07:44:42 22-уми Сентябри 2026 сол

Зафар Сайидзода: «Рӯзгори ман — як порчаи таърихи зиндаи давлатдории навини Тоҷикистон»

САРСУХАН

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маҳсули заҳмату талошҳои фарзандони содиқи миллат аст, ки дар ҳассостарин ва тақдирсозтарин марҳалаҳои таърихи навин дар канори Роҳбари давлат ва мардуми хеш истодагарӣ карданд. Сарнавишти ин гуна шахсиятҳоро наметавонад танҳо як тарҷумаи ҳоли оддии инсонӣ номид; онҳо як порчаи зинда ва ҷудонопазири таърихи давлатдории мо мебошанд.

zafar saidzoda 21546598741Имрӯз меҳмони сомонаи «Рӯзгор» ҳамин гуна як шахсияти барҷаста — ходими намоёни сиёсию давлатӣ, дипломати соҳибтаҷриба (Фиристодаи фавқулода ва мухтор) ва донишманди шинохта Зафар Сайидзода мебошанд. Эшон аз охири солҳои 80-уми асри гузашта дар маркази таҳаввулоти амиқи сиёсӣ қарор дошта, дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ масъулияти вазнини котиби матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда доштанд ва шоҳиди бевоситаи имзои созишномаҳои таърихии сулҳ буданд.

Дар ин мусоҳибаи ошкоро ва амиқ устод Зафар Сайидзода аз таҷрибаи аввалини сохтани Хадамоти матбуоти Сарвари давлат аз сифр, хотираҳои рамзии рӯзҳои музокироти сулҳ, давраи гузариши АМИТ «Ховар» ба иттилооти рақамӣ ва нозукиҳои дипломатияи «дарҳои боз» нақл мекунанд. Инчунин, таҷрибаи инсонмеҳвари фаъолияти консулии худро дар шаҳри Екатеринбург ва нигоҳи имрӯзаи илмии худро ба геополитикаи минтақа пешкаши хонандагон мегардонанд.

Таваҷҷуҳ кунед ба суҳбате, ки на танҳо гузаштаро варақ мезанад, балки барои ояндаи давлатдории миллии мо дарсҳои ҳаётан муҳимро ба нишони панд хулоса мекунад.

МУҚАДДИМАИ РАМЗӢ ВА ОҒОЗИ СУҲБАТ

- Пеш аз он ки ба саволҳои касбиву сиёсӣ гузарем, мехостем аз як нуктаи рамзӣ шуруъ кунем. Вақте ба тарҷумаи ҳол, фаъолият ва роҳи тайкардаи Шумо менигарем, беихтиёр эҳсос мекунем, ки «рӯзгори Шумо худаш як таърихи зиндаи давлатдории мост». Шумо дар ҳассостарин лаҳзаҳои таъсиси Тоҷикистони соҳибистиқлол дар канори Роҳбари давлат будед ва шоҳиди бевоситаи сохта шудани ин таърих ҳастед. Худи Шумо ба ин масири тӯлониву пурифтихор чӣ гуна баҳо медиҳед?

Зафар Сайидзода: Агар инсон ба солҳои сипаришуда аз дидгоҳи имрӯз назар кунад, мефаҳмад, ки баъзе марҳалаҳои зиндагӣ танҳо як қисми тарҷумаи ҳол нестанд — онҳо бо як марҳалаи сарнавишти миллат ва давлат пайванд мехӯранд. Барои ман низ чунин шуд.

Ман худро, пеш аз ҳама, шоҳиди як давраи бисёр мураккаб, тақдирсоз ва ҳамзамон пурифтихори таърихи навини Тоҷикистон меҳисобам. Аз охири солҳои ҳаштодум, ҳанӯз дар замони шуравӣ, ман дар маркази баъзе равандҳое қарор гирифтам, ки баъдан ба тағйироти бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ оварданд. Баъдтар, дар солҳои Истиқлол, дар хизмати давлатӣ, дипломатия, фаъолияти давлатии иттилоотӣ ва сиёсати хориҷӣ қарор доштам ва аз наздик дидам, ки як давлат чӣ гуна аз шароити ниҳоят душвори буҳронӣ ба сӯи субот ва давлатдории устувор ҳаракат мекунад.

Аммо ман намехоҳам нақши худро аз ҳад бузург нишон диҳам. Таърихро як нафар намесозад. Таърихро миллат месозад; онро заҳмати садҳо ҳазор инсон, қарорҳои роҳбарияти сиёсӣ, фаъолияти давлатдорони содиқ, донишмандон, дипломатҳо, рӯзноманигорон, низомиён, зиёиён ва, пеш аз ҳама, иродаи худи мардум месозад.

Ман танҳо хушбахтам, ки тақдир маро дар солҳои бисёр муҳим дар ҷойҳое қарор дод, ки метавонистам ба қадри тавонам ба давлат ва ҷомеа софдилона хизмат кунам.

Аз нигоҳи ман, бузургтарин дастоварди ин масир худи нигоҳ доштани давлат, таҳкими Истиқлол, барқарор шудани сулҳу ваҳдати миллӣ ва ба вуҷуд омадани ҳисси масъулияти давлатӣ дар ҷомеа мебошад. Мо рӯзҳои бисёр сахтро паси сар кардем. Аз ин рӯ, Истиқлол барои насли ман танҳо як мафҳуми сиёсӣ нест. Он арзиши бо таҷрибаи талхи таърих омӯхташуда аст.

БАХШИ 1. ОҒОЗИ РОҲ, ДАВРАИ ШУРАВӢ ВА ЗАМИНАИ ИЛМӢ

- Шумо дар охири солҳои 80-ум, дар авҷи таҳаввулоти идеологии Иттиҳоди Шуравӣ, рисолаи номзадии худро дар умури фалсафа дифоъ кардед ва ҳамзамон дар сохторҳои ҷавонону Шурои Олӣ кор кардед. Ин давраи гузариши идеологӣ ба шуури сиёсии Шумо чӣ таъсире гузошт ва чӣ гуна заминаи илмии таъриху фалсафа ба Шумо дар дарки равандҳои соли 1991 кумак кард?

Зафар Сайидзода: Ман ҳамеша бар ин назарам, ки барои дарки сиёсат танҳо донистани сиёсат кофӣ нест. Сиёсатро бе таърих, фалсафа, фарҳанг ва психологияи ҷомеа дуруст фаҳмидан душвор аст.

Солҳои охири давраи шуравӣ барои ман аз ҳамин ҷиҳат мактаби бузург буданд. Аз як тараф, ман ҳамчун муҳаққиқ бо категорияҳои фалсафӣ, таърихӣ ва иҷтимоӣ сари кор доштам; аз ҷониби дигар, баъдтар ба муҳити воқеии идоракунӣ ва фаъолияти ҷамъиятӣ ворид шудам. Ин ду таҷриба ҳамдигарро пурра мекарданд.

Дар соли 1987, вақте маро котиби якум Рашид Қутбуддинович Алимов ба дастгоҳи Кумитаи марказии комсомоли Тоҷикистон ба кор даъват кард, ман аз муҳити академӣ ба муҳити зиндаи идоракунии давлатӣ гузаштам. Он вақт ҳанӯз таҷрибаи кори дастгоҳӣ надоштам. Бисёр чизҳоро маҳз дар ҳамон ҷо омӯхтам.

Баъдан фаҳмидам, ки барои корманди давлатӣ ду навъи дониш зарур аст: дониши китобӣ ва дониши зиндагӣ. Китоб ба инсон қонунҳои умумии рушди ҷомеаро меомӯзонад, таҷриба бошад, нишон медиҳад, ки ин қонунҳо дар ҳаёти воқеӣ чӣ гуна амал мекунанд.

Омӯзиши фалсафа ва таърих ба ман як чизи муҳим дод: дар сиёсат набояд танҳо ба рӯйдоди имрӯз нигарист; бояд дид, ки ин рӯйдод аз куҷо пайдо шудааст ва метавонад ба куҷо расонад.

Аз ин рӯ, вақте соли 1991 Иттиҳоди Шуравӣ ба остонаи фурӯпошӣ расид, барои ман ин воқеа танҳо тағйири сохтори сиёсӣ набуд. Он натиҷаи як силсилаи равандҳои амиқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, идеологӣ ва геополитикӣ буд.

- Фарқи асосии ҷавонони фаъоли сиёсии давраи охири шуравиро аз ҷавонони давраи аввали Истиқлол дар чӣ медидед? Оё он замон эҳсос мешуд, ки Тоҷикистон ба сӯи як буҳрони бузурги шаҳрвандӣ равон аст?

Зафар Сайидзода: Ҷавонони охири солҳои ҳаштодум, ба назари ман, пеш аз ҳама, ташнаи дониш, озодии афкор ва имкони иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ буданд. Мо дар муҳити шуравӣ ба воя расида будем, вале фазои бозсозӣ ба мо имкон дод, ки саволҳои нав диҳем.

Яке аз чунин майдонҳо маҳфили сиёсии «Рӯ ба рӯ» буд. Мо кӯшиш мекардем муҳити муколама эҷод кунем: намояндагони мақомоти давлатӣ, олимон, ҷавонон, зиёиён ва дигар қишрҳои ҷомеа нишаста, масъалаҳои рӯзро муҳокима кунанд. Он таҷриба барои ман бисёр муҳим буд, зеро ман хуб дарк кардам, ки ҷомеа вақте солиму устувор мешавад, ки байни гурӯҳҳои гуногун роҳи гуфтугӯ вуҷуд дошта бошад.

Баъдтар ҳаракати «Растохез» ва дигар иттиҳодияҳо ба вуҷуд омаданд. Дар ибтидо ин равандҳо бештар нишонаи бедории сиёсӣ ва иҷтимоӣ буданд. Аммо бо шиддат гирифтани муборизаҳои сиёсӣ, заиф шудани ниҳодҳои давлатӣ ва амиқ шудани рақобатҳои гурӯҳӣ вазъ тағйир ёфт.

Оё эҳсоси буҳрон вуҷуд дошт? Бале. Аммо гуфтан, ки аз аввал ҳама медонистанд, ки кишвар ҳатман ба ҷанги шаҳрвандӣ мерасад, дуруст нест. Таърих ҳамеша дар назди инсон якчанд роҳ мегузорад. Фоҷиа дар он буд, ки мо дар як марҳала натавонистем роҳи созиш ва муколамаро ба қадри кофӣ устувор нигоҳ дорем.

Ҳодисаҳои февралии соли 1990 барои ман як ҳушдори хеле ҷиддӣ буданд. Онҳо нишон доданд, ки вақте овоза, тарс, нобоварӣ ва эҳсосоти сиёсӣ бо заъфи идоракунии давлатӣ омезиш меёбанд, ҷомеа метавонад дар муддати хеле кӯтоҳ ба ҳолати хатарнок ворид шавад.

Аз ҳамон вақт ман ба як ҳақиқати сиёсӣ бовар кардам: ҳар қадар муколама дертар оғоз шавад, нархи сулҳ ҳамон қадар гаронтар мешавад.

БАХШИ 2. СУХАНГӮИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

- 15 ноябри соли 1995, вақте ки кишвар ҳанӯз дар оташи ҷанги дохилӣ месӯхт ва эътимоди мардум ба иттилооти расмӣ заиф буд, Шумо, баъд аз сухангӯӣ дар Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ба маснади сухангӯи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудед. Дар шароите, ки ягон таҷрибаи қаблӣ ё сохтори тайёр мавҷуд набуд, хадамоти матбуотии Сарвари давлатро аз сифр чӣ гуна сохтед?

Зафар Сайидзода: Ин яке аз душвортарин марҳалаҳои фаъолияти касбии ман буд.

Дар чунин шароит котиби матбуотӣ танҳо шахсе нест, ки матни суханронӣ менависад ё ба журналистон посуху маълумот медиҳад. Ӯ дар байни давлат, роҳбари давлат, ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма қарор мегирад. Ҳар як калима метавонад паёмади сиёсӣ дошта бошад.

Мо амалан бояд низоми нави муносибатҳои иттилоотиро эҷод мекардем. Аввал бояд маълумоти боэътимод ҷамъ оварда мешуд, баъдан санҷида мешуд ва сипас ба шакле пешниҳод мегардид, ки ҳам дақиқ бошад ва ҳам ба манфиатҳои давлат зарар нарасонад.

Ман кӯшиш мекардам як меъёрро риоя кунам: иттилооти расмӣ набояд аз воқеият қафо монад. Агар ҷомеа маълумоти кофии дуруст нагирад, ҷойи холиро овоза, овозаҳои сиёсӣ ва иттилооти бардурӯғ пур мекунанд.

Дар солҳои ҷанги дохилӣ иҷрои ин вазифа махсусан душвор буд ва бидуни кафолати амнияти шахсӣ сурат мегирифт. Мо бояд ҳамзамон бо расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ кор мекардем. Ман бо бисёре аз журналистони россиягӣ ва хориҷӣ муносибати корӣ ва баъзан дӯстонаи хеле хуб доштам. Онҳо дар он солҳо дар Тоҷикистон кореро анҷом медоданд, ки барои фаҳмидани вазъу воқеияти кишвар муҳим буд.

Барои ман журналист одами номатлуб набуд. Журналист бояд маълумот гирад, савол диҳад ва ҳақиқатро ҷӯяд. Вазифаи котиби матбуотӣ бошад, фароҳам овардани имкони гирифтани иттилооти дуруст ва саривақтӣ буд.

- Рӯзноманигорони он давр ба хотир меоранд, ки дар давраи музокироти сулҳ ва баъд аз он Сарвари давлат ва Хадамоти матбуот дар соатҳои шаб ҳам кор мекарданд. Муҳимтарин ва ҳассостарин изҳороти матбуотие, ки шахсан худи Шумо дар он солҳо омода кардед ва тақдири сулҳро ҳал мекард, кадом буд?

Зафар Сайидзода: Ман намехоҳам як изҳоротро ҳамчун «ҳалкунандаи тақдири сулҳ» муаррифӣ кунам. Сулҳ бо як матн ба даст намеояд. Сулҳ натиҷаи моҳҳо ва солҳои музокира, гузашт, эътимодсозӣ ва қарорҳои сиёсии душвор аст.

Дар он солҳо ҳар як изҳорот аҳамият дошт. Мо бояд ҳар вожаю калимаро бодиққат интихоб мекардем. Як ибораи нодуруст метавонист мавқеи тарафҳоро сахттар кунад; як ишораи созанда бошад, метавонист фазои мусоид барои гуфтугӯ ба вуҷуд оварад.

Ман махсусан рӯзҳои пеш ва баъд аз вохӯриҳои муҳими роҳбарони ҷонибҳои даргирро хуб дар хотир дорам. Барои ман муҳимтарин вазифа ин буд, ки матни расмӣ эҳсосоти лаҳзавиро не, балки манфиати дарозмуддати давлатро ифода кунад.

Яке аз хотираҳои рамзии он давра барои ман Хостдеҳ аст. Он ҷо дар моҳи декабри соли 1996 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифин Сайид Абдулло Нурӣ ба таври мустақим ба якдигар рӯ ба рӯ нишастанд. Ман дар он мулоқот ҳамчун шахсе, ки бо кори иттилоотӣ ва ташрифотӣ алоқаманд буд, ҳузур доштам.

Муҳити он вохӯрӣ имрӯз аз назари мо қариб ғайриодӣ менамояд: шароити бисёр сода, печкаҳои ҳезумӣ, неруи барқ аз генератор ва хатари воқеии амниятӣ. Вале маҳз дар чунин шароит қарорҳое қабул шуданд, ки ба роҳи сулҳи Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ расонданд.

Ман аз он рӯз як худнависро ҳамчун ёдгории шахсӣ нигоҳ доштам. Бо ҳамин худнавис-авторучка Эмомалӣ Раҳмон, Сайид Абдулло Нурӣ ва намояндаи вижаи Сардабири Созмони Милали Муттаҳид Герд Дитрих Меррем ҳуҷҷатҳои мулоқотро имзо карданд. Барои ман он худнавис танҳо ашёи хотиравӣ нест; он рамзи он аст, ки баъзан дар таърих аз ҳама бештар ба як чиз ниёз мешавад — ҷуръати нишастан ва гуфтугӯ кардан бо ҷониби муқобил.

- Кор дар канори Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он давраи тақдирсоз ба Шумо чӣ омӯхт? Кадом хислати инсонӣ ё сиёсии Сарвари давлат дар он лаҳзаҳои буҳронӣ Шуморо бештар ба ҳайрат меовард?

Зафар Сайидзода: Кори наздик бо Роҳбари давлат, пеш аз ҳама, масъулияти бузург аст. Шумо бояд дарк кунед, ки ҳар калима, ҳар маълумот ва ҳар пешниҳоди шумо метавонад ба қабули қароре таъсир расонад.

Аз фаъолиятам дар дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ман, пеш аз ҳама, як хислатро хеле муҳим медонам — тобоварӣ ба фишори вазъият.

Дар солҳои вазнину хатарзо тасмимгирӣ кори осон нест. Вақте ҷони одамон, суботи давлат ва ояндаи миллат дар миён аст, эҳсосот метавонад ба инсон фишор оварад. Дар чунин ҳолат роҳбар бояд тавонад аз эҳсосот болотар истода, ҳадафи стратегиро бинад.

Хусусияти дигар таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба масъалаҳои амалӣ буд. Дар шароити буҳронӣ мардум, пеш аз ҳама, натиҷа мехоҳанд. Сухан муҳим аст, аммо мардум мехоҳанд амният, нон, кор, роҳ, мактаб ва дурнамои зиндагии осоишта дошта бошанд.

Барои ман яке аз дарсҳои муҳими он давра ҳамин буд: сиёсат танҳо санъати сухан гуфтан нест; сиёсат, пеш аз ҳама, санъати гирифтани масъулият барои тасмиму қарор аст.

БАХШИ 3. АМИТ «ХОВАР» ВА ДАВРАИ ГУЗАРИШ БА ИТТИЛООТИ РАҚАМӢ 

- Панҷ соли роҳбарии Шумо дар Агентии миллии иттилоотии «Ховар» ба давраи пайдоиш ва густариши интернет ва аввалин сомонаҳои хабарӣ дар Тоҷикистон рост омад. Чӣ гуна тавонистед хабаргузории анъанавии давлатиро ба як расонаи муосири рақамӣ ва рақобатпазир табдил диҳед?

Зафар Сайидзода: Он давра барои тамоми соҳаи иттилоот давраи инқилобӣ буд. Мо аз муҳити агентии классикии иттилоотӣ ба муҳити интернетӣ мегузаштем.

Ман бар ин назар будам, ки «Ховар» набояд рақиби рӯзномаҳо бошад; он бояд манбаи боэътимоди иттилоот барои ҳамаи расонаҳо гардад.

Аз ин рӯ, вазифаи аввал баланд бардоштани суръати паҳн кардани иттилоот буд. Вазифаи дуюм — баланд бардоштани сифати таҳрир. Вазифаи сеюм — ба вуҷуд овардани муҳити боби технологӣ барои кор бо интернет ва аудиторияи хориҷӣ.

Мо кӯшиш кардем, ки агентӣ на танҳо хабарҳои расмиро нашр кунад, балки рӯйдодҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва байналмилалиро низ ба таври васеъ инъикос намояд.

Имрӯз ин раванд оддӣ менамояд, вале дар ибтидои солҳои 2000 гузаштан аз модели анъанавии агентӣ ба муҳити рақамӣ кори осон набуд. Муҳимтарин сармоя ҳамоно инсон буд. Технологияҳо бе журналисти касбӣ хуб кор намекунанд.

- Дар он солҳо ҷанги иттилоотии беруна алайҳи Тоҷикистон хеле шадид буд. «Ховар» таҳти роҳбарии Шумо чӣ гуна тавонист дар ҷодаи ҳифзи амнияти иттилоотии кишвар саҳми шоиста гирад ва сиёсати расмиро ба ҷаҳониён дуруст муаррифӣ намояд?

Зафар Сайидзода: Ман истилоҳи «амнияти иттилоотӣ»-ро танҳо ҳамчун муқобила бо иттилооти беруна намефаҳмам. Амнияти иттилоотӣ, пеш аз ҳама, ба эътимод вобаста аст.

Агар иттилооти расмӣ деринтишор, нопурра ё нодуруст бошад, ҳатто беҳтарин сохтори таблиғотӣ ҳам наметавонад эътимодро нигоҳ дорад.

Аз ин рӯ, мо кӯшиш мекардем Тоҷикистонро ба ҷаҳон танҳо ҳамчун як кишвари дорои мушкилот нишон надиҳем. Ҷаҳон бояд медид, ки Тоҷикистон кишварест, ки пас аз ҷанги шаҳрвандӣ давлатсозӣ мекунад, иқтисоди худро барқарор месозад, муносибатҳои хориҷиро густариш медиҳад ва дар масъалаҳои минтақавӣ мавқеи худро шакл медиҳад.

Ман ҳамеша бар он будам, ки беҳтарин ҳимояи имиҷи давлат воқеияти мусбат ва иттилооти дақиқ аст. Агар воқеият хуб бошад, онро бояд ба таври касбӣ муаррифӣ кард; агар мушкил бошад, онро набояд бо пинҳонкорӣ рафъ кард — бояд роҳи ҳалли онро нишон дод.

БАХШИ 4. СИЁСАТИ ХОРИҶӢ ВА ДИПЛОМАТИЯИ «ДАРҲОИ БОЗ»

- Шумо солҳои зиёд ҳамчун мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ фаъолият намудед. Ин давраи гузариши Тоҷикистон аз як кишвари пасоҷангӣ ба як бозигари фаъоли байналмилалӣ буд. Нақши сохтори Шумо дар таҳлилу пешбурди контсепсияи «Сиёсати дарҳои боз» чӣ гуна буд?

Зафар Сайидзода: «Сиёсати дарҳои боз», пеш аз ҳама, посух ба воқеияти геополитикии Тоҷикистон буду ҳаст.

Тоҷикистон давлати миёна буда, кишвари бузурги дорои имконҳои номаҳдуд нест. Мо дар минтақаи хеле ҳассос қарор дорем, бо давлатҳои гуногун манфиатҳои муштарак ва баъзан фарқкунанда дорем ва ҳамзамон бояд манфиатҳои миллии худро дуруст ҳифз кунем.

Аз ин рӯ, барои мо муносибат бо як ё ду қудрат кофӣ буда наметавонад. Тоҷикистон бояд бо ҳамаи марказҳои муҳими сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон муносибатҳои мутавозин, эҳтиромона ва мутақобилан судманд дошта бошад.

Дар кори таҳлилӣ мо, пеш аз ҳама, ба як масъала таваҷҷуҳ мекардем: чӣ гуна Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар муҳити рақобати қудратҳо субъекти муносибатҳои байналмилалӣ боқӣ монад, на объекти онҳо гардад.

Ин талаб мекард, ки давлати мо муносибатҳои худро бо Россия, Чин, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Иёлоти Муттаҳида, кишварҳои Аврупо, ҷаҳони ислом ва дигар шарикон рушд диҳад.

«Дарҳои боз» ба маънои «бе дару девор» будани сиёсати хориҷӣ нест. Баръакс, маънои он омода будан ба ҳамкории созандаи бисёрҷанба дар ҳолати ҳифзу татбиқи манфиатҳои миллӣ мебошад.

- Дар ин давра муносибатҳои Тоҷикистон бо қудратҳои бузург ва ҳамсоякишварҳо шоҳиди таҳаввулоти зиёд гардиданд. Мураккабтарин парванда ё вазифаи геополитикӣ, ки ҳамчун мушовири калони Сарвари давлат бо он рӯбарӯ шудед, чӣ буд?

Зафар Сайидзода: Ман як масъалаи мушаххасро ҳамчун «мураккабтарин» ном бурдан намехоҳам, зеро дар сиёсати хориҷӣ бисёр масъалаҳо ба ҳамдигар пайвастаанд.

Аммо, дар маҷмуъ, мушкилтарин вазифа барои Тоҷикистон ҳамеша нигоҳ доштани тавозуни манфиатҳои миллӣ дар муҳити рақобати геополитикӣ буду ҳаст.

Мо бояд муносибатҳои стратегиро бо Россия инкишоф медодем, ҳамзамон шарикии иқтисодию сиёсиро бо Чин густариш медодем, бо Иёлоти Муттаҳида ва Аврупо ҳамкорӣ мекардем ва дар баробари ин муносибатҳои неки ҳамсоягиро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ нигоҳ медоштем.

Дар чунин шароит дипломат набояд бо мафҳуми «дӯст» ва «душман» сода муносибат кунад. Давлатҳо манфиат доранд. Манфиатҳо метавонанд дар як масъала мувофиқ ва дар масъалаи дигар гуногун бошанд.

Аз ин рӯ, дипломатияи оқилонаю ҳадафманд бояд эҳсосотро бисёр кам ва ҳисобу таҳлилро зиёд кунад.

БАХШИ 5. ДИПЛОМАТИЯИ АМАЛӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ КОНСУЛӢ ДАР ЕКАТЕРИНБУРГ

- 17 октябри соли 2019 Шумо аз мақоми мушовири Сарвари давлат ба кори дипломатии амалӣ — Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург — таъин шудед. Ин гузариш аз кори таҳлилии кабинетӣ ба кори мустақим бо ҳазорон муҳоҷир ва мушкилоти ҳаррӯзаи онҳо бароятон чӣ гуна буд?

Зафар Сайидзода: Ин гузариш барои ман хеле муҳим буд, зеро дипломатияро ба камина аз дидгоҳи дигар нишон дод.

Дар Душанбешаҳр ту бо кори баландпояи таҳлилӣ, омода намудани ҳуҷҷатҳои дипломатию стратегӣ ва мулоқотҳои байналмилалии сатҳи олӣ сари кор дорӣ. Дар Консулгарӣ бошад, дипломат одатан бо масъалаи як шаҳрванд рӯ ба рӯ мешавад: шиноснома, боздошт, садама, ҳуҷҷат, ҳуқуқи кӯдак, мушкили марбут ба корфармо, фавти ҳамватан ва ғайра.

Дар чунин вазъ инсон дарк мекунад, ки сиёсати хориҷӣ дар ниҳоят барои инсон аст.

Ман ҳамеша ба ҳамкоронам мегуфтам: барои шаҳрванд шеваи кори Консулгарӣ симои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Агар корманди консулӣ бо шаҳрванд дағал муносибат кунад, он инсон метавонад дар бораи тамоми давлат чунин тасаввури манфӣ пайдо кунад.

Аз ин рӯ, ман кӯшиш кардам, ки фаъолияти консулӣ то ҳадди имкон инсонмеҳвар бошад.

- Ҳавзаи консулии Шумо яке аз бузургтарин мавзеҳои муҳоҷирати тоҷикон аст. Дар ин панҷ сол барои тағйир додани симои муҳоҷири тоҷик ва рушди дипломатияи фарҳангиву иқтисодӣ чӣ корҳоеро анҷом додед, ки имрӯз бо онҳо фахр мекунед?

Зафар Сайидзода: Ман, пеш аз ҳама, аз он ифтихор мекунам, ки кӯшиш кардем образи муҳоҷири тоҷик танҳо ба мафҳуми «қувваи корӣ» маҳдуд нашавад.

Муҳоҷири тоҷик инчунин мутахассис, соҳибкор, омӯзгор, донишҷӯ, варзишгар, ҳунарманд ва намояндаи фарҳанги тоҷик мебошад.

Аз ин рӯ, мо ба баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, вохӯриҳо бо донишҷӯён, намояндагони соҳибкорон, зиёиён ва ҷомеаи тоҷикон таваҷҷуҳ мекардем. Мақсад ин буд, ки байни ҷомеаи тоҷикон ва ҷомеаю мақомоти давлатии маҳаллӣ муносиботи солим ва эҳтироми мутақобил ташаккул ёбад.

Дипломатияи фарҳангӣ барои мо на танҳо баргузории як чорабинии идона буд. Мо мехостем ба мардум нишон диҳем, ки тоҷикон соҳиби фарҳанги бойи қадимӣ, адабиёти оламшумули бузург, илми густурда ва анъанаҳои муосиру куҳани давлатдорӣ мебошанд.

Дар дипломатияи иқтисодӣ низ зарур буд, ки имконҳои ҳамкорӣ байни минтақаҳои Россия ва Тоҷикистон бештар шинохта ва истифода шаванд.

- Шароити ҳуқуқии муҳоҷирон дар Россия, махсусан дар солҳои охир, хеле мураккаб шуд. Ҳамчун Консули генералӣ дар ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони мо бо мақомоти Россия чӣ гуна забони муштарак меёфтед?

Зафар Сайидзода: Дар чунин масъалаҳо калиди асосӣ эҳтироми қонун ва эҳтироми шарики худ аст.

Мо ҳамеша аз мақомоти россиягӣ хоҳишу тақозо мекардем, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи қонунҳои Россия ва созишномаҳои байнидавлатӣ риоя шаванд. Аммо ҳамзамон ба шаҳрвандони худ низ мегуфтем: агар шумо дар кишвари дигар зиндагӣ мекунед, қонунҳои онро бояд донед ва риоя кунед.

Дипломатия набояд ба муқобила табдил ёбад. Вазифаи дипломат ин аст, ки ҳатто дар вазъи баҳсӣ роҳи ҳалли қобили қабул пайдо кунад.

Дар муносибот бо мақомоти Россия мо бештар ба муколамаи мустақим, ирсоли муроҷиатҳои расмӣ, кор бо мақомоти давлатии маҳаллӣ ва федералӣ ва ҳалли мушкилоти мушаххаси шаҳрвандон такя мекардем.

Барои ман як меъёр хеле муҳим буд: ҳар як шаҳрванде, ки ба Консулгарӣ муроҷиат мекунад, бояд эҳсос кунад, ки давлат ӯро танҳо бо мушкилаш нагузоштааст.

БАХШИ 6. БОЗГАШТ БА ИЛМ ВА НИГОҲ БА ГЕОПОЛИТИКАИ ИМРӮЗ

- Имрӯз Шумо ҳамчун мудири шуъбаи ИДМ дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ фаъолият доред. Бо назардошти вазъияти ниҳоят мураккаби геополитикии ҷаҳон, ояндаи ИДМ ва мавқеи Тоҷикистонро дар ин созмон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Зафар Сайидзода: ИДМ бояд аз нуқтаи назари эҳсосоту дидгоҳи солҳои аввали Истиқлол не, балки аз нуқтаи назари манфиатҳои воқеии давлатҳои аъзо арзёбӣ шавад.

Имрӯз ҷаҳон ба марҳалаи нави рақобати геополитикӣ ворид шудааст. Равандҳои ҷаҳонӣ тағйир ёфтаанд: марказҳои нави қудрат пайдо шудаанд, иқтисод бо ҷодаи амният сахттар пайваст шудааст, масъалаҳои муҳоҷират, энергетика, нақлиёт, об, терроризм, технологияҳои нав ва амнияти иттилоотӣ аҳамияти бештар пайдо кардаанд.

Дар чунин шароит Ҷумҳурии Тоҷикистон барои худ бояд манфиатҳои мушаххасро муайян кунад.

Ман ояндаи ИДМ-ро, пеш аз ҳама, дар соҳаҳое мебинам, ки ҳамкории амалӣ воқеан ба давлатҳои аъзо манфиат меоварад: иқтисод, нақлиёт, муҳоҷират, амният, маориф, фарҳанг, илм ва робитаҳои башардӯстона.

Давлати Тоҷикистон бояд дар доираи ИДМ фаъол бошад, вале сиёсати хориҷии худро танҳо бо ин чаҳорчӯба маҳдуд накунад. Ин аз ҳамон мантиқи сиёсати «дарҳои боз» бармеояд.

- Шумо муаллифи даҳҳо китобу корҳои илмӣ дар бораи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатдории миллӣ ҳастед. Агар ба тамоми ин осори илмӣ назар андозем, кадом хулосаи худро барои имрӯз ва ояндаи давлатдории тоҷикон ҳаётан муҳим меҳисобед?

Зафар Сайидзода: Агар тамоми осори илмии маро ба як хулоса овардан лозим бошад, ман чунин мегӯям: давлатдорӣ бидуни хотираи таърихӣ, бе ҳувияти миллӣ, ниҳодҳои қавӣ ва сиёсати оқилонаю мутавозини хориҷӣ устувор буда наметавонад.

Мо бояд ҳамзамон се чизро ҳифз кунем: давлати миллӣ, ваҳдати миллӣ ва манфиатҳои дарозмуддати миллат.

Миллатҳое, ки таърихи худро хуб намедонанд, ба осонӣ қурбонии нарративҳову тафсирҳои бегона мешаванд. Аммо жарф донистани таърих маънои зиндагӣ кардан дар гузашта нест. Баръакс, таърих бояд ба мо барои сохтани ояндаи неку бехатар хизмат кунад.

Давлатдории муосири тоҷикон бояд ба ҷаҳон боз бошад, вале решаҳои худро фаромӯш накунад. Мо бояд технологияҳо, донишҳо ва таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонро қабулу истифода кунем, аммо манфиатҳои миллии худро низ дақиқ донему татбиқ намоем.

БАХШИ 7. ХУЛОСА: ПАНДИ ЗИНДАГӢ

- Устоди азиз, Шумо соҳиби дараҷаҳои баланди илмӣ, рутбаҳои олии дипломатӣ — Фиристодаи фавқулода ва мухтор — ва мукофотҳои давлатию ҷамъиятӣ ҳастед. Вақте имрӯз ба ин рӯзгор ва ба паси сар нигоҳ мекунед, кадом орзую ормони сиёсӣ ё илмии худро комилан амалишуда мебинед ва оё чизе ҳаст, ки ҳанӯз фурсати анҷомашро наёфта бошед?

Зафар Сайидзода: Ман муваффақияти худро бо мансабу унвон чен намекунам. Мансаб мегузарад, унвон мемонад, вале баъдан он ҳам моли таърих мешавад. Барои инсон муҳимтар аз ҳама он мебошад, ки дар давраи дар ихтиёр доштани имконият чӣ хизмате ба ҷомеаю Ватани хеш кардааст.

Агар аз нигоҳи сиёсӣ гӯям, аз ҳама муҳимтарин орзуи ман дидани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, соҳибэътимод, дорои сулҳу субот ва ҷойгоҳи шоиста дар ҷомеаи байналмилалӣ буду ҳаст. Бисёр чизҳо дар ин самт ба даст омадаанд ва ман аз ин хушҳолам.

Аз ҷиҳати илмӣ бошад, ман ҳанӯз корҳои нотамом дорам. Илм кори беохир аст. Ҳар қадар бештар мехонию меомӯзӣ, ҳамон қадар бештар дарк мекунӣ, ки ҳанӯз чӣ қадар саволҳои беҷавоб вуҷуд доранд.

Ман мехоҳам таҳқиқи таърихи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дипломатияи муосири тоҷик ва таҷрибаи давлатдории навини кишварро идома диҳам. Барои ман муҳим аст, ки таҷрибаи насли мо танҳо дар хотираҳо боқӣ намонад, балки барои насли ҷавон ҳамчун маводи омӯзишӣ истифода шавад.

- Бузургтарин дарсе, ки зиндагӣ ба Шумо омӯхт, чист ва паёми асосии Шумо ба ҷавононе, ки имрӯз мехоҳанд роҳи сиёсат ва дипломатияро интихоб кунанд, кадом аст?

Зафар Сайидзода: Зиндагӣ ба ман сабақҳои зиёде дод, вале агар онҳоро ба якчанд ҷумла ҷамъ кунам, мегӯям: ба давлат хизмат карданро ҳамчун имтиёзот не, балки ҳамчун масъулият қабул кунед.

Сиёсат ҷойи худнамоӣ нест. Дипломатия низ майдони манфиатҳои шахсӣ нест. Инҳо соҳаҳое мебошанд, ки як иштибоҳи шахс метавонад ба манфиатҳои ҳазорон ё ҳатто миллионҳо одам таъсири манфӣ расонад.

Ба ҷавонон, пеш аз ҳама, дониш гирифтанро тавсия медиҳам. Забонҳои хориҷиро омӯзанд. Таърихро бихонанд. Ҳуқуқи байналмилалиро донанд. Фалсафа ва адабиётро низ фаромӯш накунанд. Чун дипломати хуб бо донистани танҳо қоидаҳои ташрифот маҳдуд намешавад, — ӯ инсон ва ҷомеаро хоҳад фаҳмид.

Дуюм, сабру шикебоӣ омӯзанд. Дар дипломатия бисёр чизҳо якбора ҳал намешаванд. Баъзан барои ба даст овардани як натиҷаи муҳим солҳои зиёд лозим мешавад.

Сеюм, аз мансаб мағрур нашаванд. Мансаб муваққатист. Ном ва кори неке, ки инсон баъд аз худ мегузорад, муҳимтару авлотар аст.

Ва аз ҳама муҳим, ба Ватан хизмат карданро аз манфиати шахсӣ боло гузоранд.

Ман дар ҳаёти худ инсонҳоеро дидам, ки мансабро барои худ ба таври фаровон истифода карданд ва баъд аз рафтанашон чизе судманд барои ҷомеа аз онҳо боқӣ намонд. Ва инсонҳоеро дидам, ки худро ба кори созанда бахшиданд ва баъд аз гузашти солҳо номи онҳо ҳамчун номи як устод, як хизматгузор ё як шахси неку ватандӯст дар хотирҳо монд.

Устоди ман аз овони кор дар дастгоҳи Кумитаи марказии созмони ҷавонони ҷумҳурӣ Рашид Қутбуддинович Олимов (ходими намоёни давлатӣ ва дипломатӣ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор) ба ман маҳз ҳаминро омӯхт: давлатдорӣ, пеш аз ҳама, мактаби масъулият аст.

Ман ҳамеша аз он ифтихор мекунам, ки дар оғози роҳи касбии худ дар чунин мактаб тарбия ёфтаам.

Агар имрӯз ба ҷавонон як ҷумлаи судовар гуфтан лозим бошад, ҳаминро мегӯям: “Ватанро бо сухан дӯст доштан осон аст; бо заҳмати ҳаррӯза, донишандӯзӣ, аз рӯи виҷдон ва садоқат ба Ватан хизмат кардан ин вазифаи ҳақиқии шаҳрвандӣ мебошад”.

ОХИРСУХАН

Мусоҳиба бо устод Зафар Сайидзода танҳо як сайри таърихӣ дар хати замони Истиқлоли Тоҷикистон набуд. Ин як дарси бузурги ҳаётиву сиёсӣ барои насли имрӯз ва оянда аст, ки нишон медиҳад, ки хизмат ба давлату миллат на имтиёз, балки масъулияти софдилона ва қурбониро талаб мекунад.

Муҳимтарин хулосае, ки аз ин суҳбати самимӣ бармеояд, он аст, ки ҳеҷ як давлат ва ҳеҷ як сулҳу суббот ба осонӣ ва бе заҳмат ба даст намеояд. Авторучкаи ҳифзшудаи таърихии соли 1996, ки устод дар бораи он ёд карданд, рамзи ҷуръати сиёсӣ, муколама ва созиш аст, ки маҳз ҳамин сифатҳо кишвари моро аз вартаи буҳрон ва ҷанги бародаркуш наҷот доданд.

Имрӯз, вақте ки ҷаҳон дар гирдоби рақобатҳои шадиди геополитикӣ қарор дорад, пандҳои сиёсӣ ва илмии ин дипломати барҷаста, махсусан даъвати эшон ба ҷавонон барои омӯзиши амиқи таърих, фалсафа ва ҳуқуқ, аз ҳарвақта бештар аҳамияти ҳаётиро касб мекунанд. Симои муҳоҷири тоҷикро на ҳамчун «қувваи корӣ», балки ҳамчун намояндаи фарҳанги куҳанбунёду муосир муаррифӣ намудан, худ ифодакунандаи дипломатияи воқеии инсонмеҳвар аст.

Мо ба уҳдадории шаҳрвандии худ ватанхоҳиро на танҳо бо сухан, балки бо амали ҳаррӯза исбот намоем, ҳамон гуна ки устод Зафар Сайидзода дар фарҷоми суҳбат таъкид карданд: «Ватанро бо сухан дӯст доштан осон аст; бо заҳмати ҳаррӯза, донишандӯзӣ, аз рӯи виҷдон ва садоқат ба Ватан хизмат кардан — ин вазифаи ҳақиқии шаҳрвандӣ мебошад».

Идораи сомонаи «Рӯзгор» ба муҳтарам Зафар Сайидзода барои ин суҳбати пурмазмун изҳори сипос намуда, дар фаъолиятҳои илмиву таҳқиқотии ояндаашон муваффақиятҳо хоҳон аст.

Ҷаҳонгири Султон, “Рӯзгор”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ