11:35:34 25-уми Октябри 2026 сол

ДОКТОР АБДУЛҒАФУРИ ОРЗУ АЗ ФАРҲАНГИЁНИ ТОҶИКИСТОН НОРОЗИСТ

Доктор Абдулғафури Орзу, сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фарҳангиёни Тоҷикистон, аз ҷумла аз масъулини Иттифоқи нависандагон ва Академияи илмҳо изҳори норозигӣ намуд. Номбурда мегӯяд, ба он далел аз фарҳангиёни Тоҷикистон гиламанд аст, ки  дар тӯли фаъолияташ дар ин кишвар нисбати ӯ бетаваҷҷӯҳи зоҳир намудаанд ва боре ӯро ҷиҳати узвият барои иттифоқ ё академия даъват накардаанд:

/images/stories/2012/09/26_safiri-afghanistan-260912.jpg«Ман бо ёди ёри меҳрубон ба Тоҷикистон омадам, аммо фарҳангиёни Тоҷикистонро ман намешиносам. Бо далели он ки фарҳангиёни Тоҷикистонро фарашон пойдор бод, вале аз ҳангашон хабаре нест, ки аз ин ҷиҳат ман гила дорам. Ҳатто Иттифоқи нависандагони Шумо боре аз ман даъват накардааст, ки ба унвони узви анҷумани иттифоқи нависандагон бошам, дар ҳоле, ки борҳо ба ин анҷуман рафтааму сухан кардаам. Ҳатто дар Академияи илмҳои Тоҷикистон то ҳол боре аз ман даъват накардаанд».

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, ки дар як ҳамоиш дарДушанбе ширкат дошт таъкид намуд, ки дар арсаи фарҳанг, адаб, сиёсат, таърих  ва дар маҷмӯъ 40 китоб навиштааст, ки аз ҷумла ду китоби ӯ дар заминаи рӯдакишиносӣ аст. Вале номбурда мегӯяд, аз фарҳангиёни Тоҷикистон гила дорад, ки чаро аз як дӯсти худ хабар намегиранд.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854