21:15:15 24-уми Ноябри 2026 сол

Ҷоизаи олии «VIVA AZERBAIJAN» насиби ҳунарманди тоҷик шуд

Аз 17 то 20 ноябр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши бонуфузи фарҳангӣ ҳунарманди шинохтаи Тоҷикистон Зубайр Каримов маҳорати баланди иҷрокунандагӣ нишон дода, сазовори ҷойи аввал ва ҷоизаи олии озмун гардид.

111 photo 2026-11-23 10-10-59Дар маросими ифтитоҳи фестивал намояндаи Тоҷикистон суруди ватандӯстонаи «Республика моя» ва асари машҳури итолиёвии «O Sole Mio»-ро бо сабки хос ва садои ҷаззоб иҷро намуд, ки боиси истиқболи гарми тамошобинон ва баҳои баланди ҳакамон гардид. Ҳамзамон, бо ин пирӯзӣ Зубайр Каримов соҳиби роҳхати ройгон барои ширкат дар озмуни байналмилалии «Viva Italia» шуд.

Дар фестивали мазкур ҳунармандон, сарояндагон, навозандагон ва гурӯҳҳои эҷодӣ аз кишварҳои гуногун дар бахшҳои зерин ҳунарнамоӣ карданд:

Санъати овозхонӣ ва мусиқӣ: Иҷрои академӣ, эстрадӣ ва навозандагӣ.

Санъати тасвирӣ ва рақс: Хореография, санъати тасвирӣ ва ороиши амалӣ.

Ҳадафи меҳварии ин чорабинӣ кашфи истеъдодҳои нав, табодули таҷрибаи эҷодӣ миёни ҳунармандони кишварҳои мухталиф ва муаррифии шоистаи фарҳангу ҳунари миллӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

“Рӯзгор”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ