23:17:44 24-уми Октябри 2026 сол

ПОЁНИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БРИТАНИЯ ДАР ФАЙЗОБОД

Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон, Тревор Мур ва намояндагони Барномаи умумибашарии Британияи Кабир оид ба паст кардани хатар (GTRP) ба ноҳияи Файзобод ташриф оварданд ва дар  ҷамъомад  бахшида ба кушодашавии иншооти нави системаи бехатарӣ ва ҳимояи масолеҳи радиоактивӣ ва анҷоми лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Британия ширкат намуданд.

/images/stories/2011/08/25_uk-in-tajikistan_25.8.2011.jpgЛоиҳаи мазкур, ки аз ҷониби GTRP маблағгузорӣ карда шудааст ва тавассути Оҷонсии Байналмиллалӣ оид ба қувваи ҳастаӣ (IAEA), ки намояндагони он дар ин ҷамъомад низ ширкат доштанд, амалӣ гардидааст, системаи муҳофизатии иншооти ҷумҳуриявиро оид ба партовҳои радиоактивӣ воқеъ дар Файзобод тавассути ҷиддан беҳтар гардонидани инфраструктураи мавҷудаи он хеле мукаммал намуд.

Мақсади лоиҳаи мазкур чун тамоми лоиҳаҳои дигари GTRP ин ба талаботи Оҷонсии байналмилалии қувваи ҳастаӣ (IAEA) мувофиқ кунонидани системаи бехатарӣ ва ҳимояи масолеҳи радиоактивӣ мебошад.

Баъди шиносоӣ аз иншоот ҳамроҳи намояндагони ҳукумат ҷаноби Тревор Мур дар баромади хеш аз ҷумла  қайд намуд, ки “Барои Барномаи умумибашарии Британияи Кабир оид ба кам кардан хатар ин лоиҳаи муҳим ва мушкил буд ва он якҷоя бо Оҷонсии байналмиллалӣ оид ба қувваи ҳастаӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон, ки масъулияти таъмини бехатарии масолеҳи ҳаставӣ ва радиоактивӣ, ҳамчунин масолеҳе, ки дар Файзобод мавҷуд ҳаст, ба дӯш дорад, амалӣ гардид. Тӯли идомаи лоиҳа Ҳукумати Британия бо Оҷонсӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон муносибати қавии корӣ барқарор намуд. Мо бесаброна хоҳони дар оянда идома додани ҳамкории зичи тарафайн мебошем».

“Рӯзгор”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854