17:39:14 05-уми Июли 2025 сол

Мулоқот бо Роҳбари намояндагии JICA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имай Сэйдзю мулоқот анҷом дод.

3 muloqoti dujoniba 45896565Зимни муколама ҳамкориҳом Тоҷикистон бо Агентӣ дар соҳаи энергетика ва захираҳои об мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон, таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе равона гардид.

Зикр шуд, ки татбиқи лоиҳаи мазкур барои тақвияти устувории шабакаи энергетикӣ ва баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти барқ дар пойтахти кишвар аҳамияти муҳим дорад.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳким ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо иброз доштанд.

www.mewr.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ