09:50:17 25-уми Октябри 2026 сол

ДУ СОКИНИ ВАҲДАТ БА ОДАМРАБОӢ МАЗНУН ҲАСТАНД

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ду фарди мазнун дар одамрабоӣ хабар додааст.

Бар асоси навиштаи сойти интернетии ин вазоратхона, Содиқҷон Раҷабов ва Муқим Ҳасанов, ду сокини шаҳристони Ваҳдат фардеро гаравгон гирифта ва тӯли як рӯз ӯро дар бинои корхонаи симон нигаҳ доштаанд.

Дар идомаи ин хабар омадааст, ки пулиси тоҷик дар як амалиёти вижа тавонистааст ҷабрдида, ки аз ӯ ба унвони Бахтиёр Пиров ном бурда мешавад, озод ва одамрабоён боздошт шаванд.

Дар робита ба ин ҳодиса вазорати умури дохила парвандаи ҷиноӣ боз карда ва бозрасон таҳқиқи онро оғоз кардаанд.

Дар ин хабар далели гаравгон шудани Бахтиёр Пиров шарҳ нашудааст, вале гуфта мешавад, ахиран иддае аз ин афрод бо ҳадафи баргардонидани бидеҳиҳои худ аз сӯйи бидеҳкорон (қарздорон) ба чунин аъмол даст мезананд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854