05:51:40 25-уми Октябри 2026 сол

МАҲКУМИЯТИ СУРИЯ. РУСИЯВУ ЧИН БОЗ ҲАМ МУХОЛИФ

Маҷмааи умумии СММ рӯзи панҷшанбе қатъномаи маҳкумият ва нақзи ҳуқуқи башар дар Сурияро бо аксарияти оро пазируфт. Дар ин тарҳи пешниҳодкардаи Арабистони Саудӣ ва Қатар, аз раҳбари Сурия Башор Асад даъват шудааст, ки ба истеъфо равад.

SMMАз қатънома 137 кишвари узви СММ пуштибонӣ карданд,  12 кишвар раъйи мухолиф доданд, 17 кишвари дигар аз ибрози назар худдорӣ намуданд. Русия, Чин, Эрон, Венесуэла, Кореяи Шимолӣ, Боливия, Эквадор, Беларус, Никарагуа, Зимбабве, Куба ва худи Сурия кишварҳое ҳастанд, ки ба ин қатънома раъйи мухолиф доданд.

Ин қатънома дар ҳақиқат аз тарҳи Иттиҳодияи Араб, ки барои поён додани  бӯҳрон дар Сурия ироа шуд, пуштибонӣ кардааст.

Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ дар қиёс ба қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ фақат ҷанбаи тавсиявӣ дорад. Аз ин пеш Русия ва Чин ба қатъномаи Шӯрои амният вето гузошта буданд.

Ин қатънома метавонад фишорҳои сиёсиро бар ҳукумати Башшор Асад афзоиш диҳад ва аз эътирозгарон дар ин кишвар ҳимояти маънавӣ намояд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854