14:22:20 25-уми Октябри 2026 сол

ДАРЁФТИ ҶАСАД ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

Дар деҳаи Гулбутаи ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ дар канори чапи шоҳроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа аз лаби ҷуйбор ҷасади марди шахсияташ номаълум, тахминан 40-45 сола бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд.

/images/stories/2013/01/08_dead-man-080113.jpgАз ВКД ба сомонаи «Рӯзгор» иттилоъ доданд, ки ҷасадро пеши сараш каммӯй, аз тарафи рости ҷоғи боло дандони шашум аз метали ранги зард буда, дар ангушти дуюми дасти чапаш нишонаи ангуштарин бо хатҳои кабуд кашида, дар рӯи дасташ ҳарфи «Ш» ва дар ангушти калони дасти росташ нишонаи нотаи мусиқӣ «ДО» (татуировка) кашида шудааст.

Гуфта мешавад, нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст. Манбаъ илова намуд, ки аз ҳамаи он нафароне, ки нисбати ин шахс ягон маълумоте доранд, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки тавассути телефонҳои 221-21-21, 227-98-98 ва ё бо рақами 02  хабар диҳанд.

Темур Раҷабализода, “Рӯзгор”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854