04:46:44 09-уми Сентябри 2026 сол
ТАВОФУҚОТ ДАР БОРАИ БУНЁДИ 3 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ БО ҶАЛБИ 122 МИЛЛИОН ДОЛЛАР 18.12.2012 21:52 1135
Тибқи 4 санади нави ҳамкорӣ, ки дар охири анҷумани соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Туркия ба имзо расид, бо ҷалби 122 миллион доллари амрикоӣ аз Туркия 3 корхонаи саноатӣ бунёд меёбад.
МУЛОҚОТ БО РАИСИ ПАРЛУМОНИ ТУРКИЯ 18.12.2012 21:50 1133
Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии (Парлумон)-и Ҷумҳурии Туркия Ҷемил Чичек мулоқот намуд. Дар мулоқот масоили ҳамкории байнипарлумонӣ ва дигар ҷанбаҳои муносиботи дӯстонаи Тоҷикистону Туркия баррасӣ шуд.
ИШТИРОК ДАР МАРОСИМИ “ШАБИ АРУС” 18.12.2012 21:49 1186
Бегоҳи рӯзи 17 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қунияи Туркия дар маросими “Шаби Арус”, ки манзур аз он ёдбуд аз Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ дар рӯзи вафоти ин шоиру орифи оламшумул мебошад, иштирок намуд.
ПЕШБИНИИ БЕШ АЗ 300 МИЛЛИОН СОМОНӢ БА МОИ 17.12.2012 14:15 1114
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи 6-уми Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) дар Тоҷикистон баргузор гардид.Аз вазорати мазкур ба сомонаи «Рӯзгор» иттилоъ доданд, ки ин нишаст бо дастгирии дафтари Созмони ...
ИМОМХАТИБОНИ МАСҶИДҲОИ ДУШАНБЕ АЗ АТТЕСТАТСЯ ГУЗАШТАНД 17.12.2012 14:12 1210
Мувофиқакуниии имомхатибони масҷидҳои ҷомеи Тоҷикистон тибқи талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» идома дорад.Аз Кумитаи оид ба корҳои дини Тоҷикистон ба сомонаи «Рӯзгор» иттилоъ доданд ...
МАЪЛУМОТИ НОДУРУСТ БОИСИ АФЗОИШИ ҚАРЗИ КИТОБҲОИ ИҶОРА ГАРДИД 17.12.2012 14:10 1078
Комил Исоев, директори Маркази ҷумҳуриявии таҳия ва табъу нашри китоб зимни як ҳамоише, ки дар Душанбе баргузор гардид, иброз намуд, ки дар Тоҷикистон қарз аз ҳисоби иҷораи китобҳои дарсӣ давоми 10 сол беш аз 22 миллиоу 281 ҳазор сомониро ташкил додааст.
РУСИЯ МАЙЛИ БОЗГАШТ БА МАРЗҲОИ ТОҶИКИСТОНРО ДОРАД 17.12.2012 10:13 1123
Русия ҳанӯз ҳам дар сар ҳавои бозгашт ба марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистонро дорад. Як дипломати баландпояи Русия гуфтааст, агар Тоҷикистон бихоҳад, кишвараш ҳозир аст, сарбозони русро дигарбора барои посбонии марзи Тоҷикистону Афғонистон бифристад.
АҲМАДИНАЖОД АЗ САФАР БА ТУРКИЯ ХУДДОРӢ КАРД 17.12.2012 10:02 1132
Тибқи иттилои хабаргузориҳои туркӣ, раиси ҷумҳури Эрон боздиди барномарезишудаи худ аз Анатолия-маркази маъмурии вилояти Қунияи Туркияро лағв кардааст. "Анадолу"-хабаргузории давлатии Туркия ба қавл аз як манбаъ дар дафтари раёсати ҷумҳурии Эрон гуфтааст, Аҳмадинажод бино ба гирифториҳои зиёди корӣ, наметавонад ин боздидро анҷом диҳад.
Э.РАҲМОН ДАР МАРОСИМИ "ШАБИ АРӮС" ИШТИРОК МЕКУНАД 15.12.2012 11:41 1221
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 15-уми декабр, бо сафари расмӣ озими Туркия шуд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон тайи ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Туркия, Абдулло Гул, сарвазири ин кишвар ...
ТИРАНДОЗИИ МАРГБОР ДАР МАКТАБЕ ДАР АМРИКО 15.12.2012 11:34 1182
Дар натиҷаи тирандозии як шахс дар мактабе дар шаҳраки Нютауни аёлати Коннектикут, ба камияш 27 нафар кушта шудаанд.Бино бар хабарҳо, 20 тан аз 27 нафар дар мактаби ибтидоии “Сэндӣ” кушта шуда, 14 тани онҳо кӯдакон будаанд.
МАСКАВ ТАСДИҚ КАРД, КИ "МУҲОҶИРОН ПУЛИ ХУДРО ПУРРА НАГИРИФТААНД" 14.12.2012 19:40 1093
Шаҳрдории Маскав барои ҳалли мушкили муҳоҷирони мӯътаризи тоҷик, тасмим гирифтааст, онҳоро дар ихтиёри корфармои нав гузорад. Шаҳрдории Маскав дар сӯҳбат бо расонаҳои русӣ таъхири пардохти маош ба муҳоҷирони тоҷик дар ноҳияи Измаилови Шимолиро тасдиқ кардааст.
БАРРАСИИ ИСТИСМОРИ МЕҲНАТИ КӮДАКОН ДАР ВАО 14.12.2012 09:36 1305
«Инъикоси истисмори меҳнати кӯдакону наврасон дар ВАО», таҳти чунин унвон имрӯз, 14-уми декабр, соати 9:00 дар Шаҳраки донишҷӯёни ДМТ семинари омӯзишӣ баргузор мешавад.Аз дафтари намояндагии Созмони байналмиллалии муҳоҷират дар Тоҷикистон ...
БЕШ АЗ 100 МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ИНТИЗОРИ ИХРОҶ АЗ РУСИЯ 14.12.2012 09:16 1023
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, айни ҳол беш аз сад муҳоҷири тоҷик дар Маскав дар ҳоли ихроҷ қарор доранд. Ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон, 111 муҳоҷири тоҷик дар Маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷии рақами ...
ШАҲРДОРИИ ДУШАНБЕ: СОЛИ НАВ БОШУКӮҲ ТАҶЛИЛ ХОҲАД ШУД 13.12.2012 15:33 1312
Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, ҷашни Соли нави милодӣ дар пойтахт бошукӯҳтар аз солҳои пешин таҷлил хоҳад шуд.Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, рӯзи панҷшанбеи 13-уми декабр дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси Миллӣ таъкид кардааст ...
«KHODAY GROUP OF INDUSTRIES» ДАР ТОҶИКИСТОН БА СОХТМОНИ НЕРӮГОҲҲО ШУРӮЪ МЕКУНАД 11.12.2012 16:26 1333
Эҳтимол аст боз як ширкати хориҷӣ бо номи «Khoday Group of Industries» дар бахшҳои гуногуни Тоҷикистон ба сармоягузорӣ оғоз намояд.Эҳтимолияти сармоягузорӣ намудани ширкати «Khoday Group of Industries»-и Ҳиндустон ба соҳаҳаҳои мухталифи ...