14:36:30 25-уми Октябри 2026 сол

СОЛИ НАВАТОН МУБОРАК БОД, ДӮСТОНИ АЗИЗ!

Дӯстони бисёр гиромиқадр!

Аз самими дил Шуморо ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ табрику муборакбод гуфта барои ҳар яки Шумо, узви хонавода  ва пайвандони Шумо тани сиҳат, хотири ҷамъ, файзу баракат дар хонадон, комёбиву сарфарозӣ дар шуғлу рӯзгоратон орзумандам.

Солеро, ки баъди чанд лаҳза фаро мерасад, бо ҳисоби мӯлҷар соли  Мор мегӯянд.  Пеши Парвардигори бузург  дуъо мекунем, ки соли Мор  барои Тоҷикистону тоҷикистониён ва дӯстони Тоҷикистон дар тамоми ҷаҳон соли бобарор, бо ҳадафҳои ин мардум созгор ва соли пур аз хушиҳо дар рӯзгор бошад.

Соли наватон муборак бод, дӯстони азиз!

 

Бигзор то дар соли Мор,

Иқбол бошад бо ту ёр.

Иқбол бошад созгор,

Ҳам бо ману ҳам бо диёр.

Дунё зи шӯру шар даме,

Сокит шавад, гирад қарор.

Дар чеҳраи ёрони худ,

Бинем пайдо навбаҳор.

Ёрон ба ҳам ёрӣ кунем,

Хуррам шавад ин рӯзгор.

 

Ҳайати эҷодии «Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854