Ифтитоҳи озмоишгоҳи нав дар филиали ДЭМ дар Душанбе
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нави бисёрфунксионалӣ ба истифода дода шуд.
Дар озмоишгоҳ аз фанҳои асосии самти энергетикаи барқӣ ва электротехника корҳои озмоишӣ гузаронида мешаванд. Таҷҳизоти муосири озмоишгоҳӣ ва маҷмааҳои ченкунӣ ба донишҷӯён имкон медиҳанд, ки на танҳо донишҳои назариявӣ гиранд, балки малакаҳои амалии моделсозии низомҳои энергетикӣ, танзими муҳофизати релегӣ, омӯзиши равандҳои гузаранда, таҳлили сифати неруи барқ, талафоти неруи барқ ва усулҳои сарфаи энергияро азхуд намоянд.
Озмоишгоҳи нав чун қисми муҳими муҳити муосири таълимии филиал ба омода намудани мутахассисони баландихтисоси муҳандисӣ, ки барои рушди минбаъдаи соҳаи энергетикаи Тоҷикистон заруранд, мусоидат мекунад.
АМИТ «Ховар»
















