19:13:53 05-уми Июли 2025 сол

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев

4 июл дар шаҳри Ханкендӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев суҳбати самимӣ доир намуданд.

1 muloqot 3265658745451Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Роҳбари кишвари мизбон барои пазироии самимӣ изҳори сипос карда, ба сатҳи тадорукотии ташкил намудани Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ баҳои баланд доданд.

Дар навбати худ муҳтарам Илҳом Алиев ба Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қабули даъват ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши баланди иқтисодӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Зимни суҳбат масоили густариши ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон ва рӯзномаи Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ муҳокима гардид.

www.president.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ