегирад».
5,5 соли зиндон ба гумонбари асосии марги Ҳамза Икромзода
29.05.2013 17:33
1108
Гумонбари асосӣ дар марги маҳбус Ҳамза Икромзодаро ба 5,5 соли зиндон маҳкум кардаанд. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахти Тоҷикистон рӯзи 29 май корманди фаврии маҳбаси рақами як Маҳмуд Исмоилов – гумонбари асосӣ дар латукӯби маҳбус Ҳамза Икромзодаро ба 5 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард.
















