14:37:24 25-уми Октябри 2026 сол

Даҳ медали варзишгарони тоҷик дар Бишкек

 Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Қирғизистон оид ба таэквон-до (WTF) даҳ медал (4 тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст оварданд. Ин мусобиқа дар шаҳри Бишкек бо ширкати дастаҳои мунтахаби Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор шуд.

varzishgaron-25042013Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии Ҷамшед Абдуҷабборов ва Далер Фозилов 11 варзишгар ва як довар - Диловар Зайниддинов шомил буданд. Варзишгарони тоҷик Насҳиддин Ворисов (63 кг), Шаҳриёр Каримов (80 кг), Шукрона Шарифова (46 кг) ва Адолат Алишерова (49) дар вазни худ ғолиб шуда, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Сафарбек Тошматов (54 кг), ки ҷойи дувумро гирифт, бо медали нқра мукофотонида шуд. Ба панҷ варзишгари дигари тоҷик - Наврӯз Ҳомидов (63 кг), Мустафо Сатторов (54 кг), Суннатулло Муҳаммадӣ (58 кг), Нилуфар Содиқова (49 кг) ва Парвина Раззоқова (62 кг) барои ҷойҳои севум медалҳои биринҷӣ супурда шуданд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854