21:08:20 14-уми Сентябри 2026 сол

Сафири Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои иқтисодии ИДМ дар Ашқобод иштирок намуд

Дар шаҳри Ашқобод ҷаласаи 111-уми Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид, ки дар он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода иштирок намуд.

photo 2026-09-14 14-57-19Тавре ба мо аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон хабар доданд, дар ҷараёни ҷаласа роҳбарони ҳайатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табодули афкор намуданд.

Иштирокчиёни ҷаласа инчунин лоиҳаҳои санадҳоеро, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона гардидаанд, баррасӣ карда, оид ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ