23:13:16 24-уми Октябри 2026 сол
Оҷонсии зиддикоррупсия: Журналисти ТВ бо ришва боздошт шуд 15.04.2015 22:18 1163
Мақомоти тафтишотӣ муҳаррири идораи сиёсии Шабакаи аввали Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистонро дар гирифтани пора муттаҳам мекунанд.
Раиси пешини “ТоҷикЭйр” аз “ИмрӯзNews” ба додгоҳ шикоят бурд 15.04.2015 22:14 1149
Ҳокимшо Тиллоев, собиқ раиси ширкати “ТоҷикЭйр”, алайҳи рӯзномаи “ИмрӯзNews” ба додгоҳ шикоят бурдааст.
Кушта шудани 7 ҷангии тоҷик дар Ҷурми Бадахшон 13.04.2015 23:35 1129
Мақомоти Бадахшони Афғонистон кушта шудани беш аз ҳафт тан аз ҷангиёни зодаи Тоҷикистон дар даргириҳои минтақаи Ҷурми ин вилоятро таъйид карданд.
Мулоқот бо губернатори музофоти Гёнсангбук-до Ким Кван-йон 11.04.2015 10:34 1065
Имрӯз дар шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо губернатори музофоти Гёнсангбук-до Ким Кван-йон мулоқот намуд.
Боздошти 2 тоҷик дар марзи Туркия бо Сурия 06.04.2015 09:27 1177
Мақомоти вилояти Ғозиёнтеппаи Туркия гуфтанд, ду шаҳвранди Тоҷикистонро боздошт кардаанд, ки қасди сафар ба Сурия ва нияти пайвастан ба гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро доштаанд.
"Гурӯҳи Афғонистон"-и СПАД дар Душанбе ҷамъ меояд 31.03.2015 22:54 1294
Мавзӯи меҳварии ҷаласаи Шӯрои вазирони хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, қи қарор аст ин ҳафта дар Душанбе доир шавад, баҳси пешгирии хатар ва чолишҳои муосир дар минтақа, хоҳад буд.
Тақозои додситонии кулл аз ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон 31.03.2015 22:44 1277
Додситонии кулли Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба вазоратхона ва идораҳои қудратии кишвар тақозо кардааст, ҳангоми боздошти афроди гумонбар ба амалҳои ҷиноӣ номашон ошкор нашавад.
Консерти муштараки наврӯзӣ 22.03.2015 11:30 1328
21-марти соли 2015 дар пойтахти кишвар, дар толори консертии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ройзании Фарҳангии ҶИЭ дар Тоҷикистон консерти муштараки ҳунармандони мусиқии...
Муфаттиш: “Латукӯби Баҳриддин қасдан сурат гирифтааст” 11.03.2015 21:47 1255
Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, шахсе, ки ҳамхизматаш Баҳриддин Насриддинов - сарбози вазорати дифои Тоҷикистонро латукӯб кард, боздошт шудааст. Баҳриддин аз чанд рӯз ба ин тараф дар бемористон бистарӣ мебошад.
Боздошти як муборизи зидди фасод бо ҷурми фасод 11.03.2015 21:45 1177
Як сокини ноҳияи Бохтар бо муаррифӣ кардани худ ҳамчун раҳбари як созмони мубориза бо коррупсия, ҳазорон доллари мардумро ба ҷайб задааст. Ӯҳоло дар боздошт қарор дорад.
Мақомот даргузашти "Шайх Темур"-ро рад карданд 10.03.2015 15:13 1243
Мақомоти идораи зиндонҳо овозаҳо дар мавриди даргузашти “Шайх Темур”дар боздоштгоҳро рад карданд. Ин рӯҳонӣ аз 16 феврал дар боздошт қарор дорад.
Эмомалӣ Раҳмон вазири кишоварзиро аз мақом барканор кард 10.03.2015 15:10 1202
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо амрҳои худ рӯзи сешанбе Қосим Раҳбарро аз мақоми вазири кишоварзӣ озод ва дар ин мақом Зокиров Муҳаммадтоҳирро таъин кард.
Ид муборак, модарону хоҳарону бонувони азиз! 08.03.2015 11:46 1228
Модарону хоҳарон, бонувони азиз! Иди «Рӯзи Модар» барои ҳамаи мову Шумо, азизони дил, муборак бод! Пайғамбарону дӯстони Худо, дигар бузургони олам, ҳамагӣ талош кардаанд, ки васфи Шуморо бикунанд.
Ҳушдори Антонов аз таҳдиди "Давлати исломӣ" ба Тоҷикистон 06.03.2015 16:00 1095
Анатолий Антонов, муовини вазири дифои Русия рӯзи 5-уми март зимни нишасти хабарӣ дар Маскав гуфтааст, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон ҳузури фаъол дорад ва ба амнияти Тоҷикистон таҳдид мекунад.
Умаралӣ Қувватов дар Истамбул кушта шуд 06.03.2015 08:25 1148
Роҳбари "Гурӯҳи 24" ва мухолифи ҳукумати Тоҷикистон УмаралӣҚувватов бо зарби тир дар шаҳри Истамбули Туркия ба ҳалокат расидааст.Мақомоти Туркия тасдиқ карданд, ки УмаралӣҚувватов, роҳбари "Гурӯҳи 24" ва аз мунаққидони сарсахти ҳукумати Тоҷикистон дар минтақаи Фотеҳи шаҳри Истамбули Туркия ...

sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854