10:53:56 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 30 31

КУМАКИ ЗИДДИБУҲРОНӢ БА ТОҶИКИСТОН

Ҳайъати мудираи Бонки Осиёии Тавсеъа тахсиси маблағи 40 милюн дулор кумаки билоъивази ин бонк барои коҳиши паёмадҳои бӯҳрони молӣ ба Тоҷикистонро тасвиб кардааст.

Ба ин муносибат рӯзи сешанбеи 7 июл миёни Макото Оҷиро, раиси дафтари намояндагии Бонки Осиёии Тавсеъа дар Душанбе ва Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молия ё дороии Тоҷикистон, тавофуқномае барои тахсиси ин кумаки билоъива имзо шуд. Оқои Оҷиро кумаки ин созмони молии байналмилалиро барои пуштибонӣ аз барномаҳои иҷтимоъии давлати Тоҷикистон дар заминаи рафъи паёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ муҳим талаққӣ кард. Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон дар миёни кишварҳои минтақа асароти бештареро аз бӯҳрони ҷаҳонии молӣ мутаҳаммил шудааст.

Раиси дафтари намояндагии Бонки Осиёии Тавсеъа дар Душанбе таъкид кард, ки иқтисоди Тоҷикистон аз интиқоли маболиғи муҳоҷирони корӣ, бахши кишоварзӣ ва сармояи хориҷӣ вобастагӣ дорад ва бозгашти теъдоди зиёде аз муҳоҷирон аз Русия ва Қазоқистон ба коҳиши қобили мулоҳизаи ойидоти сокинон, хароҷотҳо ва даромадҳои давлатӣ мунҷар шудааст.

Ин дар ҳолест ки Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молия ё дороии Тоҷикистон, ин кумаки Бонки Осиёии Тавсеъаро барои иҷрои барномаи коҳиши фақр дар кишвар, ки бӯҳрони ҷаҳонии молӣ то андозае ба ин раванд асар гузоштааст, зарурӣ хонд.

Вай гуфт кумаки Бонки Осиёии Тавсеъа як иқдоми изтирорӣ буда ва барои пуштибонии мустақим аз буҷети давлати Тоҷикистон ироа шудааст ва имкон хоҳад дод, ки ниёзи табақаҳои қамбизоъат дар ин даврони мушкил бароварда шавад.

Ба ин тартиб, он гуна ки Сафаралӣ Наҷмиддинов гуфт, кумаки Бонки Осиёии Тавсеъа барои хароҷоти ҳифзи иҷтимоъӣ аз тариқи ҷудо кардани ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо барои муасисоти омӯзишу парвариш, беҳдошт ва таъмини иҷтимоъӣ, ҳамчунин маблағгузорӣ дар марказҳои бозомӯзии муҳоҷирон ва таъмини иштиғол барои онҳо ҳазина хоҳад шуд.

Шаффофияти истифода аз кумакҳо 

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки муҷрии аслии ин тарҳ вазорати молия ё дороӣ ва вазорати кор ва таъмини иҷтимоъӣ маҳсуб мешаванд, Бонки Осиёии Тавсеъа хостори истифодаи муассир ва оқилона аз ин кумак шудааст.

Макото Оҷиро, раиси дафтари намояндагии Бонки Осиёии Тавсеъа дар Душанбе, гуфт: “ Бонки Осиёии Тавсеъа ба шаффофият дар иҷрои тарҳҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон авлавият қоил аст. Зеро таҷрубаи ду соли ахир собит кард, ки дар заминаи истифода аз кумакҳои молии байналмилалӣ дар Тоҷикистон мушкилоте вуҷуд дорад. Умедворам вазорати молия дар заминаи дуруст ва самаранок истифода шудани маблағи кумак, мудирияти дуруст ва масъулият зоҳир хоҳад кард.”

Раиси дафтари намояндагии Бонки Осиёии Тавсеъа аз ихтилофи миёни Сандуқи Байналмилалии Пул ва давлати Тоҷикистон дар заминаи истифода аз эътибори молии 48-милюндулории ин созмон дар ду соли қабл ёдовар шуд ва гуфт, ки чунин бархӯрд мояи нигаронии Бонки Осиёии Тавсеъ низ ҳаст.

Ба ин далел, Макото Оҷиро ба вазорати молия пешниҳод кард, ки дар моҳи оянда ба манзури ошноӣ бо раванди иҷрои тарҳи кумаки билоъивази Бонки Осиёии Тавсеъа маъмуриятеро барои гурӯҳи муштараке аз мутахассисони бонк, вазорати молия ва хабарнигорон созмон бидиҳад.

Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, раиси дафтари Бонки Осиёии Тавсеъаро итминон дод, ки кумакҳои ин бонк ба таври муассир мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт ва мониторинг ё назорат бар наҳваи истифода аз ин маблағҳо дар маҳаллҳо сурат хоҳад гирифт.

Мизони кумакҳои созмонҳои молӣ

Зимнан, тибқи иттилоъи Вазорати молияи Тоҷикистон, дар соли ҷории милодӣ дар чорчӯби ёздаҳ тарҳ созмонҳои молии байналмилалӣ маблағи беш аз 163 милюн дулори омрикоӣ ба ин кишвар ихтисос додаанд.

Масъулони вазорати молия мегӯянд беш аз 60 милюн дулор аз ин маболиғ дар чорчӯби кумакҳои билоъиваз ба Тоҷикистон ихтисос дода шудааст. Дар ҳамин ҳол, Бонки Осиёии Тавсеъа мусаммам аст ба манзури иҷрои тарҳи бозсозии ҷоддаи утумубилрави Душанбе–марзи Қирғизистон то авохири моҳи ҷорӣ маблағи 20 милюн дулори дигар кумаки билоъиваз барои давлати Тоҷикистон ихтисос бидиҳад. Ҳамчунин масъулони дафтари ин бонк дар Душанбе гуфтанд, ки ин созмон дар ҳамкорӣ бо давлати Тоҷикистон дар садади таҳияи як барномаи дарозмуддати сесола аст, ки интизор меравад солона дар чорчӯби он маблағи беш аз 50 милюн дулор ба Тоҷикистон ихтисос дода шавад.

Бонки Осиёии Тавсеъа аз ҷумлаи созмонҳои молии байналмилалист, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар авоили соли 1998 милодӣ оғоз кардааст. Гузоришҳо ҳокист, ки ин бонк то кунун барои иҷрои тарҳҳои мухталиф дар иқтисоди Тоҷикистон маблағи 245 милюн дулор ҳазина кардааст.

Би-Би-Сӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi