01:46:21 13-уми Сентябри 2026 сол

Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд

Аз 8 то 10 сентябр дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ аз Тоҷикистон намояндагони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»–и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

VKD-1 interpol 548745Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти бюроҳои миллии марказии «Интерпол» ва густариши мубодилаи иттилооти оперативӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардиданд.

Иштирокчиён инчунин масъалаҳои муборизаи муштарак бар зидди ҷинояткории киберӣ, терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, савдои одамон ва дигар намудҳои ҷинояткории фаромиллиро муҳокима намуданд.

Вохӯрӣ дар таҳкими ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкории муштарак нақши муҳим гузошт.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ