22:26:32 15-уми Сентябри 2026 сол

Тоҷикистону Чин робитаҳои байнипарламентиро густариш медиҳанд

Имрӯз муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Гиёзода бо ҳайати Кумитаи кишоварзӣ ва корҳои деҳоти Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин вохӯрӣ намуд.

2 324144731 108550147906589245 n-2Иброз гардид, ки имрӯз муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар сатҳи ниҳоят баланд қарор доранд. Ба онҳо эътимоди сиёсӣ, эҳтироми мутақобила ва дастгирии пайвастаи манфиатҳои дарозмуддати якдигар хос мебошад. Дар ин раванд иродаи сиёсӣ ва таваҷҷуҳи шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин нақши муҳим доранд.

Такъид шуд, ки созишномаҳои дар сатҳи олӣ бадастомада имкониятҳои васеъро барои таҳкими минбаъдаи шарикии стратегии мо фароҳам меоранд. Дар ин раванд ҳамкории байнипарламентӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Парламентҳо такягоҳи муҳимми муносибатҳои дуҷониба мебошанд. Онҳо барои муколамаи доимӣ, табодули таҷриба ва таъмини қонунгузорӣ ва созишномаҳои дар сатҳи олӣ бадастомада имконият фароҳам меоранд.

Изҳор гардид, ки Тоҷикистон муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегиро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин баланд арзёбӣ менамояд.

«Мо ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои мустақим байни Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин манфиатдор ҳастем. Рушди ҳамкорӣ байни кумитаҳои соҳавиро махсусан муҳим арзёбӣ менамоем. Ба он боварем, ки ҳамкориҳои зичи парламентӣ ба таҳкими минбаъдаи эътимоди мутақобила ва ҳамкории амалӣ байни кишварҳои мо мусоидат хоҳад кард», — изҳор намуд Азиз Гиёзода.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ