20:10:26 25-уми Сентябри 2026 сол

Душанбе — мизбони ҳамоиши Ассамблеяи парламентии Осиё

Имрӯз дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бори нахуст ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба кори худ оғоз намуд.

1 khabar ruzgor 1221455Дар ин ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ Дабири кулл, котиботи Ассамблея ва роҳбарону ҳайатҳои парламентии беш аз 20 давлати қитъаи Осиё, аз ҷумла Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Арабистони Саудӣ, Чин, Русия, Эрон, Туркия, Покистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо гирди ҳам омадаанд.

Мутахассисони соҳа бар ин боваранд, ки мизбонии Тоҷикистон аз ин нишаст идомаи мантиқии дипломатияи фаъоли парламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар мебошад. Мақсад аз ин ҳамоиш таҳкими муколамаи рости байнипарламентӣ, тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва баррасии муштараки чолишҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ дар қитъа арзёбӣ мешавад.

Ассамблеяи парламентии Осиё аз ниҳодҳои калидии ҳамкориҳои байниқатъавӣ ба шумор рафта, ҳадафаш рушди ҳамдигарфаҳмӣ, мусоидат ба сулҳу субот ва табодули таҷрибаи қонунгузорӣ мебошад. Кумитаи доимии он масъалаҳои ҳаётан муҳим, мисли ҳифзи мероси фарҳангӣ, рушди инсонӣ, тандурустӣ, иштироки занон дар сиёсат ва сайёҳиро фаро мегирад.

Қобили зикр аст, ки ин ҳамоиши сатҳи баланд дар соле баргузор мешавад, ки шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё эълон гардидааст. Коршиносон интихоби Душанберо ҳамчун маркази ин ҳамоиш, нишонаи возеҳи эътирофи сиёсати созанда ва дурандешонаи роҳбарияти олии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ медонанд.

Гуфта мешавад, ки ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё то 27-уми сентябр идома хоҳад кард.

“Рӯзгор”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ