Тоҷикистону Эрон имконоти татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузориро баррасӣ карданд
Дар шаҳри Душанбе вохӯрии роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати роҳбарии Вазорати саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.
Бино ба иттилои Кумитаи сармоягузорӣ, ҳадафи асосии ин нишаст муаррифии имконоти сармоягузории Тоҷикистон ва пайдо кардани роҳҳои нави ҳамкории иқтисодӣ будааст. Ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҷалби сармоя ва шароити татбиқи лоиҳаҳои муштаракро ҳамаҷониба баррасӣ намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот таваҷҷуҳи махсус ба густариши робитаҳои мустақими соҳибкорони ду кишвар равона карда шуд. Мусоҳибон таъкид доштанд, ки истифодаи самараноки имконоти мавҷуда метавонад ба роҳандозии ташаббусҳои нави тиҷоратӣ заминаи мусоид гузорад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҳайатҳои Тоҷикистону Эрон барои идомаи муколамаи созанда ва тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахши сармоягузорӣ изҳори омодагӣ намуданд.
“Рӯзгор”
















