00:04:36 26-уми Сентябри 2026 сол

Муҳаммадризо Маҷидӣ: “Сулҳ танҳо набудани ҷанг нест, балки фарҳанг аст”

Осиё қораи тамаддунҳои бузург, забонҳои бостонӣ ва роҳҳои таърихии муколамаи байни халқҳост. Фарҳанг барои Ассамблеяи парламентии Осиё (АПО) на танҳо масъалаи мероси гузашта, балки пояи асосии ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории кунунӣ маҳсуб мешавад. Ин матлабро имрӯз Котиби генералии Ассамблея Муҳаммадризо Маҷидӣ зимни ҷаласаи Кумитаи доимии АПО оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе изҳор дошт.

2 Muhammadrizo-MachidiТаҳлилгарон ба ташаббусҳои навбатии ин ниҳод таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд. Ба гуфтаи ҷаноби Маҷидӣ, дар ҷаласаи пленарии ахири Ассамблея дар шаҳри Манамаи Баҳрайн, пешниҳод оид ба эълони даҳсолаи муколамаи фарҳангӣ дар Осиё қабул гардидааст ва ҳоло Котибот дар ҳамкорӣ бо парламентҳои аъзо ба амалисозии он омодагӣ мебинад.

Мавсуф роҷеъ ба фалсафаи сулҳхоҳӣ андешаронӣ карда, таъкид намуд: «Сулҳ танҳо набудани ҷанг нест, балки сулҳ фарҳанг аст. Фарҳанги гуфтугӯ, эҳтироми мутақобила, гӯш додан пеш аз доварӣ ва пазируфтани тафовутҳо созандаи сулҳи воқеист».

Дар ҳамин ҳол, Котиби генералии АПО пешниҳод намуд, ки ба рӯзномаи нишаст мафҳуми «фарҳанги об» низ ворид карда шавад. Ин иқдом ба баррасии фарҳанги масъулиятпазирӣ ва ҳифзи захираҳои табиӣ дар қитъа такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Коршиносон интизор доранд, ки тавсияҳои нишасти Душанбе заминаи ҳуҷҷатҳои стратегиро барои ҷаласаи навбатии пленарии Ассамблея муҳайё месозанд.

“Рӯзгор”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ