07:03:19 25-уми Октябри 2026 сол

СИТОРАҲОИ ҶАҲОНӢ БАРОИ ТОҶИКИСТОН КУМАК МЕҶӮЯНД

ONE, як гурӯҳи мубориза бо фақр, ки  ситораҳои маъруф Боно ва Боб Гелдоф таъсис додаанд, аз раҳбарони G8 хостанд, ба соҳаи кишоварзии 30 кишвари фақиртарини дунё, аз ҷумла Тоҷикистон, сармоягузории бештар карда, ба гуруснагӣ ва сӯъитаъзия дар байни мардуми бенаво поён диҳанд.

Ба ҳисоби ин созмон, ин 30 кишвари фақиртарин макони чаҳоряк аз 1,4 миллиард фақирони дунёст ва ҳимояти молии кишварҳои пешрафта дастикам 50 миллион нафарро дар ин кишварҳо аз чанги фақр наҷот  хоҳад дод.

ONE дар пешорӯи нишасти сарони G8, ки моҳи май дар ҳошияи Вошингтон хоҳад гузашт, маъракаи вижаеро бо номи “Thrive”(“Шукуфоӣ”) ба роҳ андохтанист, ки ҷалби то 27 миллиард доллар кумак ба соҳаи кишоварзии 30 кишвари фақир, аз ҷумла Тоҷикистонро то соли 2015 ба ҳадаф дорад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854