13:21:20 25-уми Октябри 2026 сол

БАРРАСИИ ИСТИСМОРИ МЕҲНАТИ КӮДАКОН ДАР ВАО

«Инъикоси истисмори меҳнати кӯдакону наврасон дар ВАО», таҳти чунин унвон имрӯз, 14-уми декабр, соати 9:00 дар Шаҳраки донишҷӯёни ДМТ семинари омӯзишӣ баргузор мешавад.

/images/stories/2012/12/14_kudaki-arobakash-141212.jpgАз дафтари намояндагии Созмони байналмиллалии муҳоҷират дар Тоҷикистон ба сомонаи «Рӯзгор» иттилоъ доданд, ки бо назардошти он ки рӯзхои охир вобаста ба мавзӯи меҳнати ноболиғон дархостхои мухталиф аз ҷониби бархе аз хабарнигорон ба Созмони байналмиллалии муҳоҷират ворид гардида буд, бино бар ин ташкили семинари мазкур ва ширкати намояндагони ВАО-ро дар ин семинар лозим ва муҳим медонанд.

Дар назар аст зимни семинар омилҳои пайвастани кӯдакону наврасон ба меҳнат, рӯ овардани ноболиғон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои ҳалли ин масъала баррасӣ гарданд.

Масъалаи ҷалби кӯдакон ба меҳнати ҷисмонӣ ва дур шудани онҳо аз таълиму тарбия борҳо миёни соҳибназарон ҳамчун як масъалаи нигаронкунанда, ки оқибатҳои нохуберо ба миён меорад, садо додааст.

Бархе аз коршиносон ин омилро дар паст будани вазъи иқтисодии Тоҷикистон ва ҳамчунин то ҷое ба бетаваҷҷӯҳии волидайну масъулини маориф рабт медиҳанд.

Бояд зикр намуд, феълан беш аз 50 ҳазор муҳоҷири ноболиғи тоҷик дар Русия умр ба сар мебаранд.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳоло талош дорад, то аз афзоиши муҳоҷирати ноболиғон ба хориҷи кишвар ҷилвагирӣ намояд, вале ин раванд то куҷо коҳиш меёбад вақт довар аст.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854