23:24:32 16-уми Сентябри 2026 сол

Суханронӣ дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея

Муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Корея, ҷаноби ЛИ ҶЕ МЁН,

Муҳтарам сарони давлатҳо,

Муҳтарам намояндагони доираҳои соҳибкорӣ,

Дӯстони гиромӣ,

55530594147 ff27ab6171 bҲамоиши имрӯза барои муайян кардани роҳҳои татбиқи ҳадафҳои нишасти якуми Сарони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” заминаи мусоидро фароҳам месозад.

Шиори Ҳамоиши мо - «Ҳамкорӣ ва шарикии Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баҳри пешбурди инноватсия, шукуфоӣ ва пайвастагӣ» далели он аст, ки ояндаи устуворро метавон танҳо тавассути ҳамкории судманд ва эҷоди фазои эҳтирому боварӣ таъмин намуд.

Боиси қаноатмандист, ки қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” ҳоло ба майдони муҳими ҳамкорӣ табдил ёфтааст ва ҳадафҳои он ҷавобгӯи барномаҳои рушди миллӣ ва манфиатҳои мардумони кишварҳои мо мебошанд.

Муҳтарам иштирокдорони Ҳамоиш,

Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз ҷиҳати рушди соҳаҳои стратегӣ, бахусус энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноат, рақамикунонӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ чораҳои зарурӣ меандешад.

Дар бист соли охир суръати солонаи рушди иқтисоди миллии кишвари мо ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,8 фоиз таъмин гардидааст.

Тайи солҳои охир мо барои таҳкими устувории макроиқтисодӣ, рушди бахши хусусӣ, дастгирии соҳибкорӣ, рақамикунонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ислоҳоти фарогирро амалӣ намудем.

Танҳо соли гузашта ба иқтисоди миллӣ ба маблағи зиёда аз панҷ миллиард доллар сармояи хориҷӣ ва 2,5 миллиард доллар сармояи ватанӣ ворид гардид.

Ҳоло дар кишвар зиёда аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз ҳафт миллиард доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар мавриди татбиқ қарор доранд.

Қонунгузории мо барои сармоягузорон беш аз 240 номгӯи кафолату имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 110 сабукиҳои андозиву гумрукиро муқаррар намудааст.

Узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (ВТО) далели мутобиқати қонунҳои мо ба меъёрҳои байналмилалӣ дар ин ҷода мебошад.

Тоҷикистон дорои зарфиятҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва захираҳои табиӣ, аз ҷумла маъданҳои нодир ва муҳим, имкониятҳои назарраси сайёҳӣ ва нерӯи кории ҷавон мебошад.

Бо дарназардошти зарфиятҳо ва имкониятҳои кишвари мо мехостам якчанд самти муҳимро барои ҳамкориҳои минбаъда пешниҳод намоям:

1. Энергияи “сабз”: Кишвари мо имрӯз, ба рушди энергияи барқароршаванда, бахусус обӣ, офтобӣ ва бодӣ афзалият медиҳад.

Иқтидори гидроэнергетикии кишвар тақрибан 527 миллиард киловатт-соатро дар як сол ташкил медиҳад, ки аз он ҳоло фақат шаш фоизаш истифода мешавад.

2. Истихроҷ ва коркарди маъданҳои стратегӣ: Тоҷикистон дорои захираҳои 10 намуди маъданҳои ниҳоят муҳим (критикӣ) ва нодир буда, дар ҳудуди кишвар дар маҷмӯъ зиёда аз 800 кон ва 70 намуди канданиҳои фоиданок муайян гардидаанд.

Кишвари мо захираҳои назарраси сурма, нуқра, волфрам, сурб, руҳ, симоб, мис ва флюорит дорад, дар қаламрави он конҳои литий, ниобий ва тантал кашф гардидаанд.

3. Бахшҳои саноати аграрӣ ва кишоварзӣ: ин соҳаҳо дар ҳамаи кишварҳо барои таъмини амнияти озуқаворӣ аҳаммияти калидӣ доранд.

Дар ин самт мо ба таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва марказҳои логистикии содиротӣ манфиатдорем.

4. Соҳаи нассоҷӣ: таъсиси маҷмааҳои нассоҷӣ барои истеҳсоли маҳсулоти тайёр самти дигари муҳимми сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад.

5. Нақлиёт ва иртибототи байниминтақавӣ: Тоҷикистон ҳамчун кишвари маҳсур дар хушкӣ алоқаманди дастрасии устувор ба долонҳои нақлиётии байналмилалӣ ва бандарҳои баҳрӣ мебошад.

Дар ин замина мо ба татбиқи лоиҳаҳои бунёди роҳҳои заминӣ ва оҳан пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамоем.

6. Сайёҳӣ: Кишвари мо ба туфайли зарфиятҳои табиӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии худ барои рушди сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ, солимгардонӣ ва дигар самтҳои он имкониятҳои фаровон дорад.

Дар марҳалаи кунунӣ талошҳои мо дар ин ҷода асосан ба рушди зерсохтори соҳа равона гардидаанд.

7. Бахши бонкдорӣ ва молия: Ба мақсади рушди иқтисодӣ мо алоқамандии худро барои ҳамкорӣ дар бахшҳои молия ва бонкдорӣ иброз менамоем.

Дар ин самт тавсеаи ҳамкориҳоро ҷиҳати маблағгузориҳои хурд барои дастгирии бахши хусусӣ муҳим мешуморем.

8. Зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ: Мо ба рушди зеҳни сунъӣ ҳамчун воситаи муҳимми суръатбахшӣ ба рақамикунонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии иқтисодӣ ва ноил шудан ба рушди устувор таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем.

Маҳз ба ҳамин хотир, тайи солҳои охир, бо ташаббуси Тоҷикистон, дар мавзӯи зеҳни сунъӣ се қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милал қабул гардидааст. (Солҳои 2024-2026)

Кишвари мо ба мақсади таъсиси “Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ” дар шаҳри Душанбе, ки бар асоси яке аз ин қатъномаҳо пешбинӣ шудааст, ҳамаи заминаҳои мусоидро фароҳам овардааст.

Чанде пеш бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милал санаи 31 августро ҳамчун “Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод” эълон кард.

Дӯстони гиромӣ!

Мо аз иштироки фаъоли кишвари дӯст дар татбиқи лоиҳаҳои марбута дар ҳама соҳаҳои зикргардида истиқбол менамоем.

Бовар дорам, ки ин самтҳои ҳамкорӣ мавриди алоқамандии доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони Ҷумҳурии Корея қарор хоҳанд гирифт.

Дар фарҷом, омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати амалисозии мувофиқаҳои дар доираи нишастҳои имрӯза ҳосилшуда, ки дар шакли Баёнияи муштарак қабул мегарданд, иброз медорам.

Бори дигар ба Ҳукумат ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея барои танзими сатҳи баланди ҳамоишҳои таърихии мо дар шаҳри зебои Сеул ва меҳмоннавозии гарм самимона изҳори сипос менамоем.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

president.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ