11:35:07 25-уми Октябри 2026 сол

АБДУЛМАҶИД ДОСТИЕВ: “ЯК МӮҲЛАТИ ҚОБИЛИ ҚАБУЛ АСТ”

Сафири Тоҷикистон дар Русия ба хабари имзошавии созишнома оид ба пойгоҳи низомии Русия вокуниш кард.

/images/stories/2012/10/05_dostiev-051012.jpgРӯзи 5 октябр, дар ҷараёни сафари расмии президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе созишномаи пойгоҳи низомии 201 Русия  дар хоки Тоҷикистон ба имзо расид. Ин созишнома ҳузури пойгоҳро то соли 2042, яъне ба мӯҳлати то 30 сол дар назар мегирад.

Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев, ки ҳоло дар Душанбе ба сар мебарад, дар сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ  бо мо гуфт, ҳанӯз матни комили созишномаи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар хоки Тоҷикистонро “бо чашми худ надидааст”.

Достиев: Варианти охирине, ки ҳамин шаб то рӯз нишаста кор карданд ва ҳоло ба имзо расид, ҳанӯз дар дасти ман нест.

-Роҷеъ ба мӯҳлати тӯлонӣ, яъне то 30 сол ҳузур пайдо кардани пойгоҳи низомии Русия дар хоки Тоҷикистон чӣ назар доред?

-Мӯҳлате, ки мегуфтанд, он нест. Ба фикрам, як мӯҳлати қобили қабул ҳам аз ҷониби мо ва ҳам аз ҷониби онҳо аст. Яъне ба як хулоса омаданд.

«Озодӣ»


 

 


Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854