10:39:52 25-уми Октябри 2026 сол

РАИСИ ДОДГОҲ БА ҶОНИ ХАБАРНИГОРИ “ФАРАЖ” ТАҲДИД КАРДААСТ

Раиси додгоҳи ноҳияи Фархор рӯзноманигори ҳафтаномаи "Фараж"-ро таҳдид ба марг кардааст. Хабарнигор Маҳмудҷон Раҳматов рӯзи душанбеи 27-уми август ба мо гуфт, дар баҳси манзил, ки миёни оилаи онҳо ва ҳамсояашон бархостааст, модарашро ба додгоҳ даъват карда, ба ӯ таҳдид мекунанд, аммо вақте хабарнигор ба ҳимоят аз модараш садо баланд намуд, раиси додгоҳ Б. Ҳакимов бо дастонаш даҳони ӯро баста, таҳдид кардааст, ки ҳамин шаб ӯро муҷозот хоҳад кард.

Вай афзуд, диктофонашро аз дасташ гирифта, ҷузвдон (сумка)-ро кормандони додгоҳ дарондаанд. Хабарнигор мегӯяд, дар ҳоли ҳозир аз ояндаи худ нигарон аст. Вай афзуд, қаблан ҳам аз мақомот барои мақолаҳои танқидиаш дар бораи мушкилоти ноҳия ҳушдор шунида буд. Ӯ дар ҳоли ҳозир ба милисаи ноҳия аз ин кирдори додрас шикоят кардааст.

Ин танҳо ҳодисае нест, ки мақомоти давлатӣ дар музофоти Тоҷикистон алайҳи хабарнигорон бо забони зӯрӣ сӯҳбат мекунанд. Дар гузашта Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигоре дар Ашт равонаи зиндон шуд, аммо бо фишори ҷомеаи байналмилалӣ ва созмонҳои рӯзноманигорӣ дигарбора озод шуд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854