00:45:39 13-уми Сентябри 2026 сол

Дар Берлин 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд

Дар шаҳри Берлин 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бошукуҳ таҷлил намуданд. Дар чорабинии идона намояндагони мақомоти давлатии Олмон, вакилони Бундестаг, аъзои корпуси дипломатии муқими Берлин, доираҳои иқтисодию фарҳангӣ, намояндагони расонаҳо ва ҳамватанони муқими Олмон иштирок намуданд.

jashn dar berlin 45874545Сафири Фавқулода ва Мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов оид ба роҳи тайкардаи мамлакат дар 35 соли соҳибистиқлолӣ, таҳкими давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот ва дастовардҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфт. Ҳамзамон ба рушди муносибатҳои Тоҷикистону Олмон давоми беш аз се даҳсола, саҳми ҳамкории рушд ва муколамаи сиёсӣ дар таҳкими робитаҳои дуҷониба, инчунин дурнамои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду сармоягузорӣ, энергетика, муҳити зист, илму маориф ва робитаҳои байни мардумон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Вазири давлатии Вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон Гунтер Крихбаум мардуми Тоҷикистонро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик гуфт ва ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Олмон ва густариши ҳамкории дуҷониба таманниёти нек баён намуд.

Барномаи тантанавии чорабинӣ бо иҷрои сурудҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон аз ҷониби пианинонавози Балети давлатии Берлин Нодира Бурҳонова оғоз ёфт.

Дар доираи чорабинӣ ҳамчунин намоишгоҳи фарҳангӣ баргузор гардида, тавассути намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, китобҳо ва аксҳо таъриху фарҳанги ғанӣ, табиати нотакрор ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ба меҳмонон муаррифӣ карда шуданд.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ