09:37:07 25-уми Октябри 2026 сол

ПОНЗДАҲ ДАР САДИ КОРХОНАҲОИ ТОҶИКИСТОН АЗ КОР МОНДАНД

Имсол аз фаъолият бозмондани понздаҳ дар сади корхонаҳои саноатии Тоҷикистон боиси 700 миллион сомонӣ кам истеҳсол гардидани маҳсулоти саноатӣ гардид.

/images/stories/2012/08/04_zavodi-kuyna_040812.jpgШариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар сабаби аз кор мондани ин корхонаҳоро ба кӯҳнашавии онҳо, ки аз замони Шӯравӣ боқӣ мондаанд рабт дод: «Асосан ин корхонаҳо аз замони Шӯравӣ мондаанд ва технологияашон кӯҳна шудааст. Бо сабаби харҷи зиёди нақлиётӣ шарикони иқтисодии онҳо дар дигар кишварҳо, аз ҷумла дар Русия, Қазоқистон аз байн рафтанд».

Вазири рушди иқтисод ва савдо илова намуд, ки ҳарчанд ин корхонаҳо фаъолият надоранд, вале ҳамчун корхона айни ҳол дар рӯйхат вуҷуд доранд. Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, иллати  қатъ гардидани фаъолияти корхонаҳо ин бемасъулятии соҳибони онҳо мебошад.

Зеро ба қавли ин гурӯх коршиносон баъди пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ аксари корхонаҳои саноатӣ ба дасти нафароне афтод, ки чандон мутахассиси соҳа набуданд ва дар натиҷаи талаву тороҷ корхонаҳоро аз фаъолият бозмонданд.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854