07:56:58 25-уми Октябри 2026 сол

ҲАЛОКАТИ ЯК КОРМАНДИ МИЛИСА АЗ ЗАРБАИ БАРҚ

Имрӯз аз зарбаи барқ як корманди раёсати умури дохилии вилояти Хатлон ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Хабаргузории “Азия-плюс” навиштааст, ки ин ҳодиса субҳ ҳангоми сафороии кормандони милиса дар ҳавлии раёсати вилоятӣ рӯх додааст.

Гуфта мешавад, ки барои иҷрои корҳои сохтмонӣ як кран вориди ҳавлии раёсат шуд ва тасодуфан ба хатти интиқоли барқ бархӯрд. Ноқили барқ канда шуда, болои кормандони милиса афтод. Бар асари зарбаи барқ майор Кенҷа Нуруллоев ба ҳалокат расид, ду корманди дигари милиса бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол дода шуданд.
«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854