11:50:46 25-уми Октябри 2026 сол

ҚАТЛИ ҶАВОНТАРИН ПИСАРИ МУАММАР ҚАЗЗОФӢ

Хамис Қаззофӣ, фарзанди 29-солаи раҳбари пешини Либия дар ҷараёни даргириҳо бо нерӯҳои давлатӣ дастгир ва кушта шудааст. Хабаргузории Олмон аз қавли телевизиони давлатии Либия гузориш додааст, ки писари диктатори пешини Либия рӯзи шанбе дар шаҳри Бани Валид кушта шудааст.

/images/stories/2012/10/21_pisari-kazzofi-211012.jpgДар моҳҳои гузашта чунин овозаҳо буд, ки Хамис Қаззофӣ, ки раҳбарии нерӯҳои давлатиро дар инқилоби соли гузаштаи Либия бар ӯҳда дошт, ба дасти нерӯҳои мухолиф ба қатл расидааст. Бар асоси хабари ҷадид, як хабарнигори телевизиони давлатии Либия гуфтааст, ки ҷасади Хамис Қаззофиро дар даргириҳои рӯзи шанбе дар шаҳри «Бани валид» мушоҳида кардааст.

Артиши Либия рӯзи шанбе пас аз ду ҳафта муҳосира саранҷом ба мавзеъҳои нерӯҳои мусаллаҳи мухолиф дар Бани Валид ҳамла кард ва дар ин ҳамла даҳҳо тан аз ду тараф кушта шуданд. Рӯзи шанбе ҳамзамон бо якумин солгарди кушта шудани Муаммар Қаззофӣ, давлати ин кишвар эълом кард, Мусо Иброҳим, сухангӯи диктатори собиқи Либияро ёфта ва боздошт кардааст.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854