22:26:15 15-уми Сентябри 2026 сол

Таҷлили 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон дар Кувайт

Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид.

1 photo 2026-09-15 14-12-38Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар чорабинӣ Вазири корҳои иҷтимоии Давлати Кувайт Нура Ал-Машъон, сафирон ва роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, аъзои ҷамъияти тоҷикон ва дигарон иштирок карданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо ишора ба дастовардҳои азиме, ки Тоҷикистон дар тӯли 35 соли истиқлол таҳти роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил шуд, таъкид кард, ки мамлакати мо ба сулҳ, ваҳдати миллӣ, рушди пойдор ва сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна, мутавозин ва созанда пойбанд аст.

Сафир бо таъкид бар ҷойгоҳи хосаи Давлати Кувайт дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон, изҳор дошт, ки ҳамкории ду мамлакат аз замони барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ дар соли 1995 пайваста густариш меёбанд. Дар ин росто, ӯ бар аҳаммияти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кувайт дар моҳи ноябри соли 2024 таъкид намуда, аз ифтитоҳи Сафорати Кувайт дар Душанбе ва оғози фаъолияти нахустин сафири муқими кувайтӣ дар Тоҷикистон истиқбол кард.

Хусрав Нозирӣ бо таъкид бар аҳаммияти табдил додани муносибатҳои қавии сиёсӣ байни ду мамлакат ба ҳамкории густардаи тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва иқтисодӣ, ба хусус дар арсаҳои зерсохт, кишоварзӣ, энергетика ва гардишгарӣ, аз саҳми арзишманди Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ дар амалисозии лоиҳаҳои рушд дар Тоҷикистон ёдоварӣ кард ва изҳори умедворӣ намуд, ки Панҷумин нишасти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ роҷеъ ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва фаннӣ дар Душанбе дар наздиктарин фурсат баргузор шавад.

Сафир бо ишора ба парвозҳои мустақими Кувайт–Душанбе, ки онро ширкати ҳавопаймоии Jazeera Airways анҷом медиҳад, изҳор дошт, ки пули ҳавоӣ байни ду пойтахт ба густариши гардишгарӣ, тиҷорати дуҷониба, сармоягузорӣ ва мубодилаи фарҳангӣ мусоидат мекунанд.

Дар анҷом таъкид кард, ки барои Тоҷикистон таҳкими ҳамкорӣ бо Давлати Кувайт ва тамоми шарикони байналмилалиаш ҷиҳати таъмини сулҳу субот, рушди пойдор ва шукуфоии муштарак дар авлавият қарор дорад.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ