23:13:34 24-уми Октябри 2026 сол

ЗАМИНЛАРЗА ДАР ТОҶИКИСТОН

Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон соати 8:16 дақиқаи субҳи чаҳоршанбе як заминларзаи 4,4 дараҷаиро сабт кардааст.

Маркази ин зилзила дар 250 километрии ҷануб-шарқи Душанбе дар кӯҳҳои Ҳиндукуш воқеъ дар Афғонистон гуфта мешавад. Шиддати зилзила дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон низ эҳсос шудааст. Ҳанӯз дар бораи кадом хисороти молӣ ё ҷонии ин офат гузориш нарасидааст.

Аз ин қабл рӯзи 20-уми июл як зилзила 6,2 дараҷаӣ водии Фарғонаи Осиёи Миёнаро такон дода буд. Бар асари он дар вилояти Фарғонаи Ӯзбакистон дасти кам 13 нафар ҷон бохта ва беш аз 80 нафар захмӣ шуда буданд.

Дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон як марди 43-сола аз тарс аз ошёнаи дуюм ба замин ҷаҳида, бар асари ба замин бархӯрдани сараш аз олам даргузашта буд. Дар Қазоқистон ва Қирғизстон низ биноҳои зиёде қисман валангор шуда буданд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854