23:21:40 24-уми Октябри 2026 сол

ИТТИҲОДИ АВРУПО: ҲУҚУҚИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶӮҲ

Имрӯз, 26-уми июл, дар толори ҷаласаҳои меҳмонхонаи «Ҳайят Риҷеси»-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон семинари дурӯзаи байналмилалӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ» ба кори худ сар кард.

/images/stories/2011/07/26_europa_2345445.jpgСеминар дар чаҳорчӯбаи Муколамаи Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Тоҷикистон оиди ҳуқуқи инсон гузаронида мешавад. Он намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти давлатӣ ва ташкилоти байналмилалӣ, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, бо мақсади муҳокимаи масоили мавҷуди муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҳам гирд меорад.

Ба ин чорабинӣ инчунин коршиносони дараҷаи байналхалқӣ оиди масоили муҳоҷират, намояндагони ташкилоти байналмилалии хориҷи кишвар ва ташкилоти ғайридавлатӣ низ даъват шудаанд. Дар назар аст, ки аз рӯи натоиҷи семинар ба Ҳукумати Тоҷикистон барои беҳтар кардани кор дар ин самт тавсияҳо дода мешаванд.

«Рӯзор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854